• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 161
Дар литсейи ДМТ бахшида ба Наврӯз чорабинии фарҳангӣ – фароғатӣ баргузор гардид. Дар чорабини роҳбарияти донишгоҳ иштирок намуда, ба хони омаданамудаи хонандагони Литсей баҳои баланд доданд. Чорабинии мазкур бо сухани табрикотии ректори донишгоҳ Хушвахтзода Қ.Х. оғоз ёфт. Дар чорабинӣ ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ барномаи рангинеро пешниҳод намуданд.
Дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ роҳбарияти ҶСК "Ориёнбонк" дар доираи дастгирии донишҷӯён ва баланд бардоштани саводнокии молиявии онҳо, инчунин, ҷиҳати ғанӣ гардонидани китобхонаҳои донишгоҳҳо ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, ки дар он факултетҳои иқтисодӣ амал мекунанд, китобҳои таълимӣ пешкаш намуд. Намояндагони ҶСК «Ориёнбонк» чанд нусхаи китоби дарсии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода "Муомилоти пулӣ ва қарз"-ро ба роҳбарияти...
Имрӯз (16.03.2021) дар бинои марказии ДМТ вохӯрии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, муовини сардори Раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионии Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентӣ...
Дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои солҳои 2019-2021 тасдиқ гардид. Рамзи якум арчамонанд буда, аз ҳафт табақ иборат мебошад. Ҳамаи табақҳо аз давраҳо иборат буда, мазмуни гардиши фалак ва коинотро ифода менамояд. Ҳар давра бо...
Дар арафаи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ маҳфили «Донишвар», ки бо ташаббуси шуъбаи омоданамоии мутахассисони илмӣ ва илмию омӯзгории донишгоҳ амал мекунад, доир гардид. Маҳфил бо суханронии мудири шуъбаи омоданамоии мутахассисони илмӣ ва илмию омӯзгории донишгоҳ Мирзозода Ф. оғоз ёфт. Дар маҳфил докторантони соли якум иштирок ва дар робита ба паҳлуҳои гуногуни...
Имрӯз (13. 03. 2021) дар АМИТ ҷамъбасти олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» эълон гардид. Аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон донишҷӯёни зерин иштирок намуда, бо ғолиб омадани нуҳ ҷойи ифтихорӣ (аз фанҳои тахассусӣ ва ғайритахассусӣ) соҳиби «Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» гардиданд.
Таҷлили Рӯзи матбуот дар ДМТ Муҳим нест, ки рӯзноманигорон дар кадом самт – матбуоти давлатӣ ё матбуоти мустақил фаъолият доранд. Ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил ҳамчун ду шохаи бо ҳам пайвастаи матбуоти Тоҷикистон иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад. ...
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАШАККУЛИ АРТИШИ МИЛЛӢ ПЕШВОИ МИЛЛАТ - СИМОИ МИЛЛАТ ТАЪСИРИ ЧОРАБИНИИ «МАРЗ - 2021» БА ҲИССИ ВАТАНДӮСТИИ МАРДУМ Масунияти хуб - гарави саломати Мехохед,ки вазнатон ба низом дарояд Тромбоситопоэз, яъне чи Хусусиятҳои шифоии гули хайри
Имрӯз (05.03.2021) бахшида ба Рӯзи модар – 8-уми март дар толори калони Донишгоҳи миллӣ чорабинии идона баргузор гардид. Нахуст ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо самимияти хос ҳайати занону бонувон ва донишҷӯдухтаронро бо ин рӯзи неку фархунда табрик гуфта, оид ба хизматҳои шоёни занону бонувон ибрози андеша намуданд. Мавсуф...
Имрӯз (03.03.2021) бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Форуми ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии занону ҷавондухтарон–омили рушди суботи ҷомеа» баргузор гардид. Дар кори форум роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо ва занону духтарони фаъол иштирок намуданд. Дар нишаст нахуст муовини...

Эълонҳо