• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 37
Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз! Боиси хушнудист, ки ҳамасола санаи 5-уми октябрро ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ бо ифтихору сарфарозӣ аз забони давлати соҳибистиқлоламон таҷлил мекунем. Барои ҳар як фарди ҷомеа донистани забони модарӣ - арҷгузорӣ ба миллат ва гузаштаи хеш аст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам...
Таърих гувоҳ аст, ки зан -модари тоҷик посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллӣ, нигаҳдорандаи фарҳангу тамаддуни миллат ба ҳисоб меравад. Зеро либос як рукни миллат ва баёнкунандаи симои ҳар миллат маҳсуб меравад. Ба хотири арҷ гузоштан ба анъанаҳои миллӣ таҳти сарпарастии шубаи кор бо занон ва духтарони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва факултети химия зери унвони “Тоҷикона мепӯшем” аксияи...
Имрӯз (03.10.2023) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов, муовини Прокурори шаҳри Душанбе мушовири адлияи дараҷаи 1 Раҷабзода Мутеулло Сафаралӣ, муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Раҳимзода Умед Назаралӣ, сардори Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф...
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ - 5-уми октябр дар саросари ҷумҳурӣ конфронсу маҳфилҳои илмию амалӣ ва ҳамоишҳои ҷумҳуриявӣ баргузор гардида истодааст. Ба ин муносибат аз ҷониби факултетҳо ва сохторҳои гуногуни Донишгоҳи миллӣ нишастҳои судманд доир мешавад. Имрӯз (03.10.2023) дар толори калони донишгоҳ конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Забони тоҷикӣ – пайванди ҷонам» баргузор гардид. Дар нишасти мазкур намояндагони...
Бо мақсади беҳтар гардонидани фаъолияти сохторҳои гуногуни донишгоҳ бо иқдоми роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон силсилавохӯриҳои ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати устодону кормандони донишгоҳ ба роҳ монда шудааст. Баҳри натиҷагирӣ аз вохӯриҳои қаблӣ тибқи нақша суҳбати навбатии ректори донишгоҳ бо ҳайати устодону кормандони факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ доир гардид. Ректори донишгоҳ ба...
Дар доираи нақшаи баргузории вохӯриҳои ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ҳайати устодону кормандони донишгоҳ вохӯрии навбатӣ бо ҳайати устодони факултети муносибатҳои байналхалқӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ фаъолияти устодону кормандон, самтҳои таълим, илм, тарбия ва муносибатҳои байналмилалии факултет ҳамаҷониба мавриди таҳлил қарор гирифт. Ҷалби шаҳрвандони...
Устодону омӯзгорони азиз! Ҳамасола дар саросари кишвари маҳбубамон - Тоҷикистон якшанбеи нахустини моҳи октябр Рӯзи омӯзгорон таҷлил мегардад. Дар кишвари азизи мо омӯзгор мақому манзалати воло дошта, нақши калидиро дар инкишофи илму таълим дар ҷомеа иҷро менамояд. Ҳамин аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи...
Имрӯз (30.09.2023) дар заминаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Белорус ва бо мақсади ба истифода додани Маркази забони белорусӣ ва техналогияи инноватсионӣ дар пояи факултети муштараки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии Белорус намояндагони ин кишвар ба ДМТ ташриф оварданд. Дар маросими кушодашавии Маркази забони белорусӣ ва техналогияи инноватсионӣ вазири...
Имрӯз вохӯрии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати устодону кормандони факултети фалсафаи донишгоҳ баргузор гардид. Зимнан ректори донишгоҳ оид ба фаъолияти раванди таълиму тарбия ва илму равобити байналмилалии факултет суханронӣ намуда, пешниҳод кард, ки дар заминаи факултет ташкили ихтисосҳои навӣ мутобиқ ба раванди замон ва таъсиси клиникаҳои равоншиносию   сиёсатшиносӣ талаботи замон мебошад. Гуфтда...
Имрӯз бо ибтикори кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистони факултети муносибатҳои байналхалқӣ дар мавзӯи «Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар шароити навини геополитикӣ ва дурнамои рушди он» ҳамоиши илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ ба муносибати Рӯзи кормандони хадамоти дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори конференсия намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва сохторҳои дипломатӣ ва илмии ҷумҳурӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Эълонҳо