• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 104
Имрӯз (17.06.2022) намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор таҳти роҳбарии муовини директори департаменти давлатҳои Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ Субир Лалл ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо устодону донишҷӯёни донишгоҳ вохӯрӣ намуданд. Ҳайати меҳмононро (Метю Гертнер – роҳбари дафтари Хазинаи Байналмилалии Асъор дар Тоҷикистон, Наиля...
Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо сафири Ҷумҳурии Индонезия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Моҳаммад Фаҷрол Раҳман вохӯрӣ анҷом дод. Дар мулоқот робитаҳои илмӣ, эҷодӣ ва омӯзишии ДМТ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Индонезия баррасӣ гардид. Дар оғози суҳбат Хушвахтзода Қ.Х. меҳмони олиқадро бо таърихи донишгоҳ, сохтор ва ҳайати устодону кормандон, вазъи кунунии таълиму тадрис,...
(Саҳми профессор Ҳ.Маҷидов дар рушди забон)  Имрӯз (15.06.2022) дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахши илми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии ректори муҳтарами донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таҳти унвони «Рушди забони адабии тоҷикӣ дар замони Истиқлол: мушкилот ва дурнамо» бахшида ба 85-солагии доктори илмҳои филология, профессор Ҳомид Маҷидов конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид.
Имрӯз (14.06.2022) дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва барқарор гардидани равобити дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА сафири ИМА дар Тоҷикистон Чон Марк Поммершим ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, бо устодону донишҷӯёни донишгоҳ мулоқот намуд. Дар оғоз ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар робита ба ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Донишгоҳи миллӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои...
Имрӯз (13.06.2022) муовини сафири шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳ Сабр ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, бо ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. вохӯрӣ намуд. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо дар самти рушд бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба дар самти табодули устодону донишҷӯён ва тақвият додани раванди забономӯзӣ суханронӣ намуданд. Зимнан гуфта шуд, ки Донишгоҳи миллӣ омодааст бо...
Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва бо дастгирии ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. муовини ректори донишгоҳ оид ба робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Мирзамонзода Х.М. ҷиҳати иштирок дар Шурои XV конгресси ҳуқуқии Аврупову Осиё: «Байналмилалигардонии илм ва таълими ҳуқуқӣ» ба Федератсияи Русия сафар намуд. Шурои XV конгресси ҳуқуқии Аврупову Осиё дар сохторҳои мухталифи...
Имрӯз (09.06.2022) баъди ба истифода додани бинои хобгоҳи хизматӣ барои омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ифтитоҳи бинои навбунёди Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди донишгоҳ дар заминаи барномаи фарҳангии маҷмӯи чорабиниҳои мазкур аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зиёда аз 100 нафар ятимони кулл ва маъюбони...
Имрӯз (09.06.2022) баъди ба истифода додани бинои хобгоҳи хизматӣ барои омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки меҳмонон: муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, Раиси кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Содиқӣ Насиба Нуруллозода, муовини Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ, ҳамзамон, сафири фавқулода ва мухтори...
Субҳи имрӯз (09.06.2022) дар доираи иқдомҳои иҷтимоии роҳбарияти давлат бо иштироки намояндагони сохторҳои марбутаи ҷумҳурӣ хобгоҳи №1-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар кӯчаи Нахимова 64/10-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷойгир аст, баъд аз таъмири капиталӣ барои 30 нафар омӯзгор ва корманди ҷавони донишгоҳ ҳамчун манзили истиқоматии хизматӣ супорида шуд. Дар маросими супоридани хонаҳои истиқоматӣ...
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо чанде аз донишгоҳҳои Ҷумҳурии Қазоқистон равобити судманд дорад, ки рӯз то рӯз дар самтҳои мухталиф ҳамкориҳо густариш меёбанд. Донишгоҳи техникии Қазоқистони Шарқӣ ба номи Д.Серикбаев аз ҷумлаи онҳо мебошад, ки имрӯз равобити ҳамкориҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Имрӯз (06.06.2022) намояндагони донишгоҳи мазкур: муовини ректор оид ба фаъолияти...

Эълонҳо