• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 102
Табрикоти ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба муносибати 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ  Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз! 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро барои ҳар яки Шумо самимона табрик мегӯям. Имсол барои ҷомеаи соҳибистиқлоли мо соли таърихист. Зеро дар ин сол мо 25-умин...
Имрӯз (25.06.2022) ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ҷиҳати огоҳ шудан аз рафти таҷрибаомӯзии донишҷӯён аз Пойгоҳи таълимӣ-таҷрибаомӯзии Такоб, ки дар ноҳияи Варзоб ҷойгир аст, боздид намуд. Дар зимн аз шароити маишии донишҷӯён ва ҷараёни таҷрибаомӯзии онҳо боздид ва ҳолпурсӣ намуда, бо донишҷӯён ва масъулини донишгоҳ вохӯрии судманд анҷом доданд. Гуфта мешавад, ки дар...
Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар мавриди мазмуну муҳтаво ва роҳу равиши инъикоси мавод дар ВАО баъзе тағйиру такомулот сурат гирифтааст. Таваҷҷуҳи бештар ба бедории завқ ва такмили андешаи созанда, худогоҳиву худшиносӣ ва ахлоқу маънавият дода шудааст. Ҳадафи асосии рӯзноманигорон маводу матолиби хонданӣ ба ҳайси ғизо барои тафаккур қарор гирифт. Аз ин лиҳоз, тарбия намудани рӯзноманигорони ватандӯсту хушсалиқа,...
Воқеан, боиси ифтихор ва сарфарозист, ки таҳти роҳбарии хирадмандона ва сиёсати созандаю бунёркоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўз устувории Ваҳдати миллӣ таҳким ёфта, халқи Ватани азизамон, ки дорои таърихи чандинҳазорсола ва анъанаҳои фарҳангии бостонӣ мебошад, ба фардои рўзгори худ ва ояндаи ободу осудаи кишварамон дилпурона...
Дар таърихи давлату давлатдории худ ҳар як миллат марҳилаҳоеро сипарӣ менамояд, ки дар он ноил шудан ба мувозинати доимӣ ва муносибати якнавохти ҳамаи қишру табақаҳо роҷеъ ба масъалаи ягонагӣ, якпорчагӣ ва ҳамбастагии байни воҳидҳои маъмурӣ на ҳама вақт муяссар мешавад. Халалдор шудани ваҳдат ҳеҷ гоҳ ба шумораи аҳолӣ ва ҳудуди марзии давлату миллат иртиботе надорад. Дар сурати...
Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳаммулпазирии миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Ваҳдат мафҳумест, ки ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, муттаҳидӣ ва ҳамбастагиро фаро гирифта, тамоми пешравию дигаргуниҳои кишвар маҳз самараи он аст. Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозанда ба тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам...
Бо чунин унвон дирӯз бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар толори Анфитеатри Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабинии илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ ва сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. оғоз ёфт. Ректори донишгоҳ ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни таърихӣ муборакбод намуда, изҳор...
Дар вохӯрии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода К.Х. бо устодону кормандони факултети филологияи рус масъалаҳои муҳимми фаъолияти факултет мавриди баррасӣ карор гирифт. Зимнан таъкид шуд, ки дар факултети филологияи рус як қадор мушкилиҳо дида мешавад, ки ҳалли онҳо аз ҷониби масъулини факултет масъулияти баландро талаб менамояд. Нашри мақаолаҳои илмии дар маҷаллаҳои тақризшаванда, иштироки устодону...
Ҳамасола рўзи 27-уми июн рўзи Ваҳдати миллӣ қайд карда мешавад. Ба ҳамагон маълум аст, ки соли 1997 ба хотири тинҷию оромӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ байни намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони гурўҳҳои мухолифин ҳуҷҷати расмии мусолиҳаи миллӣ ба имзо расид. Ҷонибҳо уҳдадор шуданд, ки баҳри тинҷию оромӣ ва ягонагии миллӣ ба ҷанги...
Барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони Истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва...

Эълонҳо