• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 114
Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти кумак намудан ба оилаҳои эҳтиёҷманд раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пайваста бо масъулияти баланд дар остонаи ҳар як ҷашну маросим дар ин самт саховату мурувват нишон медиҳад. Тавре Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштаанд: яке аз амалҳои...
Имрӯз (28.04.2022) ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Озарбойҷон мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Аскеров бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ баргузор гардид. Дар оғоз ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. меҳмони олиқадрро ба донишгоҳ хайрамақтам гуфта, оид ба вазъи илму таълим дар донишгоҳ ва ҳамкориҳои байналмилалии он...
Имрӯз аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сертификат барои татбиқи бомуваффақияти лоиҳаҳои грантии Барномаи грантҳои озмунӣ дар доираи Лоиҳаи рушди таҳсилоти олӣ бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати беҳтар намудани сифати таҳсилот ва мутобиқати он ба талаботи бозори меҳнат ва стандартҳои байналмилалӣ ҳамчунин дастгирии донишҷӯдухтарон дода шуд.
Дар Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урали Федератсияи Русия 12-умин Форуми иқтисодии ҷавонони АвруОсиё дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла соҳаи ҳуқуқ ва иқтисод доир гардид, ки дар форуми мазкур ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ ҳам дар шакли ҳузурӣ ва ҳам дар шакли маҷозӣ (онлайнӣ) фаъолона иштирок намуданд. Имрӯз маросими ҷоизасупории иштирокчиёни форум доир гардид, ки чанде...
Имрӯз (27.04.2022) дар ҷаласаи васеъи устодону кормандони Донишгоҳи миллӣ натиҷаи конференсияи илмию назариявии ҳайати устодону кормандон, докторантону магистрантон ва донишҷӯёни донишгоҳ - «Ҳафтаи илм», ки бахшида ба «Солҳои рушди саноат» (солҳои 2022-2026) ва «Бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ» доир гардид, ҷамъбаст шуд. Дар ибтидо муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. доир...
Имрӯз дар доираи 12-умин Форуми иқтисодии ҷавонони АвруОсиё, ки дар Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал доир гардид, ҳам дар шакли маҷозӣ ва ҳам дар шаклӣ ҳузурӣ дар майдони донишгоҳҳои ҳамкор ҳамчун рамси дӯстӣ ва рушди муносибатҳои илмию таълимии дуҷониба «Дарахти дӯстӣ» шинонида шуд. Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ ба таври маҷозӣ иштирок намуда, дар Шаҳраки донишҷӯёни донишгоҳ...
Имрӯз (26.04.2022) ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо директори генералии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (IAAR) Алина Жумагулова ва намояндаи агентӣ Олга Яновская вохӯрӣ намуд. Дар вохӯрӣ таъкид шуд, ки Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг яке аз ташкилотҳои байналмилалӣ дар самти таъмини сифати таҳсилот бо гузаронидани баҳодиҳии мустақили берунаи муассисаҳои таълимӣ мебошад. Гуфта...
Имрӯз (25.04.2022) ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо намояндагони Департаменти «CLDP» («Commercial Law Development Program» - Барномаи рушди қонуни тиҷоратӣ)-и Вазорати тиҷорати ИМА Змарак Хон (ҳуқуқшинос) ва Томас Чой (мутахассис) вохӯрӣ намуд. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо барои омода намудани мутахассисон дар соҳаи ҳуқуқ ва тиҷорати байналмилалӣ табодули афкор намуданд. Гуфта шуд, ки аз ҷониби масъулини барнома донишҷӯёни дорандаи...
Бо ибтикори сиёсати дурбинона ва дирояти ҳакимонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи маориф ва илм, инчунин, барои бедор намудани шавқу завқи зебоипарастӣ ва китобхонии қишрҳои гуногуни ҷомеа муддатест, ки озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гузаронида мешавад. Имрӯз (25.04.2022) бо иштироки ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор...
Дар Донишгоҳи миллӣ конференсияи илмию назариявии ҳайати устодону кормандон, докторантону магистрантон ва донишҷӯёни донишгоҳ - «Ҳафтаи илм», ки бахшида ба «Солҳои рушди саноат» (солҳои 2022-2026) ва «Бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ» роҳандозӣ шудааст, идома дорад. Аксҳо аз ҷараёни нишастҳо.

Эълонҳо