ПАЙВАНДИ ИЛМ БО ИСТЕҲСОЛОТ ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ СОҲАҲОИ ҲАЁТИ ҶОМЕА

138

Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат

«Устодону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, бахусус, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи пешсаф ғайр аз фаъолияти таълимӣ барои пешрафти илми мамлакат низ саҳми худро мегузоранд».

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷойгоҳи илм дар истеҳсолот ва ҷомеа

Мулоқоти Сарвари давлат бо аҳли илм ва маорифи мамлакат дар марҳалаи бисёр пурпечутобу пуршиддати равандҳои сиёсии ҷаҳон сурат гирифт. Маҳз дар шароити кунунӣ рӯ овардани Роҳбари давлат ба илму маориф ва зиёиёну ходимони илм гувоҳи он аст, ки ягона василаи расидан ба ҳадафу ормонҳои миллиро дар рушду нумӯи илми тоҷик мебинанд. Яъне бо донишҳои муосир мусаллаҳ гардонидани наврасону ҷавонон, бевосита кафили ҳифзи амният, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ мебошад.

«Зеро дар ҷаҳони муосир танҳо мамлакатҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд» — ишора мешавад дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҷойгоҳи илм дар рушди истеҳсолоти ҷомеа ишора менамоянд, ки «мо бояд донем, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ илми ватанӣ дар масири пешрафти давлат ва иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат чӣ хизмате анҷом дод. Ва мо чӣ тадбирҳое бояд андешем, ки илм дар мамлакати мо ба талаботи замони тараққиёту таҳаввулоти зеҳниву технологӣ ҷавобгӯ бошад, роҳро барои рушду пешравии давлат ва ҷомеа ҳамвор созад, яъне ба давлат ва халқи Тоҷикистон хизмат намояд».

Дар ин росто, муҳиммияти мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи мамлакатро таҳлилу натиҷагирӣ ва баррасиву ояндабинӣ ҷиҳати рушди илми ватанӣ ва пайванди ногусастании он ба истеҳсолот метавон арзёбӣ намуд.

Бевосита ишора гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди мамлакат ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст.

Вобаста ба ин, таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, махсусан роҳбарияти олии сиёсии мамлакат ба ин раванд нигаронида шудааст, ки рушди иқтисодиёт ва тақвияти рақобатнокии он бе саҳми сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад.

Бо дарназардошти аҳаммияти ин масъала, дар мамлакат барои баланд бардоштани мақому манзалати илм, олимону донишмандон, аҳли маориф ва зиёиёни эҷодкор дар ҷомеа аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ давра ба давра тадбирҳои муҳим андешида шудааст.

Дар ҳамин замина, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – муассисаи бузурги таълимии мамлакат имконот ва захираи калони илмӣ мавҷуд буда, муҳаққиқон, ихтироъкорон, навоварон ва донишмандони соҳаҳои гуногун фаъолият менамоянд, ки дар пешрафт ва рушди илми мамлакат саҳми арзишманд мегузоранд.

Дар Донишгоҳ дар баробари дар сатҳи баланд иҷро намудани самти муҳимми фаъолият – таълим, ба рушд ва равнақи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ таваҷҷуҳи бевосита равона карда мешавад. Ин аст, ки то ин муддат дар Донишгоҳ 12 академик, 16 нафар узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 209 доктори илм, профессор, 684 номзади илм, дотсент, 251 доктор Phd, инчунин пажуҳишгоҳҳову марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ фаъолият менамоянд, ки натиҷаву дастовардҳои онҳо дар рушди истеҳсолот, ки ҳамчун заминаи густариши соҳаҳои ҳаёти ҷомеа баромад менамояд, нақши муҳимро мегузорад.

Бо муҳиммияти чунин масъалаҳо Пешвои миллат иброз доштанд, ки «мову шумо дида истодаем, ки имрӯз мамлакатҳои мухталифи дунё бар пояи илму дониш, ихтироъкориву истеҳсол ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир чӣ гуна тараққӣ карда истодаанд. Ба ин маънӣ, дастоварди олимон на танҳо пешрафти як давлату миллатро такон мебахшад, балки метавонад мавриди истифодаи башарият қарор гирад».

