• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 194
Бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ дастаи донишҷӯёни ДМТ дар чорабиниҳои муҳимми фарҳангӣ-сиёсӣ иштирок менамоянд. Чанде қабл бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» Фестивали шаҳрии «Сад ранги чакан» баргузор гардид ва донишҷӯдухтарони Донишгоҳи миллӣ аз рӯйи бахши «Намоиши либосҳои қадимаи чакан» ғолиб ва сазовори «Диплом» гадид. «Диплом» аз ҷониби...
Имрӯз (29.04.2021) дар доираи эълон гардидани «Солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо ибтикори Муассисаи давлатии Театри намунавӣ-минётураи «Ойина»-и назди раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барномаи ҳунарии ҳайати ҳунарпешагони театр баргузор гардид. Дар оғоз таъкид карда шуд, ки мақсад аз баргузор намудани чунин намоишнома, пеш аз ҳама, дар...
Имрӯз (28.04.2021) бо ибтикори раёсати донишгоҳ дар бинои асосии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (БДА ҶТ) “Амонатбонк” вохӯрии раиси Раёсати Бонк муҳтарам Икромӣ С.С. бо ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ. Х. ва устодону донишҷӯёни факултетҳои иқтисодии донишгоҳ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ нахуст ҳайати устодон ва донишҷуёни донишгоҳ аз бахшҳои Департаменти хазинадорӣ ва Департаменти пардохти нафақа...
Имрӯзҳо аъмоли террористии даҳшатовар, ки тавассути созмонҳои террористӣ ва ифротгаро дар кишварҳои дунё содир мегарданд, гувоҳи онанд, ки терроризм ва ифротгароии хушунатомез ба як хатари аввалиндараҷаи дунёии муосир табдил шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ранҷи терроризмро ҳанӯз солҳои 90 асри гузашта чашидааст, дар муборизаи алайҳи терроризму ифротгароӣ ҷаддӣ аст. Дар ин росто Суди Олии...
Давлат ва Ҳукумат илмро ҳамчун омили пешбарандаи ҷамъият арзёбӣ намуда, барои рушди минбаъдаи он ва беҳтар кардани шароити иҷтимоиву иқтисодии олимон тадбирҳои судманд меандешад. ...
Ба таваҷҷуҳи муҳасилини ДМТ мерасонем, ки Агенти оид ба энергияи атомии Хитой барои таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла Тоҷикистон бурсияҳои таҳсилӣ дар зинаи магистратура ва докторантура аз рӯи ихтисосҳои муҳандис ва менеҷменти илмҳои ядроӣ ва технология ҷудо намудааст. Барномаи мазкур довталабонро ба таҳсили ройгон ва идрорпулии моҳона таъмин менамояд. Қабули довталабон дар торномаҳои https://studyinchina.csc.edu.cn/...
Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар нисбат ба илму техника таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар зиёд гардида, рӯз то рӯз дар ин самт дастовардҳои назаррас рӯйи кор меоянд. Иштироки олимону муҳаққиқон дар чорабиниҳои гуногуни илмӣ-эҷодӣ ва манзури аҳли хирад намудани навгониҳои илмию техникӣ гувоҳи гуфтаҳои болост. Ин нукта ҳамасола дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ махсус баррасӣ...
Имрӯз (23.04.2021) бо ибтикори роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ миёни устодону кормандон ва донишҷӯён беш аз 7000 ниқоби якдафъаинаи тиббӣ тақсим гардид. Иқдоми мазкур бо роҳбаладии муовини ректори ДМТ оид ба тарбия Раҳмонзода Ҷ.М. дар назди даромадгоҳи Шаҳраки донишҷӯёни донишгоҳ гузаронида шуд. Ҳамзамон, намояндагони бахши тарбияи донишгоҳ ва чанде аз муовинони декани факултетҳо...
Ҳамасола ҷиҳати тақсимоти хатмкунандагони Донишгоҳи миллӣ Комиссияи тақсимоти мутахассисони ҷавон таъсис дода шуда, дар ин самт вохӯриҳо доир мегардад. Зимни баргузории вохӯриҳо намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва хатмкунандагон иштирок намуда, дар самти фаъолияти минбаъдаи хатмкунандагон машварат гузаронида мешавад. Имрӯз (22.04.2021) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён миёни хатмкунандагони факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ тақсимоти хатмкунандагон ба ҷойи кор баргузор гардид.
Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавќеъ ва натиљаи фаъолияти чанде аз муассисаои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикисторо натиҷагирї намуд. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон миёни 31 муассисаи олии ҷумҳурӣ сазовори ҷойи якум гардид. Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи таълим, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар нимсолаи аввали соли таҳсили...

Эълонҳо