• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 83
Бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибдавлатӣ ва соҳибистиқлолии кишвари азизамон, ки ба шарофати ин рӯзҳо мо ба таъриху фарҳанги оламшумули худ имконияти фароҳам пайдо намуда, дар остонаи таҷлили санаи бузурги миллиамон рӯзи Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ, ки дастоварди муқаддастарини халқи Тоҷикистон мебошад қарор дорем. Иҷлосияи ХVI – Шӯрои Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ...
Воқеан яке аз марҳилаҳои сарнавиштсози таърихи навини давлатории миллӣ ва соҳибихтиёрии тоҷикон ба баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон рост меояд. Бояд иброз дошт, ки пас аз барҳам хӯрдани низоми шӯравӣ ва ба истиқлол расидани давлатҳои иттифоқӣ Тоҷикистон ҳам ба мисли дигар акторҳои сиёсӣ соҳибистиқлолии худро эълон намуд. Вале мутаассифона нигаҳдошти ин падидаи нодир ба осонӣ муяссар...
Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ бо тақозои таърих на танҳо тифли дар гаҳворабудаи истиқлолиятро наҷот дод, балки тақдири ояндаи ӯро муайян сохт ва Тоҷикистони тозаистиқлолро ба сӯйи ҷомеаи мутамаддин ва арзишҳои волои башарӣ ҳидоят намуд. Эмомалӣ Раҳмон Имрӯз (12.11.2022) бахшида ба ҷашни 30-юмин солагарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва...
Баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқию сиёсии ҷавонон, пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳо миёни онҳо, инчунин, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки дар вохӯрии судияҳои Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо донишҷӯёни факултетҳои филологияи молиявию иқтисодӣ ва баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳи миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.  Ташкили чунин вохӯриҳои...
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба иттилои омузгорон, муҳақиқон ва муҳассилин мерасонад, ки Академияи ҷаҳонии илмҳо дар ҳамкорӣ бо Бонки исломии рушд озмуни грантӣ барои ҳамкорӣ дар самти тадқиқот пешниҳод менамояд. Мавзуи асосии барои озмун пешниҳодшаванда бояд мушкилоти асосии солҳои охир, яъне пандемияи КОВИД-19 бояд ҳал намояд. Мавзуҳои тахминии озмун чунин аст. Аммо Шумо метавонед мавзуҳои...
Имрӯз (11.11.2022) бо ибтикор ва ташаббуси раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи шаҳри Душанбе мусобиқаи ҳарбӣ-амалӣ байни донишҷӯёни факултетҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми ректори ДМТ» баргузор гардид. Зимни ифтитоҳи чорабинии мазкур ректори донишгоҳ,...
Истиқлолияти давлатӣ - арзишмандтарин дастовард, бузургтарин неъмат ва беназиртарин сарвати халқи шарифи Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳамчун воқеаи фараҳбахши таърихӣ ва ҳодисаи муҳиму сарнавиштсоз ба тоҷикон озодиву соҳибихтиёриро ҳадя намуд. Акнун мебоист, ки кишвари тоза ба истиқлол расидаи мо барои мустақилона ба роҳ мондани сиёсати дохилӣ оид ба ҳалли...
Имрӯз (10.11.2022) бо ибтикор ва ташаббуси раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки устодону кормандон, магистрантону донишҷӯён дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён дар мавзӯи «Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эҳёи давлату ҳуқуқи миллии тоҷикон» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Конференсия бо сухани ифтитоҳии...
Аз баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мегардад. Ба ёд овардани ин санаи муҳимми таърихӣ, ки воқеан оғози аз вартаи ҳалокатбори ҷанги шаҳрвандӣ раҳо ёфтан ва тадриҷан ба остонаи сулҳу ваҳдат, ризояти миллӣ ва созандагию бунёдкорӣ расидани миллати мо гардид, қарзи инсонии ҳар фарди солимфикри ҷомеа мебошад. Бо ин мақсад имрӯз (10.11.2022) дар...

Эълонҳо