Дар ин ҷода, дар ҳуҷҷатҳои барномавии соҳаи илм пешбинӣ мегардад, ки истифодаи василаҳои рушди устувор бо дарназардошти алоқамандии сиёсати давлатӣ доир ба рушди илмию техникӣ, инноватсионию саноатӣ, инчунин рушди маориф, энергетика, нақлиёт, тандурустӣ ва соҳаҳои дигар, аз рушди бемайлони илм вобастагӣ дорад.

Ин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди бахши инноватсионӣ ва илмӣ-техникӣ диққати махсус зоҳир менамояд, зеро дар маҷмуъ, рушди тадқиқоти илмӣ ба натиҷабахшии вазифаҳои стратегӣ, фароҳам овардани заминаҳо ва шароит барои рушди босифати иқтисодиёти мамлакат нигаронида шудааст.

Таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки афзоиши истеҳсолоти саноатӣ дар аксар мамлакатҳои тараққиёфта аз ҳисоби истифодаи технологияҳои нав ва ҷорӣ кардани дастовардҳои илмию техникии ватанию хориҷӣ таъмин мегардад. Аз ин лиҳоз, айни замон дар амал ҷорӣ намудани дастовардҳои илмию техникӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҷумҳурӣ, аз ҷумла, саноат, яке аз шартҳои аввалини пешрафт буда, алоқамандию ҳамгироии истеҳсолотро бо муассисаҳои илмӣ тақозо менамояд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки дар Тоҷикистон таҷрибаи ҳамаҷиҳатаи фаъолияти якҷояи муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ доир ба ҳалли масъалаҳои муҳимми илмию техникӣ, коркарди технологияҳои нав, татбиқи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар иқтисодиёт, фарҳанг ва маориф ва ҳамчунин доир ба тайёр кардани мутахассисони тахассуси олӣ андӯхта шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастгирӣ ва тарбияи олимони ҷавон, рушди эҷодӣ ва ба ҷалби фаъолонаи онҳо дар фаъолияти илмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Дар ин замина тамоми унвонҷӯён, пажуҳишгарон ва олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муваззаф мегарданд, ки ба таҳқиқу баррасии масъалаҳои илмӣ, инноватсионӣ ва пайвасти он ба истеҳсолот таваҷҷуҳи бештар намуда, якҷоя бо роҳбарони илмӣ тадбирҳои саривақтиву судманд ва ҳадафнокро роҳандозӣ намоянд.

Инъикоси дастовардҳои Ҳукумати мамлакат дар соҳаи илм ва маориф

Яке аз бахшҳои муҳимму меҳварии мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи мамлакатро масоили роҳандозии дастоварду дастгириҳои Ҳукумати мамлакат дар соҳаи илм ва маориф ташкил менамояд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳадафҳои созандаи самтҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷаҳои бобарори он изҳори назари судманду саривақтӣ намуданд.

Бо таъкиди Пешвои миллат дар марҳилаи соҳибистиқлоли миллӣ Ҳукумати мамлакат барои тақвияти заминаҳои моддиву техникии илми ватанӣ маблағгузориро зиёд карда, ба ин мақсад 1 миллиарду 607 миллион сомонӣ ҷудо намуда, сохтори Академияи илмҳоро мукаммал ва соли 2020 онро ба Академияи миллии илмҳо табдил дод.

Ҳамзамон, дар марҳилаи нав дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, аз ҷумла, барои пешрафти илму маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки тибқи таҳлилу баррасиҳо ҳоло дар мамлакат боз 724 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 152 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки аз ин шумора даҳҳо лоиҳа ба соҳаи илм равона гардидааст. То замони истиқлол дар мамлакат 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 65 ҳазор донишҷӯ фаъолият дошт. Ҳоло ин рақам ба 47 ва шумораи донишҷӯёни онҳо бештар аз 220 ҳазор нафар расидааст. Яъне ҳам шумораи мактабҳои олӣ ва ҳам шумораи донишҷӯён қариб чор баробар афзудааст.

Махсусан, бояд таъкид кард, ки дар натиҷаи чунин чораандешиҳо аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат низоми фаъолияти илмӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рушду нуму ёфта, то ин муддат ба як қатор дастоварду музаффариятҳо ноил гардидааст.

