НИЗОМИ КРЕДИТИИ ТАҲСИЛ ВА СИФАТИ ТАЪЛИМ

232

(Андешаҳо дар ҳошияи Паём)

Мусаллам аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди маорифи ватанӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро аз ҳадафҳои муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат қарор додааст. Чуноне ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Парлумони кишвар рӯзи 21 декабри соли 2021 изҳор доштанд, «бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф–сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.

Барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баланд ихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалин дараҷа зоҳир карда шавад. Бо ин мақсад, роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалин дараҷа диҳанд».

Пешвои миллат дар паёмҳои хеш ташаббус ва ибтикоротро бобати баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии махсусан наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар аз масъалаҳои ҳаётан зарур ва нахуст дараҷа меҳисобанд.

Таъкиду супоришҳои саривақтии Пешвои миллат дар назди аҳли илму маориф, донишмандон, мутахассисон ва муҳаққиқони соҳа вазифаҳои мушаххас гузошта, водор месозад, ки баҳри амалишавии дастуру вазифаҳои ин самт чораҳо ва тадбирҳои мушаххас андешида шавад ва дар иҷрои онҳо саҳми арзанда бояд гузошт.

Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсусан зарурати омӯзиш ва беҳтар ба роҳ мондани таълими забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, русиву англисиро дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ алоҳида қайд намуданд. Дар замоне, ки илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, бе дониши замонавӣ, бе касбу ҳунарҳои муосир ва бе донистани забонҳои хориҷӣ зиндагӣ кардан бисёр душвор мегардад.

Дастур ва супоришоти сарвари мамлакат дар мавриди комилан беҳтар шудани сатҳи донишандӯзии насли наврас ва ҷавонони муҳассил масъалаи ҷиддӣ буда, он муносибат ва ҷустуҷӯи роҳу равиши самараноки раванди таҳсилотро ба маърази муҳокима ва иҷро мегузорад. Пӯшида нест, ки дар замони муосир масъалаи баланд бардоштани сифати таълиму тадрис ва ташаккули қобилияти зеҳнӣ ва эҷодии донишҷӯёни макотиби олии Тоҷикистон дар шароити кунунии низоми кредитии таҳсил аз муҳимтарин омилҳои тайёр кардани мутахассисони варзида ва рақобатпазир дар бозори ҷаҳонии меҳнат пазируфта шудааст.

Проблемаи омода кардани кадрҳои болаёқат дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бидуни роҳандозии сифати баланди таҳсил, сафарбар шудани донишҷӯён ба кори фаъоли мустақилона ва дарёфти чораҳои рушди эҷодӣ ва зеҳнӣ тасаввурнопазир аст. Аз ин рӯ, вазифа аз он иборат аст, ки роҳҳои муассири расидан ба ин ҳадафи муҳим муайян ва роҳандозӣ гардад. Дар ин ҷода зарур аст, ки чанд нуктаи муҳим равшан ва мушаххас карда шавад. Аз ҷумла, мафҳуми “сифати таҳсилот”, нишондиҳандаҳои хоси сифати таҳсилот ва амсоли он.

Дар мавриди муваффақ шудан ба сифати таҳсилот, ки ба муносибат ва кӯшишу азамати ҳам омӯзгор ва ҳам донишҷӯ алоқамандии зич дорад, ба даст омадани натиҷаҳои хуби таълим ҳамчун нишондиҳандаи асосӣ арзёбӣ мегардад. Дар таркиби омилҳои пешбарандаи сифати таҳсилот, пеш аз ҳама, сатҳу дараҷаи дониш ва қобилияти фикриву эҷодии донишҷӯён мақоми хосро ишғол менамояд. Махсусан қобилият ва истеъдоди фикр кардан ва маҳсули онро рӯйнамо карда тавонистан аз салоҳият ва қобилияти донишҷӯ шаҳодат медиҳад ва дар ҷараёни таҳсил тавссути омӯзиши пайваста ва гаштаву баргашта хондану такрор кардан ба даст меояд.

