• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 172
Бо чунин ном бо ташаббуси кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистикаи ДМТ ҳамоиши илмию амалӣ баргузор гардид. Ҳамоиши мазкур ба пешвози Рӯзи илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, ки ҳамасола 15 апрел ба хотири зодрӯзи устод Садриддин Айнӣ дар сатҳи донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат доир мегардад. Ҳамоиш...
Ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ дар ҷомеа бо ибтикори садорати факултети баҳисобгирию иқтисодӣ чорабинии тарбиявӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони бахши тарбияи донишгоҳ, аз ҷумла раиси шӯрои кураторони донишгоҳ И.Ашӯров иштирок намуда, вобаста ба ҷанбаҳои гуногуни пайдоиш, паҳншавӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ суханронӣ намуд.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар заминаи амалигардонии Лоиҳаи “Беҳтаргардонии ҷараёни таълим ва васеъгардонии имкониятҳои (кортаъминкунӣ) хатмкунандагон”(Созишномаи грантӣ №20/1-2), бо мақсади таҳия намудани модулҳо дар мавзӯи “Стандартҳо ва тавсияҳо оид ба таъмини сифати аврупои таълим” озмуни кушод эълон менамояд. Тамоми профессорон, номзадҳо, омӯзгорон, ва дигар кормандоне, ки касбияташон мувофиқ аст, метавонанд ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи хешро ба Шуъбаи кадрҳо (1-ум ошёна, утоқи...
Имрӯз (10.04.2020) бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Донишгоҳи миллӣ даври аввали умумидонишгоҳии Озмуни доир гардид. Дар кушодашавии озмун ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. иштирок намуда, оид ба аҳамияти фарҳангӣ-маърифатии озмуни мазкур суханронӣ намуд. Гуфта шуд, ки Озмуни мазкур миёни устодон, докторантон, магистрон, донишҷӯён ва...
Раёсати Донишгоҳи миллӣ дар робита ба тарғиби либоси миллӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ миёни донишҷӯёну кормандон чораҳои заруриро роҳандозӣ намудааст. Бахши тарбияи донишгоҳ таҳти роҳбарии муовини ректори донишгоҳ оид ба тарбия Раҳмонзода Ҷ.М. дар самти корҳои тарбиявӣ, хусусан ташвиқи тарғиби либоси миллӣ корҳои назаррасро ба сомон мерасонад. Дар арафаи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ ва фарорасии фасли зебои сол – баҳор...
Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони ДМТ, ки санаи 31-уми март баргузор гардид, ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дастовардҳои чанде аз устодону донишҷӯёни донишгоҳро муаррифӣ ва қадршиносӣ намуд. Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ба декани факултети филологияи рус Мухаметов Ғ.Б. - шаҳодатномаи профессорӣ, ба декани факултети журналистика Исматов С. - шаҳодатномаи дотсентӣ,...
Ба таваҷҷуҳи муҳасилини донишгоҳ расонида мешавад, ки Донишгоҳи Ҳазар (Озорбойҷон) дар доираи ҳамкориҳои тарафайн бо ДМТ озмуни дарёфти бурсияҳоро барои донишҷўёни зинаҳои бакалавр ва хатмкунандагон барои солҳои хониши 2020 – 2021 эълон менамояд. Барои ширкат дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад: ДархостАриза барои стипендияАттестат (бакалавр) ва диплом (магистр)ТранскриптАсоснокии сафарРезюмеМаълумотномаи тиббӣНусхаи шиносномаи хориҷӣСертификати забондонӣ (доштани сертификати TOEFL...
Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ба таваҷҷуҳи устодону кормандон мерасонад, ки Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ ва Донишгоҳи давлатии сохтмонии Маскав дар доираи барномаи таълимии "Омӯзонидани усулҳои таълим ба муҳандисон" устодону кормандонро барои гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос даъват менамояд. Донишгоҳ устодонро бо макони зист ва маводи хониш таъмин менамояд. Дигар намуди хароҷотҳо ба барнома дохил набуда, аз ҳисоби...
Хатмкунандагони боҳунар ва хушзавқи факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба шабакаҳои телевизион ва радио бидуни озмун бо роҳхати факултет ба кор қабул карда мешавад. Ин нуктаро санаи 31-уми марти соли ҷорӣ раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид дар вохӯрӣ бо хатмкунандагони факултети журналистикаи ДМТ иброз намуд. ...
Имрӯз (28.03.2020) бо ибтикори садорати факултети баҳисобгирию иқтисодии донишгоҳ дар мавзӯи «Баҳисобгирӣ, таҳлил ва назорати молиявию хоҷагӣ дар давраи иқтисодиёти рақамӣ» мизи гирди ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид. Нишаст бо сухани муқаддимавии сардори раёсати илм ва навоварии техникии донишгоҳ Р.Наботӣ оғоз ёфт. Сипас С. Низомов, д.и.и., мудири...

Эълонҳо