Айни ҳол дар Донишгоҳ 19 факултет бо фарогирии 133 ихтисосҳои равияҳои гуногун фаъолияти таълимиву илмӣ ба роҳ монда шуда, пояи илмии ихтисосҳои гуногун инкишоф ёфта, мутахассисони варзидаву муҳаққиқони навовар омода карда мешаванд.

Танҳо дар 10 соли охир аз ҷониби кормандону омӯзгорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 172 рисолаи докторӣ, 1298 рисолаи номзадӣ (41 доктор Phd) дар соҳаҳои муҳимми илми мамлакат дифоъ карда шудааст, ки самараи таҳқиқоти онҳо дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа нақши муҳим гузошта, натиҷаҳои назаррасро соҳиб шуда истодаанд.

Ҳамчунин, ихтирооту пажуҳишҳои кормандону омӯзгорони Донишгоҳ ба озмуну олимпиада ва форуму шаклҳои ба ин монанди рақобатҳои илмӣ дар сатҳи байналмилалӣ пешниҳод шуда, ҷоизаву мукофот, диплом, шаҳодатнома, сертификат ва амсоли ин ҳуҷҷатҳои сатҳи байналмилалиро соҳиб гаштаанд, ки ишора ба дастовардҳо, рушди илми ватанӣ ва муаррифии он дар сатҳи байналмилалӣ мебошанд.

Дар мулоқот Пешвои миллат ҳамчунин таъкид намуданд, ки роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ба масъалаи маориф ва илм таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода, дар давоми беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ бештар аз 3900 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла муассисаҳои типи нав, яъне гимназия, литсею коллеҷ, инчунин, донишгоҳу донишкада бунёд карданд.

Амалкарди воқеӣ гувоҳ аст, ки аз рӯзҳои аввали бунёди давлати соҳибистиқлол илму маориф дар сиёсати Ҳукумати мамлакат мавқеи меҳварӣ дошта, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорону зиёиён неруи созанда ва рисолати пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакатро бар душ доранд.

Дар идома Сарвари давлат Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки фаъолияти самарабахши соҳаи илмро талаб намояд ва иҷрои тадбирҳои ба ин мақсад равонашударо таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад.

Дар ин раванд, баҳри рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни илми мамлакат ва пайвасти ногусастании он ба истеҳсолот ҳар як пажуҳишгар, унвонҷӯву муҳаққиқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро зарур аст, ки равишу усулҳои муосири корбарӣ, таҳлилу баррасӣ, эҷод, таҳқиқу ҳимояи корҳои илмиро такмил дода, ҳамзамон дар партави нуктаҳои мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи мамлакат амал намояд.

Масъалаҳои мубрами илмӣ, омодасозии кадрҳои илмӣ, мубрам будани мавзуъҳои таҳқиқотӣ, сифати корҳои илмӣ ва аҳаммияти амалии онҳо дар меҳвари мулоқот

Воқеан, омодасозии кадрҳои баландихтисос аз ҷумлаи асоситарин рисолати макотиби олӣ ва дигар муассисаҳои донишандӯзӣ ба ҳисоб меравад. Ин вазифаи пуршараф ва пурмасъулият ҳар як омӯзгор ва кормандони илмиро водор месозад, ки дар таълиму тадриси ҷавонон ҷиддӣ, сахтгир ва серталаб бошанд, то баҳри ояндаи дурахшони давлат кадрҳои арзанда омода карда шаванд. Масъалаҳои мазкур низ ҷузъи меҳварии мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи мамлакатро ташкил медиҳад.

Чуноне гуфта шуд, ки ба рушди соҳаи маориф, омодасозии беҳтарин кадрҳои соҳа, дастгирии ҳамаҷонибаи олимону кормандони соҳаҳои мухталиф барои равнақи илм ва беҳтарин ихтироот баҳри беҳбудии кор аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳамешагӣ равона мешавад.

Пешвои миллат саҳми олимонро дар рушди мамлакат хеле арзанда арзёбӣ намуда, қайд карданд, ки “олимони мамлакат дар таҳияи хуҷҷати муҳимми давлатӣ — Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 саҳми арзишманд гузоштанд ва онҳо минбаъд низ бояд барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини рушди босуботи мамлакат, пешрафти соҳаҳои мухталифи он, хусусан, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ саҳмгузор бошанд.”