Такмили низоми кредитӣ дар бахши тайёр кардани мутахассисони баландпоя ташаккули шахсияти эҷодкор ва тозакорро пешбинӣ менамояд ва татбиқи амалии онро ба миён мегузорад. Танҳо дар ин сурат мо метавонем барои дар амал ҷорӣ намудани дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани сифати таҳсилот ва тайёр кардани кадрҳои болаёқат дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ саҳми ҳақиқӣ гузорем.

Суол пайдо мешавад: оё баҳое, ки донишҷӯ дар шароити низоми кредитӣ ба даст меорад, ба сатҳи ҳақиқии донишу қудрат ва қобилияту тавоноии ӯ мувофиқати комил дорад? Оё дониши муҳассилин дар таҷрибаи амалӣ бо ҳам созгор ва мутаносиб шуда метавонад? Оё механизмҳои ҷории имтиҳонсупорӣ ва баҳогузорӣ пурра ҷавобгӯйи стандартҳои ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ шуда метавонанд? Оё қобилияти фикрронӣ, паҳнои эҷодии муҳассилин инъикоси донишҳои ҳосилшуда буда метавонад? Нақши омӯзгор ва истифодаи оқилонаи технологияҳои иттилоотӣ (барномаҳои компютерӣ) дар арзёбии сатҳи донишу тавонмандии шогирдон то чи андоза саҳмгузор аст? Табиист, ки чунин суолҳо хеле зиёданд ва ҳатто аксари устодони макотиби олӣ на ҳамеша аз бозёфт ва дониши баланду қобилияти шогирдон изҳори қаноатмандӣ мекунанд. Пас сабаб дар чист?

Замони ҷорӣ шудани низоми кредитӣ дар зинаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даврони навини истиқлолияти кишвари азизамон мувофиқ омад ва алъон зиёда аз 10 сол аст, ки он шакли асосии таълиму тадрис маҳсуб меёбад. Зарурат ва сабаби асосии дар фазои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ҷорӣ шудани низоми кредитии таҳсил бо ҳамгироӣ дар соҳаи маориф ва ба ҷараёни ҷаҳонишавӣ ворид шудани ҶТ (раванди Болония) робитаи қавӣ дорад.

Барои аҳли илм ва маорифи Тоҷикистон қабули раванди Болония падидаи комилан нав ва ҷадид буд. Дар бобати интихоби шаклу усулҳои таълими низоми кредитӣ то ҳол фикру андешаҳои мухталиф мавҷуд аст ва алъон низ натиҷаҳои дилхоҳ чандон ба чашм намерасад, то мутмаин бошем, ки ин тартиби аврупоии таҳсил босамар ва манфиатбахш аст. Ба ҳар ҳол ин низом қабул гардид ва кулли макотиби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи он фаъолият мебаранд.

Ба қавли муҳаққиқ ва коршиноси шинохтаи соҳаи маорифи ватанӣ Азимҷон Байзоев “пас аз ҷорӣ шудани ин низом дар тамоми муассисаҳои олии касбии Тоҷикистон баҳсу андешаҳо дар мавриди дурустиву нодурустӣ, самаранокиву нокомӣ ва ҳусну қубҳи низоми кредитӣ ҳамоно идома дорад. Ба назар чунин мерасад, ки мухолифони ин низом аз тарафдоронаш ба маротиб бештар ҳастанд. Аз ин рӯ, месазад, ки дар мавриди мушкилоти ҷойдошта, сабабҳои пайдо шудани ақидаҳои манфӣ роҷеъ ба низоми кредитӣ андеша ронем ва роҳҳои ҳалли ин мушкилотро баррасӣ намоем”.

Воқеан, низоми кредитӣ хусусиятҳои хоси худро дошта, дар сурати муносибати босалоҳият, нигоҳи касбӣ ва тафаккури интиқодиву эҷодӣ кори таълиму тарбияро осонтар мегардонад, масъулияти донишҷӯро афзун мегардонад ва ба кору таҳқиқ ва хоса барои ба фаъолияти мустақилона рӯй овардани ҷавонони муҳассил кумаки беназир мерасонад. Аз ҷумла, дар риштаи филологияи рус, ки омӯзгорони фанни забон ва адабиёти рус барои муассисаҳои таълимашон ба забони ғайрирусӣ омода карда мешаванд, низоми кредитӣ як силсила мушкилот ва проблемаҳоро мегузорад. Махсусан дар сурати ба мустақилона омӯхтан ва азбар кардани асарҳои забоншиносӣ, адабиёти бадеӣ, масъалаҳои методикаи таълими забони русӣ ҳамчун забони ғайримодарӣ рӯй наовардани донишҷӯён.

