• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 103
Имрӯз дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Дониш»-и донишгоҳ дар соли 2022 ва вазифагузорӣ барои соли 2023 ҷаласаи васеъ баргузор гардид. Дар ҷаласа Мирзозода И. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Каримзода Н. - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва ҳайати устодону...
Муқаддима          Дар таърихи навтарини миллати тоҷик Паёми Роҳбари давлат – маҷмуи таҳлил, арзёбӣ, як навъ ҳисобот, инчунин, натиҷагирӣ аз фаъолияти ҳукумат ва дар ин асос, ироаи тасмимҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва нақшаҳои ҳаётан муҳимми мақомоти олии мамлакат   мебошад. Нуқтаи архимедӣ - такягоҳии ҳуҷҷат баҳогузории кори ҳукумат дар соҳаи иқтисод...
Имрӯз ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо директори Ширкати «Макромайн» дар Осиёи Марказӣ Жасхан Байров, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҶТ Оймуҳаммадзода Илҳом Султон ва намояндаи ширкати мазкур Умед Мансуров вохӯрӣ намуда, дар самти мустаҳкам намудани ҳамкориҳои дуҷониба дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи геология табодули афкор намуданд. Дар аввал Ректори донишгоҳ оид ба...
Имрӯз (17.01.2023) ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар партавии сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиаҳти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» бо донишҷӯёни курси аввали шакли таҳси фосилавӣ дар толори калони шаҳраки донишҷӯён вохӯрӣ намуд.  Зикр гардид, ки...
Рисолати муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар баробари таълиму тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнат, инчунин, омода намудани кадрҳои илмӣ – педагогӣ мебошад. Вобаста ба ин рисолат ва масъулияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба сифати донишгоҳи рақами яки ҷумҳурӣ дар самти омода намудани кадрҳо бештар аз ҳар муассисаи дигар аст. Воқеан, Донишгоҳи миллӣ...
Дирӯз дар Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсий чорабининии хотирмон бахшида ба ҷамъбасти нимсолаи аввали соли хониш доир гардида, хонандагони фаъол қадрдонӣ шуданд. Зимнан таъкид шуд, ки Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ибтидои таъсисёбӣ дар мустаҳкам намудани фарҳанги бойи Чин ва Тоҷикистон, рушди забони чинӣ нақши назаррас гузошта истодааст. Тули 14 соли...
Тибқи нақшаи чорабиниҳои раёсати ДМТ ва дастуру супоришҳои роҳбарияти донишгоҳ курси таълимии «Сарварон (лидерҳо)-и сиёсӣ» дар толори Шурои олимони донишгоҳ бо иштироки раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Неъматзода Маликшо дар сатҳи баланд баргузор гардид.  Нахуст Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода дар робита ба муҳиммияти баргузории...
Имрӯз дар заминаи баргузории машғулиятҳои тарбиявии "Сарварони сиёсӣ" роҳбарияти донишгоҳ ва зумрае аз устодону кормандони донишгоҳ бо медалу ифтихорномаҳои роҳбарияти Иттифоқи касабаи ҷумҳурӣ қадрдонӣ шуданд. Ибтидо раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ Неъматзода Маликшо ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо медали "Барои шарики иҷтимоӣ", муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Собирзода Н.М., ёвари...
Самиҳов Шонаврўз Раҳимович-доктори илмҳои техникӣ, профессор, мудири кафедраи технологияи истеҳсолоти химиявии факултети химияи ДМТ аз ҷониби Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси узви пайваста итихоб гардид. Самиҳов Ш.Р. муаллифи 4 китоби дарсӣ, 9 воситаи таълимӣ, 3 монография, зиёда аз 260 мақолаву фишурдаи мақолаҳои илмӣ, 11 ихтироот мебошад. Аз соли 2019 узви вобастаи Академияи муҳандисии...

Эълонҳо