Дар ҷараёни мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба беҳдошти сифати таълим дар муассисаҳои олӣ ва миёна, ба замони муосир мутобиқ сохтани соҳаи таълим ва дигар омилҳои пешбарандаи ҷомеа ба шахсони масъул ва сохторҳои марбута дастурҳои мушаххас доданд. Ҳамчунин зарур шумурда шуд, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати китобҳои дарсӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад.

Бояд иброз намуд, ки асоси тарбияи кадрҳои баландихтисос дар беҳсозии сифати таълим, ба замони муосир мутобиқ сохтани он, ба мисоли аз навгониҳои илм ва методу роҳҳои таълими навин бархурдор будан ва ҳамзамон дастрасӣ ба адабиёти муосири таълимист.

Пешвои миллат таъкид доштанд, ки таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии миллӣ бо мақсади бартараф намудани мушкилоти ҳимояи корҳои илмӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ, инчунин фароҳам овардани имконият ба муҳаққиқони мамлакат, ки имкони ҳимояи диссертатсияҳои худро дар мамлакатамон дошта бошанд, ба ҳисоб меравад.

Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сифати корҳои илмӣ, аз ҷумла диссертатсияҳо хеле нигаронкунанда мебошад. Яке аз сабабҳои паст гардидани сатҳу сифати корҳои илмӣ хунукназарии шуроҳои диссертатсионии амалкунанда, муассисаҳои пешбари тақриздиҳанда ва муқарризони расмӣ ба масъалаи арзёбии диссертатсияҳои ҳимояшаванда мебошад.

Дар баробари ин, дониши тахассусии баъзе довталабоне, ки рисолаҳои номзадӣ ва доктории худро тибқи низоми докторантура аз рӯйи ихтисос ҳимоя мекунанд, ҷавобгӯи талабот ва дараҷаи илмии дарёфтшаванда нест.

Ин ҳама аз мушкилоти умдае мебошанд, ки дар самти таҳқиқи корҳои илмӣ ва ҳимояи рисолаҳои илмӣ Пешвои миллат иброз намуданд ва барои ислоҳи чунин мушкилот олимон, муҳаққиқону унвонҷӯён ва шуроҳои илмиро зарур аст, ки чораандешии саривақтӣ зоҳир намоянд.

Дар партави суханронии Пешвои миллат, бояд таъкид дошт, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҷодаи тарбия ва омода намудани муҳаққиқону олимон яке аз муассисаҳои калонтарин ва пешсафи илмӣ ба шумор меравад.

Барои рушди соҳаҳои гуногуни илм дар мамлакат ва омода намудани кадрҳои баландихтисос дар Донишгоҳ 300 унвонҷӯ, 191 докторант, 777 магистр ба пажуҳиш машғул мебошанд. Танҳо дар се соли охир, 535 унвонҷӯ (33 доктор Phd) ва 75 докторант рисолаҳои илмиро ҳимоя намуданд.

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 26 шурои диссертатсионӣ аз рӯйи ихтисосҳои ҳуқуқ, таърих, сиёсатшиносӣ, фалсафа, математика, физика, иқтисод ва ғайра амал менамоянд, ки баҳри ҳимояи корҳои илмӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ нақши муҳим мегузоранд.

Дигар масъалаи муҳим, ки Пешвои миллат дар ин самт иброз намуданд, ин муайян намудани самтҳои авлавиятдоштаи илм мебошад. Бо ин мақсад бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати мамлакат чор маротиба – барои солҳои 2007-2009, 2010-2012, 2015-2020 ва 2020-2025 «Номгӯйи самтҳои афзалиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардидааст.

Соли 2020 дар вохӯрӣ бо олимони мамлакат Пешвои миллат таъкид карда буданд, ки самту равияҳои афзалиятдошта бояд, пеш аз ҳама, ба навсозиву ислоҳоти иқтисоди миллӣ ва иҷрои ҳадафҳои стратегӣ – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат равона шаванд. Таҳлили ҳамаҷонибаи номгӯйи самтҳои авлавиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ нишон медиҳад, ки он ҳанӯз пешрафти илми ватаниро бо дарназардошти дастовардҳои илми ҷаҳонӣ таъмин карда наметавонад ва бозбинии ҷиддиро тақозо менамояд.