Дар низоми кредитии таҳсил одатан санҷишу имтиҳонот тариқи тест ва компютер сурат мегирад. Донишҷӯён имтиҳонотро ба қавле осонакак бо роҳу усули гуногуни дарёфти сарриштаи кор ҷамъбаст мекунанд. Дониш, маҳорат ва малакаи гуфтор, баён ва суханварии онҳо пинҳон мемонад ва маълум нест, ки чиро медонанд ва дар кадом ҳаҷму мазмуну сифат. Адабиёти бадеиро онҳое мехонанд, ки завқи филолог шудан доранд, аммо тоифаи зиёди муҳассилин аз китобхонӣ дуранд, зеро мушкилкушои онҳо ҳамон компютер ва баллҳои осмонӣ аст.

Таҳлили масъала собит месозад, ки дар татбиқи оқилонаи низоми кредитии таҳсил ҳиммату азамати бузурги инфиродӣ ва мустақиломӯзӣ лозим аст. Албатта онро чун як чизи карахт ва догма низ набояд қабул кард. Таҳлили моҳияти низоми кредитӣ фаъол ва пурзӯр гардонидани омӯзиш ва кори мустақилонаи донишҷӯро ба маърази муҳокима ва татбиқ мегузорад. Донишҷӯ пас аз шунидани лексияи устод тавассути адабиёти илмии пешниҳодшуда ба дарк ва вусъати масъалаҳои матраҳшуда замоне муваффақ пайдо мекунад, ки агар ба мустақилона афзун намудани дониши худ камар бандад. Чунин муносибати донишҷӯ роҳи васеъро дар мавриди эҷодкории ӯ мекушояд.

Албатта ҳар як низом, аз ҷумла, низоми кредитии таҳсил барои собит намудани асолат ва вазифаҳои хеш муддати муайяни рушд ва устувории хешро тақозо мекунад. Барои ин ҳама – аз омӯзгор сар карда, то муҳассилин, падару модар, ҷомеа бояд иштирок ва саҳм гузоранд.

Таҷрибаи мо шаҳодат медиҳад, ки аз низоми кредитӣ бештар шакли зоҳирии он ба назар мерасаду халос. Ин нуктаи назар чунин маъно дорад, ки шаклу усулҳои таълим тибқи барномаҳои кредитӣ тарҳрезӣ шудаанд ва гӯё мо интизорем, ки он худ ба худ ба баландшавии сатҳи донишу маҳорати амалии муҳассилин мусоидат менамояд. Аммо чӣ кор бояд кард, то ба гуфти бузургони сухан: “Илмат ба амал чу ёр гардад, Қадри ту яке ҳазор гардад”.

Бале, ҳама гуна донишомӯзӣ татбиқи амалиро дар назар дорад. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки санҷиши дониш ва маҳорату малакаи донишҷӯён дар шароити низоми кредитии таҳсил на танҳо тавассути саволҳои тестӣ, балки бо роҳи такмил ва рушди фаъолияти мустақилонаи муҳассилин (фаъолияти таҳқиқӣ), саволу ҷавобҳои шифоҳӣ, суҳбату муколамаҳо, иштирок дар озмунҳою конфронсҳои илмию амалӣ бо маърӯзаҳои рӯйбардоршуда нею бо бозёфтҳои хеш бояд арзёбӣ карда шавад. Чунин робитаи мутақобила байни азбаркунии дониш, ташаккули маҳорат, фаъолгардии мутахассиси оянда тавассути мустақилона амал кардан ва тавсеаи маҳорату малака ба баландшавии сифати таълим ва сатҳи тайёрии мутахассисон мусоидат хоҳад кард.

