МАКТАБИ ОМӮЗИШИИ МУАРРИХИ ШИНОХТА

232

Мусаллам аст, ки яке аз ҳадафҳои асосии баргузор намудани ҳама гуна чорабиниҳои вобастаба бузургдошти чеҳраҳои маъруфи адабу фарҳанг ба зеҳни ҷомеа расонидани афкори созанда ва андешаҳои тарбиятгарони онҳо мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз (01.11.2024) бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 100 – солагии муаррихи шинохта Аҳрор Мухторов конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Саҳми академик Аҳрор Мухторов дар омӯзиши таърихи халқи тоҷик” баргузор гардид.

Ба шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар меҳвари он эҳтиром ба хидматҳои фарзандони фарзонаи миллат қарор дорад, дар соли 2024 100-солагии зодрӯзи муаррих, академик Аҳрор Мухторов ҷашн гирифта мешавад.

Дар конференсияи мазкур мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуллозода Масрур, доктори илмҳои таърих, профессор Расулиён Қаҳҳор, номзади илмҳои фалсафа, директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо ва номзади илмҳои таърих, мудири редаксияи таърихи Энсиклопедияи миллии тоҷик Ҳусейнӣ Саидҷалол ва муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Сафармамадзода С. суханронӣ намуданд.

Зимнан муҳтарам Абдуллозода Масрур қайд намуд, ки академик Аҳрор Мухторов дар тадқиқи таърихи халқи тоҷик саҳми арзанда дорад. Асарҳои мондагори А. Мухторов дар омӯзиши таърих ва сарчашмашиносӣ, бахусус таърихи Осиёи Марказӣ, Ҳиндустон, Эрон ва Афғонистон ҷойгоҳи намоён ва арзиши баланди илмӣ доранд. Академик Аҳрор Мухторов дар таҳқиқи масоилу равияҳои илмӣ сухани наву тоза эҷод кардааст.

Инчунин, доктори илмҳои таърих, профессор, Қаҳҳор Расулиён дар мавзуи “Самтҳои фаъолияти илмии академик Аҳрор Мухторов” баромад намуда, иброз дошт, ки мақом ва нақши академик Аҳрор Мухторов дар омӯзиш ва таҳқиқи таърих ва фарҳанги халқи тоҷик хеле бузург аст. Бахусус, ҳашт сафари илмии эшон ба Ҳиндустон ва таҳқиқи сарчашмаҳои нодири таърихиву адабӣ доир ба таърихи тамаддуни халқи тоҷик дар ганҷинаҳои ин сарзамин қобили таваҷҷуҳ аст.