Аз ин лиҳоз, Сарвари мамлакат вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Академияи миллии илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзиро вазифадор намуданд, ки номгӯйи самтҳои авлавиятдоштаи таҳқиқоти илмиро аз нав таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Ҳамчунон, таъкид гардид, ки ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ кам ҷалб гардидани ҷавонони лаёқатманду забондон, бозмондагии мактабҳои илмии олимони собиқадор ва ҳавасмандии нокифояи унвонҷуёну докторантҳо, хусусан, дар самти илмҳои табиӣ ва риёзӣ аз ҷумлаи мушкилоти асосии омода кардани кадрҳои илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ мебошад.

Пешвои миллат ишора намуданд, ки дар арзёбии фаъолияти илмии ҳар як олим ва махсусан, доктори илм ду меъёр бояд асосӣ ва аслӣ бошад: аввал, натиҷаҳои таҳқиқоти ӯ, ки посухгӯи ниёзҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат аст ва дуюм, тарбияи кадрҳои ҷавон, ки саҳмгузор дар рушди илми мамлакат бошанд. Ҳамчунин, рисолаҳои илмӣ бояд бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ, риояи принсипи дунявият, баинобатгирии асосҳои сохти конститутсионӣ, таҳкими минбаъдаи сулҳу ваҳдат ва ифтихори ватандорӣ анҷом дода шаванд.

Таъкид шуд, ки меъёрҳои муқарраркардаи Конститутсия ва арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ барои ҳар яки мо афзалияти ҳамешагӣ доранд. Олимону зиёиёни мо ҳамчун неруи огоҳу пешсафи ҷомеа бояд дар корҳои илмӣ ва эҷодиёти худ ба ин меъёру арзишҳо таваҷҷуҳ ва эҳтироми хосса зоҳир карда, аз бегонапарастиву тарғиби ғояҳои носолим қатъиян худдорӣ кунанд.

Дар маҷмуъ, зимни мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат Сарвари давлат изҳори итминон карданд, ки донишмандон ва омӯзгорону зиёиёни фаъол — бо таҳқиқоти арзишманди худ ва мавқеи созандаашон дар рушду пешрафти давлат саҳми бештар мегузоранд ва минбаъд низ рисолати ватандории худро бо садоқат ба Тоҷикистони маҳбуб ва мардуми шарафманди он иҷро менамоянд.

Аз мулоқот марбут ба масоили дарҷшуда хулоса бояд кард, ки беҳтар сохтани инфрасохтори соҳаи маориф, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, дастгирии олимони ҷавон, таваҷҷуҳ ба илмомӯзӣ ва забономӯзии ҷавонону наврасон ва дар умум рушди илму маориф чун ҳамешагӣ таҳти таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошанд.

Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмиву техникӣ» заминаи муҳимми густариши маблағгузории соҳаи илм

Пешвои муаззами миллат қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмиву техникӣ»-ро аз соли 2022 ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки татбиқи қонуни зикршуда метавонад вазъи маблағгузории соҳаи илмро бамаротиб беҳтар гардонида, ба ҳарчи бештар амалӣ шудани дастовардҳои илм дар истеҳсолот мусоидат намояд.

Воқеан, Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ танзим намуда, ба истифодаи самараноки натиҷаҳои фаъолияти мазкур дар раванди истеҳсолот равона шудааст.

Меҳвари сиёсати давлатӣ оид ба тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникиро масъалаҳои зерин ташкил менамоянд:

– дар амал татбиқ намудани натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, ҷорӣ намудани молҳои нав ё такмилдодашуда, равандҳо ва хизматрасониҳо барои ба даст овардани фоида;

– саноатикунонии босуръати мамлакат ва афзоиши истеҳсоли молҳои нави ватанӣ;

– рушди робитаи илм бо амалия тавассути ҳавасмандгардонии тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;

– муътадилгардонии шароити субъектҳои самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;

– рушди ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ ва афзун намудани маблағгузории соҳаи илм аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетӣ ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

Бояд гуфт, ки бо мақсади рушди тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ аз ҷониби давлат тадбирҳои давлатии ҳавасмандгардонӣ ва дастгирӣ роҳандозӣ карда мешавад. Ба ин тадбирҳои давлатӣ, ки ба субъектҳои самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ пешниҳод карда мешаванд, инҳо мансуб мебошанд:

– ҷудо кардани грантҳо барои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст;

– мусоидат ба ташкили истеҳсолоте, ки истеҳсоли маҳсулоти баландсифати технологӣ ва технологияҳои навро дар асоси ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ амалӣ мекунанд;

– ташкили барномаҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ барои субъектҳои самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;

– тадбирҳои дигари ҳавасмандгардонӣ, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ, мақомоти ваколатдори соҳавӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян карда мешаванд.