Дар замони муосири рушди таҳсилоти олии касбӣ, ки низоми кредитӣ доман паҳн кардааст, проблемаи фаъолияти мустақилона ва саъйу ҷаҳди шахсияти муҳассил (донишҷӯ) ба сатҳи баланди расидан ба ҳадаф ва матлабҳои омӯзиш қарор меёбад. Гап дар сари он аст, ки фаъолияти мустақилона на танҳо масъалаи муҳимми раванди таҳсил аст, балки яке аз роҳҳо ва шаклҳои рушди маърифатӣ-зеҳнии мутахассиси оянда мебошад.

Ин ҷо сухан аслан аз боби худмаърифатӣ, худомӯзӣ, худташаккулёбӣ дар шароити фаъолмандии мустақил ва ҷустуҷӯии донишҷӯ меравад. Аслан, технологияи кредитии таълим ҳамчун низоми таҳсилоти навгонӣ ба вусъатисатҳи худомӯзӣ ва худмаърифатии муҳассилин нигаронида шудааст. Дар ин раванд устод (омӯзгор) ташкилдиҳандаи фаъолияти маърифатӣ-зеҳнии шогирдон маҳсуб ёфта, пешрафти таҳсил аз ташкили мунтазам ва арзёбии кори мустақилонаи онҳо сарчашма мегирад.

Чунончи иштироки фаъоли хонандагон ва донишҷӯён дар озмуни«Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» маҳз туфайли мустақилона омӯхтани адабиёти бадеӣ, азбар кардани шеър ва осори адабии шоирону нависандагони барҷаста на танҳо ба вусъати завқу салиқа, балки дар тақвияти ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии наврасону ҷавонон, ташаккули завқи зебои парастии онҳо, пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз гардид. Яъне сухан доир ба ҳимат ва азамати хондан ва омӯхтан, хифз кардан ва собит намудани дониш ва маҳорату малака меравад.

Мақоми хос ва самарабахши кори мустақилонаи донишҷӯ дар он аст, ки тавассути он хусусият ва сифатҳои инфиродии ҳар як муҳассил, қобилияти фаъолмандӣ, тафаккури интиқодӣ, мантиқӣ ва зеҳнии ӯ равшан ва возеҳ зуҳур меёбад. Фаъолияти мустақили донишҷӯ имкон мебахшад, ки донишҳои ҳосилшудаи вай татбиқи амал пазиранд, дар шахсияти муҳассил хушкорӣ, муташаккилӣ, тартибу низом, масъулиятпарварӣ барин хислатҳои муфид парварида шавад. Дар маҷмӯъ ҳамаи ин гуфтаҳо омодагии комили донишҷӯро ба фаъолияти натиҷабахши касбӣ тайёр намуда, маҳорату малакаи баёни фикру мулоҳизоти хеш, ташаббускорӣ ва иштироки бевоситаи ӯро дар раванди кору пайкор таъмин месозад.

Ҳадафи асосии кори мустақилонаи донишҷӯ – соҳиб шудан ба донишҳои амиқ ва комил, маҳорати касбӣ ва малакаи фаъолмандӣ аз рӯйи ихтисоси интихобшуда мебошад. Дар раванди кори мустақилона донишҷӯ таҷрибаи эҷодӣ ва маҳорати ба кори таҳқиқотӣ ҷалб шуданро ба даст меорад. Дар ин марҳилаи пурарзиш донишҷӯ на танҳо барномаи муқарраршудаи таълимиро азбар мекунад, балки бештар ба ташаккули малакаҳои кори мустақилона ноил мегардад, таҷрибаи ба нақша даровардан ва иҷрои вазифаи тахассусии хешро ба даст меорад.

Зикр бояд кард, ки дараҷаи мустақилияти донишҷӯ дар табиати фаъолмандии ӯ дар самти манфиатнокии кӯшишу амалҳо буда, эҷодкорӣ ва хислатҳои пажӯҳишии шахсити муҳассилро инъикос месозад. Дар ин раванд муҳиммияти кор бо сарчашмаҳо ва китобҳои дарсию адабиёти илмӣ, конспектҳо, лексияҳои омӯзгор, таҷҳизоти мавҷуда аҳамияти махсус пайдо мекунад. Тафаҳҳум кардан ва хулоса баровардан аз унсурҳои ҷолиби фаъолияти мустақилона буда, ҳангоми омода шудан ба санҷиши даврагӣ ва имтиҳонот тавассути намоиш ва иҷрои супоришот, ҷавоб додан дар машғулиятҳои семинарӣ ва лабораторӣ, такя ба донишҳои назариявӣ ва масъалаҳои методӣ дар ҳамбастагӣ бо ҳар яке аз ин рукнҳо амалӣ мегардад.

Таҳқиқи асосҳои назариявии ташкили кори мустақилонаи донишҷӯён дар шароити низоми кредитии таҳсил имкон дод, ки дар доираи чӣ гуна ташаккул додани он андешаҳои хешро иброз намоем. Қаблан изҳор медорем, ки кор доир ба ташаккули маҳорати мустақилона омӯхтани маводи нави таълим ҳангоми машғулиятҳо дар синфхона шурӯъ мешавад. Ба муҳассилин дастур дода мешавад, ки маводи дар китоби дарсӣ мавҷудбударо мустақилона омӯхта бароянд. Дар ташкили ин қисмат омӯзгор бояд мутмаин бошад, ки донишҷӯён ба омӯзиши мустақилона омодаанд. Дар навбати худ, донишҷӯй низ омода бошад, ки ба донистану тавонистани кадом масъалаҳо муваффақ аст.

Тавассути мураттаб кардани супоришот, машқҳои шифоҳӣ ва хаттӣ ба омӯзгор зарур аст, ки заминаи мувофиқро дар робита бо таъмини кори мустақилонаи донишҷӯён омода намояд. Саволҳои махсус ва супоришҳое, ки донишҷӯёнро ба ҳадафҳои кори мустақилона раҳнамун месозад, пешакӣ ба тахтаи синф навишта мешавад ё ба воситаи экран намоиш мегардад. Дар сурати мавҷудияти саволҳо дар китоби дарсӣ ба омӯзгор зарур меояд, ки ба кадоми онҳо посух гуфтани донишҷӯёнро аниқ ва мушаххас гардонад. Саволҳое низ бояд матраҳ ва пешниҳод карда шаванд, ки дар китоби дарсӣ мавҷуд нестанд ва аз донишҷӯён фикр кардан ва ҷавоб гуфтанро тақозо мекунанд.

Зикр бояд кард, ки дараҷаи мустақилияти донишҷӯ дар табиати фаъолмандии ӯ дар самти манфиатнокии кӯшишу амалҳо буда, эҷодкорӣ ва хислатҳои пажӯҳишии шахсити муҳассилро инъикос месозад. Дар ин раванд муҳиммияти кор бо сарчашмаҳо ва китобҳои дарсию адабиёти илмӣ, конспектҳо, лексияҳои омӯзгор, таҷҳизоти мавҷуда ахамияти махсус пайдо мекунад. Тафаҳҳум кардан ва хулоса кардан аз унсурҳои ҷолиби фаъолияти мустақилона буда, он ҳангоми омода шудан ба санҷиши даврагӣ ва имтиҳонот тавассути намоиш ва иҷрои супоришот, ҷавоб додан дар машғулиятҳои семинарӣ ва лабораторӣ, такя ба донишҳои назариявӣ ва масъалаҳои методӣ дар ҳамбастагӣ бо ҳар яке аз ин рукнҳо амалӣ мегардад.

Таҳқиқи асосҳои назариявии ташкили кори мустақилонаи донишҷӯён дар шароити низоми кредитии таҳсил имкон дод, ки дар доираи чӣ гуна ташаккул додани он андешаҳои хешро иброз намоем. Қаблан изҳор медорем, ки кор доир ба ташаккули маҳорати мустақилона омӯхтани маводи нави таълим ҳангоми машғулиятҳо дар синфхона шурӯъ мешавад. Ба муҳассилин дастур дода мешавад, ки маводи дар китоби дарсӣ мавҷудбударо мустақилона омӯхта бароянд. Дар ташкили ин қисмат омӯзгор бояд мутмаин бошад, ки донишҷӯён ба омӯзиши мустақилона омодаанд. Дар навбати худ, донишҷӯй низ омода бошад, ки ба донистану тавонистани кадом масъалаҳо муваффақ аст.

Ҳамин тариқ, истифодаи васеъ аз роҳу усулҳои пешниҳодшуда дар мавриди кори мустақилонаи босифат, ки муҳассилинро ба фаъолияти фикрӣ ва амаливу эҷодӣ талқин месозад, дар роҳи такмил ва рушди сифатҳои зеҳнӣ ва донишандӯзии пайвастаи онҳо мусоидат мекунад. Таҳқиқот мазкур аҳамияти пайваста ба роҳ мондан, такмид додан ва таҳкими роҳу усули кори мустақилонаи донишҷӯёнро аз масъалаҳои асосии омода кардани кадрҳои баландихтисосӣ омӯзгорӣ дар шароити низоми кредитии таҳсил дар макотиби олӣ меҳисобад.

Асосҳои илмӣ-назариявии рушди фаъолияти мустақилонаи донишҷӯён – омӯзгорони оянда дар робита ба ташаккули маҳорат ва малакаҳои эҷодӣ дар шароити низоми кредитии таҳсил сурат мегирад. Сухан доир ба ташаккули фаъолияти донишҷӯ – омӯзгори оянда меравад ва равшан бояд кард, ки омӯзгори замони муосир чӣ гуна бояд бошад, ба рушди ҷузъҳои таркибии фаъолияти касбии педагог кадом омилҳо нақш мебозанд ва муносибати эҷодии омӯзгор чӣ гуна бояд роҳандозӣ гардад. Феълан тазаккур медиҳем, ки омӯзгори муосир дар заминаи ҳосил шудани донишҳои амиқи психологию педагогӣ бо такя ба ҷанбаҳои муҳимми ташаккули шахсият метавонад ба ҳалли масъалаҳои гуногуни таълиму тадрис ноил гардад.

Аз таҳлили адабиёти илмӣ бармеояд, ки зарурати сифатан омодасозии донишҷӯён – омӯзгорони оянда ба фаъолияти мустақилона чун рукни ташаккули қобилияти эҷодӣ муҳим арзёбӣ гардида, дар шароити низоми кредии таҳсил бозёфти роҳу василаҳои роҳандозии онро омили боэътимоди таълим ва тайёр кардани кадрҳои педагогӣ мешуморад.

Маҳз дарки донишу маърифат бо роҳи фаъолияти мустақилона ба ташаккули комили муносибати эҷодии донишҷӯ – омӯзгори оянда роҳ мекушояд. Ба ибораи дигар раванди таълим ва омӯзиш ягонагӣ ва маҷмӯи роҳу василаи дарк кардан, фаҳмидан, дар ёд нигоҳ доштан ва мустаҳкам кардану ҳосил шудани маҷмӯи донишҳоро таъмин месозад. Дар ин самт фаъолияти эҷодӣ ва эҷодкорӣ дар заминаи мустаҳкам ва амиқи дониш, фаҳмиш ва амалкард густариш меёбад.

Аз андешаҳои боло бармеояд, ки мафҳуми “фаъолияти мустақил”-и донишҷӯ дар шароити кредитии таҳсил бо ду мафҳум – ҳам фаъолияти маърифатӣ-зеҳнӣ ва ҳам фаъолияти эҷодӣ робитаи қавӣ дорад. Агар ҳини раванди таълим донишҷӯ ба маълумоти тайёри аз ҷониби омӯзгор пешниҳодшуда бештар такя кунад, пас дар вазъи амали мустақилона донишандӯзӣ табиати комилан фарох ва пурмазмун пайдо мекунад ва ташаккули малакаҳои эҷодкорӣ ва пажӯҳишии омӯзгори ояндаро вусъат мебахшад. Муҳаққиқон ба сари ақидаанд, ки фаъолияти мустақили маърифатӣ-зеҳнии донишҷӯ дар шароити низоми кредитии таҳсил ба рушди амалиёти фикрӣ ва эҷодии ӯ, салоҳиятмандӣ, худомӯзӣ ва худтакмилёбӣ роҳ мекушояд.

Маҳз ишқи омӯзиш, муҳаббат ба илму ҳунаромӯзии комил, парвози афкори баландмазмун ва пажӯҳишҳо ба вусъъати истеъдод ва қобилияти эҷодӣ роҳи васеъ мекушояд. Омӯзиш сӯи матлаб ва ҷониби кушоиш мебарад ва қалиди қуфл дар дасти ҳамонест, ки ӯ қудрати даркушоӣ дорад, на дарбандӣ.

Дар шароити низоми кредитии таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти касбии олии самти педагогӣ кори мустақилонаи донишҷӯён ба тарзи фаъоли кори эҷодии муҳассилин табдил меёбад. Айни замон талабот ба донишҷӯёни ташаббускор ва мустақил, ки ба шароити нави таълиму омӯзиш тариқи нав ворид мешаванд, мутобиқшавии мувофиқи онҳоро ба миён мегузорад. Талабот на танҳо ба омодасозии назариявии донишҷӯён ҳамчун омӯзгорони ояндаи соҳибихтисос, балки дар самти ташаккули маҳорат ва малакаҳои фикрию эҷодии онҳо афзун мегардонад ва имкониятро барои мустақилона азхудкунии касби пешакардаи худ, ташаккули тафаккури интиқодӣ, изҳор ва дифои ақидаҳо, эътиқод ва итминон ва амсоли онро дар раванди низоми кредитии таҳсилот таҳким мебахшад.

Табиати кори мустақилона аз мавҷудияти унсурҳои истеъдод, қобилият ва фаъолияти эҷодӣ сарчашма мегирад, ки дар таъмину татбиқи он мақоми тафаккури мантиқии донишҷӯ басо муҳим мебошад. Инсонҳое, ки чунин намуди тафаккурро соҳибанд, дар кушодан ва баёни ин ё он масъалаи проблемавӣ кӯшиш ва рағбати худро ба дарёфти ягона роҳи ҳали он равона намекунанд. Онҳо бештар ҳали масъаларо бо роҳу равиши ҳамагунаи имконпазир ва пайдо кардани вариантҳои гуногун ба анҷом мерасонанд. Чунин тоифа қудрати ҳал ва эҷоди роҳҳои мухталифи масъаларо пеш гирифта, робитаи мутақобилаи натиҷаҳои ба дастомадаро муқоиса ва матраҳ мекунанд. Ин навъи мавҷудаи қобилият дар заминаи пажуҳиш ва иҷрои мустақилонаи масъала ба вуқӯъ меояд ва дар пояи тафаккури мантиқӣ ва эҷодӣ рушд ва арзи амал мекунад.

Асосҳо ва принсипҳои ташкили фаъолияти мустақили донишҷӯёни риштаи педагогиро мавриди таҳлили илмӣ қарор дода, ғояи муҳим ва пурарзиш будани онро дар партави рушди касбӣ ва такмили роҳу равиши донишандӯзӣ дар заминаи ташаккули маҳорат ва қобилияти эҷодӣ зикр менамоем. Барҳақ ин сифатҳои баргузидаи шахсияти донишҷӯ – омӯзгори оянда ба худомӯзӣ, худтакмилёбӣ ва худташаккулёбии муҳассилин дар раванди вусъати миқдор ва сифати иттилооти соҳавӣ такони бузург бахшида, ба равнақ ва пешрафти ӯ мусоидат менамояд.

Ҳамин тариқ, баланд бардоштани сифати таълим дар шароити низоми кредитии таҳсил мушкилот ва роҳҳои ҳали худро дорад. Аз ҷумла, рушди фаъолияти мустақили донишҷӯ, ташаккули қобилияти эҷодӣ аз дарку татбиқи маҷмӯи масъалаҳои зикршуда вобаста буда, дар ҳамбастагӣ бо риояи принсипҳо, меъёрҳо ва асосҳои илмӣ-методии ташкил ва гузаронидани он амалӣ мегардад. Таҳлили амиқи назариявии проблема собит кард, ки сохтори рушди фаъолияти мустақили муҳассилин дар шароити кредитии таҳсил бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим ҳадаф ва вазифаҳо, қонуният ва тазодҳо, принсипҳо ва методҳо, шаклу намудҳои роҳандозии хосро дар партави гуфтаҳои боло дарбар мегирад.

Неъматов С.Э., профессор Муҳаметов Ғ.Б., профессор