• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 148
Ҳамасола дар ҷумҳурӣ 15-уми апрел бахшида ба мавлуди сардафтари адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ чорабиниҳои гуногунсатҳ дар сохторҳои илмию таълимӣ баргузор мешавад. Чун анъана Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ ба хотири бузургдошти устод Айнӣ ҳамоишҳои илмию назариявиро роҳандозӣ менамояд. «Устод Айнӣ дар тамоми асарҳояш номи тоҷик ва ҳувияти миллии тоҷиконро махсус таъкид мекард». Ин...
Дарки нуктаҳои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, афзун намудани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, беҳтар намудани идеологияи солими донишҷӯён, саҳми донишҷӯён дар корҳои ободию созандагӣ, тарғиби фарҳанги либоси миллӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки имрӯз (14.04.2021) зимни вохӯрии намояндагони самти тарбияи донишгоҳ бо омӯзгорону донишҷӯёни факултети фарматсевтӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ дар робита ба бандҳои мухталифи "Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025" чораҳои зарурӣ андешида, миёни устодону донишҷӯёни донишгоҳ корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намудааст. Ҳамин аст, ки бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси шуъбаи тарбияи донишгоҳ як зумра вохӯриҳои судманд доир мегардад. Аз ҷумла, имрӯз (13.04.2022) чунин вохӯрии судманд бо иштироки...
Имрӯз (13.04.2022) дар толори факултети химияи Донишгоҳи миллӣ вохӯрии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодону донишҷӯёни факултетҳои химия, фармасевтӣ ва тиббии донишгоҳ доир гардид. Дар вохӯрӣ намояндаи Агентии мазкур Нуритдинзода Қиёмиддин Шовалӣ, Раиси коллегияи суд оид ба парвандаҳои граждани Суди Олии ҶТ Саидзода Маҳмадисо Мурод, мудири шуъбаи...
Имрӯз (13.04.2022) намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ҷаноби Осама Маккавӣ ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. мулоқот намуд. Зимнан Ректори донишгоҳ меҳмони олиқадрро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, таъкид дошт, ки Донишгоҳи миллӣ ҳамкориро дар самти таҷрибаомӯзӣ бо ниҳодҳои гуногуни дохил ва хориҷи кишвар судманд ба роҳ...
Бо мақсади огоҳӣ гардидан аз таъриху фарҳанг, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша – чорабиниҳои раёсати донишгоҳ ва шуъбаи тарбия имрӯз (12.04.2022) аз ҳисоби омӯзгорону кормандони ботаҷрибаи донишгоҳ дар факултети химия маҷлиси тарбиявӣ бо донишҷӯёне, ки тибқи квотаи президентӣ таҳсил мекунанд, баргузор гардид.
Дар доираи ҳамкориҳои судманд бо донишгоҳҳои байналмилалӣ имрӯз (09.04.2022) дар пояи Институти илмию таҳқиқотии назди Донишгоҳи миллӣ ва факултети химия дар самти амали гардонидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», солҳои 2020-2040 ва эълон гардидани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» бо иштироки намояндагони расмии донишгоҳҳо ва институтҳои илмию таҳқиқотии Кибириси...
Дар заминаи ҳамкориҳои дӯстона роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербурги Федератсияи Русия тасмим гирифтаанд, ки Маркази таълимӣ-омӯзишии муштараки муҳоҷирони меҳнатӣ дар заминаи ДМТ ташкил карда шавад. Имрӯз (07.04.2022) ин масъала дар суҳбати маҷозии (онлайнии) муовини ректори ДМТ оид ба робитаҳои байналмилалӣ Мирзамонзода Х.М. ва муовини ректори Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург оид ба фаъолияти байналмилалӣ Андрюшин Сергей...
Бо дастгирии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. имрӯз (6.04.2022) гурӯҳи кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, аз ҷумла донишҷӯёни имконияташон маҳдуд, аз Осорхонаи Пешвои миллат дидан намуданд. Ёдовар мешавем, ки Осорхонаи Пешвои миллат зимни ташрифи Президенти кишвар ба донишгоҳ ва кушодани биноҳои таълимии факултетҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт. Меҳмонон...
Имрӯз (06.04.2022) ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. донишҷӯйи курси 4-уми факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ Шоҳрух Забиров ва роҳбарияти факултети мазкурро барои дастоварди байналмилалӣ табрик намуда, дар таҳсил ва фаъолияти минбаъдаашон муваффаќиятҳои тозаи эҷодӣ таманно намуд. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун кохи бузурги илму дониш дар тарбия ва омода намудани кадрҳои баландихтисос дар ҳама самт...

Эълонҳо