Дар заминаи чунин чораандешӣ ва кафолати танзими ҳуқуқии масъалаи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ аз ҷониби давлат самаранокии таҳқиқотҳои илмӣ ва ҷавобгӯ будани онҳо ба низоми ҳаёти ҷомеа тақозо мегардад.

Дар натиҷагирӣ аз мазмун ва моҳияти Қонуни мазкур Пешвои миллат баён доштанд, ки «ҳанӯз роҳу воситаҳои татбиқи самараноки қонун таҳия нагардидаанд ва қисми зиёди олимону ихтироъкорони мо доир ба моҳияти он маълумоти кофӣ надоранд».

Дар муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҳсилоти касбӣ раванди робитаи илм бо истеҳсолот ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои олимону ихтироъкорон ба талаботи имрӯза ҷавобгӯй нест.

Сатҳи пасти ҳамкории муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ бо соҳибкорон, шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ, ҷорӣ нагардидани механизми тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва навовариҳо, алоқаи сусти байнисоҳавӣ дар пешбурди таҳқиқот дар асоси қонунҳои бозорӣ, аз ҷумлаи камбудиҳо дар ин самт ба ҳисоб мераванд.

Дар ҳамин замина, аҳли илм ва махсусан таҳқиқотчиёну унвонҷӯёнро зарур аст, ки бо дарназардошти муқаррарот ва нишондодҳои Қонуни мазкур ва дастгириҳои давлатӣ ба коркарду таҳқиқи мавзуъҳои ба талаботи замон мувофиқ ва мубрам машғул гардида, низоми тиҷоратикунонии онро истифода намоянд.

Амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ» василаи муҳимми пайванди илм бо истеҳсолот

Дар баробари масъалаҳои илму маориф, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди ихтироъкориву навоварӣ, тавсеаи «зеҳни сунъӣ» ва истифодаи таҷрибаи давлатҳои пешрафтаро дар ин самтҳо арзишманд ва нақши Паркҳои технологиро барои расидан ба ҳадафҳои мазкур мувофиқу мусоид донистанд. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои амалӣ ва ихтироъкориву навоварӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ»-ро қабул кардем, ки беш аз даҳ сол ин ҷониб амал мекунад. Соли 2021 Паркҳои технологии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакатро аз андоз озод намуда, ба онҳо иловатан як қатор имтиёзҳо додем. Тибқи маълумот ҳоло дар назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 24 Парки технологӣ амал мекунад.

Муссалам аст, ки дар бисёр мамлакатҳо дар асоси таҷҳизоту молҳои воридшаванда бо мутобиқ кардани онҳо ба шароит ва талаботи дохилӣ таҷҳизоту молҳои худиро истеҳсол ва бо ин роҳ воридотро иваз мекунанд.

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ» зери мафҳуми Парки технологӣ-шахси ҳуқуқӣ ё консорсиум, ки ба маҷмуи ягонаи моддию техникӣ ҳуқуқи соҳибмулкӣ дорад ва фаъолияти асосии он пешниҳод ва иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ буда, барои амалӣ намудани лоиҳаҳои инноватсионӣ ва инвеститсионӣ заруранд, фаҳмида мешавад.

Дар ҳамин замина, дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 2011 Парки технологӣ ташкил гардида, дар фаъолияти худ вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд: ҷорӣ намудани натиҷаҳои ниҳоии таҳқиқоти илмӣ ба истеҳсолот; ҳавасмандгардонии қобилияти зеҳнӣ баҳри таҳия ва ҷорӣ намудани технологияи аълосифат дар истеҳсолот; омӯзиш ва истифодаи технологияи аълосифате, ки аз хориҷи мамлакат ворид мешавад; такмили ихтисоси муҳаққиқон ва дигар кормандони илмиву таълимӣ, ки ба фаъолияти инноватсионӣ машғул мешаванд; рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи инноватсионӣ ва технологияи нав ва ғ.

Бояд гуфт, ки истифодаи фаррох аз Парки технологӣ имконият медиҳад, ки доираи васеи донишҷӯёну муҳаққиқон ва мутахассисон дар пайвасти илм ба истеҳсолот саҳм гузоранд. Дар ин замина, Паркҳои технологӣ заминаи мусоид барои фаъолияти муштараки донишмандону муҳаққиқон буда, дар табодули таҷриба ва донишҳои нав миёни муҳаққиқон метавонанд саҳми бузург дошта бошанд.

Дар пайванд ба чунин масъалаҳо метавон иброз намуд, ки истифодаи самаранок аз воситаҳои мазкур, махсусан Парки технологӣ яке аз василаҳои муҳимми роҳандозии корҳои таҷрибавӣ ва амалӣ аз натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ба шумор меравад.

Пешвои миллат махсус иброз доштанд, ки «илова ба кам будани чунин Паркҳо, фаъолияти онҳо ба талабот ҷавобгӯй набуда, аксарашон ба ном вуҷуд доранд. Бо дарназардошти ин, вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки ҷиҳати ба талаботи замон мувофиқ намудани фаъолияти Паркҳои технологӣ то охири соли ҷорӣ тадбирҳои дахлдор андешанд».

Дар заминаи мушкилоти мавҷуда доир ба фаъолияти Паркҳои технологӣ ва дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вазифадор мешавад, ки дар самти пайвасти донишҳои назариявии муҳаққиқону донишҷӯён бо истеҳсолот, ҷоннок намудани баргузории машғулиятҳои амалӣ, дарёфти мутахассисону донишмандони навовару ихтироъкор, яъне дар маҷмуъ пайванди илм ба истеҳсолот чораҳои судмандро роҳандозӣ намояд.

Тавсеаи тафаккур ва ҷаҳонбинии илмӣ василаи асосии пешгирӣ кардани хурофот, ифротишавӣ, зоҳирпарастии динӣ ва гароидан ба ғояҳои иртиҷоӣ

Дар мулоқот таъкид карда шуд, ки бо дарназардошти вазъи пешгуйинашаванда ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир дар зери таъсири манфии омилҳои ҷаҳонишавӣ бо истифода аз нерӯву қувваи созандаи илм зарурати ҳимояи манфиатҳои миллӣ, бехатарии давлатӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, истиқлолияти давлатӣ ва дахлнопазирии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйи кор омадааст.

Дар воқеъ, имрӯз башарият дар асри бисту як дар рубарӯи хатарҳои глобалӣ, ба мисли терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, ҷиноятҳои киберӣ, ҷиноятҳои фаромилии муташаккил, коррупсия қарор дорад, ки онҳо ба амнияти давлат, мудофиаи мамлакат ва дахлнопазирии ҳудуди мамлакат таҳдид менамоянд.

Масъалаи хеле муҳимме, ки ҳанӯз аз солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ боиси ташвиши ҷиддии аҳли ҷомеа гаштааст, хурофот, ифротишавӣ, зоҳирпарастии динӣ ва гароидани ҷавонон ба ғояҳои иртиҷоӣ мебошад. Аз ин рӯ, масъалаи пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиву тундрав ва аз банди хурофот раҳобахшии шаҳрвандон пайваста дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ва дигар ниҳоду сохторҳои масъули давлатӣ қарор дорад.

Дар пайвандӣ ба масъалаи мазкур Пешвои миллат иброз доштанд, ки яке аз омилҳои асосии хурофотпарастӣ ва гароидан ба ғояҳои иртиҷоӣ сатҳи пасти маърифат ва тафаккури илмӣ дар ҷомеа мебошад. Маҳз илму маориф асоси пешрафти давлат ва раҳоии ҷомеа аз ҳама бадбахтиҳо, аз ҷумла ифротишавӣ, хурофотпарастӣ ва ҷаҳолат аст.

Аз ин рӯ, Сарвари давлат бори дигар таъкид доштанд, ки рушди маърифатнокии аҳолӣ, тавқеи тафаккур ва ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷалби бештари ҷомеа, алалхусус наврасону ҷавонон ба илмомӯзӣ, ки бунёди онро илмҳои табиӣ ва риёзӣ ташкил медиҳанд, василаи асосии пешгирӣ кардани хурофот, ифротиашавӣ, зоҳирпарастии динӣ ва гаравидан ба ғояҳои иртиҷоӣ мебошад.

Бо ҳамин мазмун, Пешвои миллат дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат 9-уми марти соли 2024 иброз доштанд, ки ҳар қавму миллате, ки дар рафтори он нишонаҳои ҷаҳолату хурофотпарастӣ густариш меёбанд, он миллат аз зиндагии босаодат маҳрум мешавад. Ҳамзамон, дар вохӯрии мазкур ёдрас шуданд, ки ояндаи Тоҷикистон маҳз аз сатҳи маърифати мардум ва пешрафти илму техника вобаста буда, ҷалби ҷавонону наврасон ба илму дониш ва касбу ҳунар бояд дар маркази таваҷҷуҳи ҳамаи аҳли ҷомеа қарор дошта бошад.

Имрӯз зарурати таърихӣ пеш омадааст, ки дар мубориза алайҳи ин зуҳуротҳои хатарнок, ки ба соҳибихтиёриву истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва амнияти ҷомеаи башар дар умум таҳдид мекунанд, дар қатори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, тамоми қувваҳои солими ҷомеа, ҳар як шахси бонангу номус, ватандӯсту соҳибмаърифат мубориза баранд. Бо дарназардошти ҳолати ҷойдошта, дар шароити кунунӣ зарурати ҳарчи бештари истифодаи қудрату неруи ваҳдатсози илм ҳамчун омили асосии пешгирии хурофот ва ифротишавӣ рӯйи кор омадааст.

Дар пайвандӣ ба масъалаи мазкур Пешвои миллат бо натиҷагирӣ аз сафарии кории хеш ба Ҷумҳурии Италия ва давлати Ватикан моҳи апрели соли ҷорӣ аз аҳли илм тақозо карданд, ки аз таҷрибаи мусбати мамлакатҳои Аврупо, аз ҷумла Италия дар мисоли раҳоии сохторҳои давлатӣ ва аҳли ҷомеа аз таъсири рӯҳониёни мутаассиб ва хурофот дар замони Эҳё ва рӯ овардан ба дунявият мавриди васеъ истифода намоянд.

Аз ин рӯ, зарурат пеш омадааст, ки дар ҳамоҳангӣ бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳамкорӣ бо китобхона ва бойгонии давлати Ватикан, ки ба натиҷаи сафарии кории Сарвари давлат ба Ватикан ва вохурӣ ба Папаи Рим Франсиск моҳи апрели соли ҷорӣ асос меёбад, бо мақсади дастрасӣ ва пайдо намудани иттилооти бештар аз сарчашмаҳои таърихӣ, саҳифаҳои дурахшону нотакрори таърихи пурағановати халқи тоҷик, саҳфаҳои норавшан, ҳуҷҷатҳои нодири таърихӣ муассисаҳои таҳсилотти олӣ корбарӣ намоянд.

Зарур аст, ки дар заминаи маводи бойгонии дастрасшуда таҷрибаи мусбии мамлакатҳои Аврупо дар замони Эҳё (Ренесанс) дар мисоли раҳоии ҷомеаи Аврупо аз таассубу хурофот, нобаробарии иҷтимоӣ, ифротгароии динӣ ва рӯй овардан ба таҳаввулоти илмӣ-фарҳангӣ ва дунявият мавриди омӯзиш қарор дода шавад.

Воқеист, ки Сарвари давлат зимни таълифи осори пурбаҳояшон аз асарҳои олимони ҷаҳон дар бораи маҳфуз будани манбаъҳо ва маълумотҳои солноманигорони юнонию римӣ дар боби таърихи миллати тоҷик огаҳии хуб доранд ва бо ошноӣ ба осори бисёрасраи Ватикан ба ахбори пешиниён эътимод ҳосил карданд.

Гирдоварӣ ва нашр кардани осори арзишманди ганҷурҳои дунё ташаббуси тозаи Сарвари давлат ба шумор меравад, ки масъулияти донишмандони таърихро афзун намуда, ҳамзамон ҷаҳониёнро бо дурдонаҳои таърих ва фарҳанги тамаддунофари миллати тоҷик ошно месозад.

Эмомалӣ НАСРИДДИНЗОДА – ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

(Бознашр аз АМИТ Ховар)