• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 74
10 декабр, аз фаъолияти пурсамари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 28 сол пур мешавад. Тули ин солҳо ҲХДТ тавонист дар таъмини зиндагии шоистаи мардум, некӯаҳволии халқ, рушди тамоми соҳаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла, фарҳанг, иқтисод, иҷтимоиёт, илму маориф, тандурустӣ ва ғайра саҳм гузошта, барои таҳкими устувории сулҳу субот, амнияту оромӣ ва осоиштагии халқу кишвари Тоҷикистон мусоидат намояд.
Ҳамасола бо дастгирии роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ташаббуси Парки технологии донишгоҳ байни, донишҷӯён, унвонҷӯён, доктарантон ва ҳайати устодону профессорон, инчунин, хонандагони Литсейи равияи табиию риёзии назди донишгоҳ ОЗМУН КОРҲОИ БЕҲТАРИНИ ИННАВАТСИОНӢ гузаронида мешавад. Озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани фаъолияти илмиву инноватсионии хонандагони литсей, донишҷӯён, унвонҷӯён, докторантон ва ҳайати устодону профессорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, тақвият додани...
Имрӯз дар доираи ҳамкориҳои дипломатии Тоҷикистон ва Ҷопон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ бо иштироки Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷопон дар шаҳри Душанбе Аики Тошиҳӣ, роҳбари намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такасака Мунео, профессори ҷопонӣ Кояшима Набуко ва ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. доир гардид.
Имрӯз (06.12.2022) дар толори калони Донишгоҳи миллӣ ҷиҳати муаррифии муҳтавои мақолаи коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Абдуллоҳи Раҳнамо зери унвони “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?” ҳамоиши иттилоотӣ-тарғиботӣ бо ширкати муаллифи мақола, ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва ҳайати устодону кормандони донишгоҳ баргузор гардид. Дар...
Имрӯз миёни донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Урал бозии дӯстонаи онлайнии шоҳмот баргузор гардид. Имрӯз фазои интернетӣ имкниятҳои бештареро барои инсоният фароҳам овардааст, ки метавонанд аз он ба таври самарона истифода баранд. Бо фароҳам овардани имкониятҳои васеъ озмунҳо гуногун, аз ҷумла бозии зеҳнии шоҳмот низ тариқи онлайнӣ баргузор мешавад.
Имрӯз (05.12.2022) бо ибтикори раёсати донишгоҳ башида ба 30- солагии узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ конфернсия баргузор гардид. Дар конференсия Ҳамоҳангсози доимии СММ дар ҶТ Хонум Сезин Синаноглу иштирок намуд. Пеш аз оғози конференсия Хонум Сезин Синаноглу бо ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. вохӯрӣ намуда, дар робита ба рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи илмию таълимии ҶТ...
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми тоҷик ҷонибдори низоми одилона ва устувории ҷомеаи ҷаҳонӣ, бар асоси усул ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, қабл аз ҳама баробарҳуқуқии ҳамаи субъектҳои равобити байналмилалӣ ва риояи соҳибихтиёрии давлатҳо мебошад. Ин низом ҷавобгӯи манфиатҳои олии ҳамаи халқҳо ва кишварҳо, амният ва суботи ҷаҳонӣ мебошад. Ин нукта имрӯз (02.12.2022) зимни вохӯрии коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ...
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои раёсати ДМТ имрӯз (02.12.2022) вохӯрии навбатии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо сохторҳои ҷамъиятию илмии донишгоҳ: шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон, иштирокчиёни олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, ғолибони озмунҳои илмию маърифатии сатҳи гуногуни кишвар баргузор гардид. Дар оғоз Ректори донишгоҳ оид ба сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии...
Имрӯз (01.12.2022) бо ибтикори Раёсат ва бахши кор бо духтарон ва занони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур дар толори калони Донишгоҳи миллӣ бо иштироки занону бонувон ва донишҷӯдухтарони фаъол чорабинии маърифатӣ - фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ...
Имрӯз (01.12.2022) тибқи нақшаи чорабиниҳои раёсати ДМТ ва дастуру супоришҳои роҳбарияти донишгоҳ курси таълимии «Сарварон (лидерҳо)-и сиёсӣ» эҳё ва дар толори Шурои олимони донишгоҳ дар сатҳи баланд баргузор гардид. Нахуст Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода бо як гурӯҳ донишҷӯёни факултетҳои гуногуни донишгоҳ, ки ба курси таълимии мазкур ҷалб шуда буданд, машғулият баргузор намуд. Мавсуф...

Эълонҳо