ПАРЧАМ – НИШОНИ СУЛҲУ ВАҲДАТ ВА СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ КИШВАР

284

Парчам аз бузургтарин арзиши имрӯзу фардои кишвар мебошад. Аз ин хотир, парчам аз нигоҳи эътибори умум муқаддастарин рамзи давлатист. Рамзҳои давлатӣ, пеш аз ҳама, нишонаи давлати ташаккулёфтаи комилҳуқуқ мебошанд. Одатан рамзҳое, ки ин ё он давлат доранд, ифодагари ҳуввияти ҳамон миллату халқ аст. Таърихи парчам дар сиёсати давлатдории тоҷикон ба қарни садсолаҳо мерасад. Дар замони давлатдории Пешдодиён, Каёниён, пеш аз ҳама, нишонгари давлат дар парчамбардории онҳо зоҳир меёфт. Аҷдодони мо парчами худро доштанд, ки нишони зӯрӣ, тавоноӣ, фарҳанг, сиёсат, иҷтимоию иқтисодиёти давлаташонро ифода мекард. Дар замонҳои қадим байни мардум одате буд, ки тибқи ақидаи худашон парчамро тоҷи сар мекарданд. Ин эътиқод қуввату тавоноиро дар замирашон нишон медод.

Дар давраҳои гуногун вуҷуд доштани парчам дар маъхазҳои таърихӣ хуб инъикос ёфтааст.

Замони Бохтариён ҳанӯз дар асри 6-и пеш аз мелод ва ҳатто то ҳазорсолаи то мелод вуҷуд дошт. Онҳо парчамҳо меафрохтанд ва ин рамз инъикосгари давлатдории Бохтариён буд.

Ҳамаи он давлатҳое, ки пас аз ҳазорсолаи як соҳиби парчам гаштанд, сарчашмаи онҳо аз Бохтар ва Тахористон аст. Агар мо амиқан ба таърихи худ назар кунем, чӣ дар набарду чӣ дар зулму ҷангҳои шадид аз ҳама пеш рамзи парчамдориро дар мулки ориёинажод мебинем. Ориёиҳо бо парчами худ тавонистанд, дар назди дигар давлатҳо, бахусус румиҳо, византиягиҳо, мақдуниҳо, мисриҳо ва дигар халқиятҳо худро муаррифӣ кунанд. Таъсири бевоситаи онҳо буд, ки дигар халқҳо баир худ парчам сохтанд ва ин парчам тамоми дастоварди давлаташонро ифода менамуд.

Дар замони ҳозира парчами ҳар давлат нишонаи озодӣ ва соҳибистиқлолии ҳамон кишвар аст. Хуб медонем, ки дар ҳама давру замонҳо парчамро ҳамчун тоҷи давлату давлатдорӣ медонанд ва онро дар болои қасру боргоҳҳо меафрозанд. Дар замони пеш ҳамин ҷилваи парчам дар болои кохи шоҳон дида мешуд, ки пойдор будани давлатро хабар медод. Агар дар ҳолати ҷангӣ парчами яке аз тарафҳо афтонда мешуд, ин маънои онро дошт, ки лашкари бепарчам ҳуқуқи ҷангиданро надорад… Имрӯз он нишонаҳое, ки дар парчами мо дида мешавад, ифшогари тавоноии кишвар ва давлатдории тоҷикон аст. Мо дар ин рӯзҳо зери сояи парчами миллӣ пирӯзии кишвари хешро мебинам. Ва метавон гуфт, ки Парчам нишони сулҳу ваҳдат ва соҳибистиқлолии кишвар аст.

Аҳадзода Аслиддин, корманди Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус