Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст.
Эмомалӣ Раҳмон
Ҳамасола чун анъана дар моҳи апрел дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо баргузории Конференсияи илмию назариявии ҳайати устодону кормандон, докторантону магистрантон ва донишҷӯён – «Ҳафтаи илм» баргузор мегардад, ки дар он мавзуъҳои мубрами рӯз баррасӣ мешаванд. Конференсияи имсола ба ҷашни муҳимми миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, ҳамчун як платформаи муҳимми илмӣ барои баррасии дастовардҳо ва дурнамои рушди илму маориф муҳим арзёбӣ мегардад.
Имрӯз (14.04.2026) қисмати ифтитоҳии конференсияи умумидонишгоҳии илмию назариявӣ бо садо додани Суруди миллӣ ва иштироки ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Насриддинзода Э.С. ва меҳмонон аз сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ: Қувватзода Сайдулло, мудири бахши илму маорифи Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмонзода Аҳмадҷон, сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуллозода Рамазон, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ доир шуд.
Зимнан ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. таъкид дошт, ки Истиқлоли давлатӣ ҳамчун арзиши олӣ ва дастоварди бузурги таърихӣ барои рушди ҳамаҷонибаи кишвар заминаи мусоид фароҳам овардааст. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: «Истиқлолу озодӣ барои мардуми Тоҷикистон гаронтарин неъмат ва пурқиматтарин сарвати зиндагӣ мебошад. Зеро ин падидаи нодири таърихӣ ба мо барои бунёди давлати мустақил, ҷомеаи озод ва мутамаддину пешрафта, эҳёи воқеии забон, таърих, фарҳанг ва дигар суннату арзишҳои чандинҳазорсолаи миллӣ имконият фароҳам овард».
Дар ин замина, саҳми ҷомеаи илмӣ, бахусус устодону муҳаққиқони Донишгоҳ, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва тарбияи насли донишманду ватандӯст назаррас арзёбӣ шуд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ илм ва технология ба унсури асосии пешрафти ҷомеа табдил ёфта, Донишгоҳ ҳамчун маркази муҳимми илм ва маориф вазифадор аст, ки таҳқиқоти илмиро рушд дода, мутахассисони рақобатпазир омода намояд.
Дар идомаи суханронӣ аз заминаҳои ҳуқуқӣ ва таъкидҳои Пешвои миллат дар самти рушди илму маориф ёдовар шуда, дастгирии олимони ҷавон, рушди мактабҳои илмӣ, ҷалби донишҷӯён ба фаъолияти тадқиқотӣ ва ташаккули муҳити инноватсионӣ ҳамчун яке аз вазифаҳои муҳимтарин арзёбӣ гардид.
Дар зимн меҳмонон доир ба пешбурди корҳои илмию инноватсионӣ дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат суханронӣ намуда, беҳтар намудани низоми илмию таълимӣ дар зинаҳои гуногуни таҳсилот, таҳкими пайванди илм бо истеҳсолот ва муаррифии дастовардҳои илмии ватанӣ дар хориҷи кишварро аз ҷумлаи талаботи замон арзёбӣ карданд. Ҳамзамон, анҷом додани таҳқиқоти бунёдӣ ва инноватсионӣ низ яке аз самтҳои афзалиятнок таъкид гардид.
Сипас, дар ифтитоҳи конференсия маърӯзаҳои доктори илмҳои филологӣ, профессор, декани факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сироҷиддини Эмомалӣ “Абулқосим Фирдавсӣ дар эҷодиёти Сотим Улуғзода”, номзади илмҳои физикаю математика, дотсент, мудири кафедраи моделсозии математикӣ ва компютерии факултети механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ғаффорзода Алишер Бобобек “Зеҳни сунъӣ ҳамчун омили калидии рушди устувори соҳаи маориф ва идоракунии давлатӣ” ва номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷии факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Умаров Абдуллохоҷа Қурбонхоҷаевич “Рушиди илму маориф дар 35-соли Истиқлоли Тоҷикистон” шунида шуданд.
Таъкид менамоем, ки дар доираи “Ҳафтаи илм” баргузории 2760 маърӯза дар 233 бахш ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, 1258 маърӯзаи устодону кормандон ва 1502 маърӯзаи донишҷӯён дар бахшҳои гуногуни илмӣ пешниҳод мегарданд.
Конференсияи илмию назариявии «Ҳафтаи илм» аз имрӯз оғоз гардида, то 20-уми апрел идома хоҳад ёфт. Интизор меравад, ки натиҷаҳои он барои рушди минбаъдаи илму маориф ва таҳкими иқтидори илмии кишвар саҳми арзанда мегузорад.
Ёдовар мешавем, ки кори конференсия дар факултетҳо ва дигар сохторҳои Донишгоҳ идома дорад.













