• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 39
Дар доираи баргузории хонишҳои сиёсӣ ва дарсҳои ватандӯстӣ дар партави Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дарси сулҳи Пешвои миллат, Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» барои...
Ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни вохӯрии навбатӣ бо устодону кормандони факултети геология фаъолияти сохторҳои мухталифи факултетро мавриди таҳлил қарор дод, иброз дошт, ки дар самти ташкили озмоишгоҳҳои муосир бари омӯзиши масъалаҳои геологӣ тадбирҳои тоза андешида шавад. Муҳимтарин масъалаҳое, ки ректори донишгоҳ таваҷҷуҳи махсус намуданд, ин навиштани мақолаҳои илмии тақризшаванда дар сатҳи байналмилалӣ, сари...
Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ (1207-1273) аз нобиғагони сухан ва абармардони олами адаб, фурӯзонтарин ситорагони осмони фарҳанги Машриқзамин, дурахшонтарин чеҳраҳои шеъру адаби форсӣ ва илму адёни ҷаҳонист. 30 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мешавад. Ҳамасола ба ин муносибат дар Донишгоҳи миллӣ ҳамоишҳои гуногунсатҳ доир мегардад. Имрӯз (26.09.202З)...
Тавре иттилоъ дода будем, бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва дар ин замина таҳким бахшидани дӯстию рафоқат миёни устодону кормандони донишгоҳ ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатӣ миёни устодону кормандони донишгоҳ мусобиқаи варзишии валейбол раҳондозӣ гардид. Имрӯз дар вазъияти тантанавӣ дастаҳои ғолиб муаррифӣ ва ҳавасманд гардонида шуданд. 1.Дастаи раёсати донишгоҳ - ҷойи l;
Бо мақсади беҳтар гардонидани фаъолияти сохторҳои гуногуни донишгоҳ бо иқдоми роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон силсилавохӯриҳои ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати устодону кормандони донишгоҳ ба роҳ монда шудааст. Акнун, богузашти нимсолаи таҳсил силсилавохӯриҳои навбатӣ таҳия ва гузаронида мешаванд. Имрӯз (25.09.2023) баҳри натиҷагирӣ аз вохӯриҳои қаблӣ тибқи нақша суҳбати судманди ректори донишгоҳ бо ҳайати...
(Аз ифтитоҳи Озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотӣ то насби камераҳои назоратии овозӣ) Имрӯз (23.09.2023) дар заминаи амалишавии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бо дастгирӣ ва иқдоми роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар факултети биологияи донишгоҳ Озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба омӯзиши механизмҳои мутобиқшавии системаҳои зинда кушода шуд. Дар ифтитоҳи озмоишгоҳи мазкур...
Бунёдгузори адабиёти форсу тоҷик устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ сермаҳсултарин шоири форсу тоҷик буд, ки мероси адабии ӯ таваҷҷуҳи аҳли адабро бештар ҷалб кардааст. Ҳамасола, санаи 22-юми сентябр дар саросари ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат дар аксар муассисаҳои олӣ ва миёнаи ҷумҳурӣ ҳамоишҳои сатҳашон гуногун ташкил карда мешавад.  Ба ин муносибат...
(Чанд андеша дар ҳошияи рисолаи Саймумин Ятимов “Эҳёи      миллат - бақои миллат”) “Донаи гандуми зери хок намедонад, ки ӯ фардо - сабаби эҳёи зиндагӣ мешавад” (Аз номаи Сервантес) Ин рисолаи басо муҳимми илмӣ, ки муҳаррики баҳси пур аз эҳсосоти меҳанпарастӣ мебошад, қариб 25 сол дер иншо шуда аст....
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон анъанаи некест, ки дар оғози ҷаласаи васеи Шурои олимон, ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дастовардҳои самтҳои гуногуни донишгоҳро муаррифӣ ва бо туҳфаҳои хотиравию мукофотпулӣ қадрдонӣ менамоянд. Имрӯз чунин рӯйдоди хотирмон дар ҷаласаи васеи Шурои олимон доир гардид, ки чанде аз дастовардҳои устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ муаррифӣ ва қадрдонӣ шуданд.
Дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. иқдоми навбатӣ – хониши сиёсӣ дар донишгоҳ ба роҳ монда шуд. Хониши навбатӣ бо иштироки ректори донишгоҳ ва роҳбарону корманодни сохторҳои гуногуни донишгоҳ сурат гирифт.

Эълонҳо