ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РУШДИ ИЛМҲОИ ФИЛОЛОГИЯ

602

Илмҳои филологӣ ё ба қавли умум суханшиносӣ, ки дар қаламрави форсизабонон бо унвони улуми адабӣ ёд мешавад, 22 шоха дорад ва аз бузургтарин дастовардҳои миллии ҳар яке аз ин мардумон, аз ҷумла халқи муаззами тоҷик маърифат мешавад, чунки дар мазмуну муҳтавои ин улум ҳам сатҳи маънавият ва ҳам фарҳангу маданият ва низ шуури зебоишинохтиву тафаккури дунёшиносии ҷомеа ва миллат дар дарозои таърих аён мегардад.

Ба андешаи дигар, таърихи зуҳур, ташаккул ва такомули улуми каломи ҳунарӣ ҷузъи муҳимтарини таърихи сиёсиву иҷтимоии таърихи тоҷикон низ ҳаст. Ҳама шебу фароз, болорафту поин шуданҳо, ба авҷи шуҳрат расидан ва гоҳо таназзул ёфтани иқтидори иҷтимоӣ ва зеҳнии мардуми тоҷик дар ҳамин силсилаи улуми адабӣ, хоссатан, дар забону адабшиносӣ ифода меёфт ва чун нек бингарем, имрӯзҳо низ маҳз вазъи адабу фарҳанг собит мекунад, ки миллат то чӣ андоза пешрафт карда, неруи фикриву қудрати зеҳнии хешро дар рӯёрӯи хатари аз миён рафтани вижагиҳои миллии фарҳангӣ бар асари ҷаҳонишавӣ ва таҳоҷуми фарҳангҳои омиёнаву зиёнкори бегона нигаҳ медорад ва устувор мекунад.

Агар ба ин меъёри таърих эътимод дошта бошем, ки кохи фарҳанги ҳар миллате бар се поя – забону дин ва ҳофизаи таърихӣ устувор мебошад, пас, ҳамин унсури аввалӣ, яъне забон моро дар тӯли таърих чун як ҷомеаи бостониву иттиҳоди қавми тамаддунсоз побарҷо нигаҳ доштааст. Маҳз забони миллат аст, ки он миллат вуҷуд дорад ва адами забон гувоҳи адами ҳар қавму миллат аст. Дар ин хусус таърих мисолҳои фаровон дорад. Марҳилаи тиллоӣ ва авҷи камолоти тоҷикон давраи ҳукуматдории Оли Сомон буд, ки баробар бо такомули сохтори давлатдорӣ забон ҳамчун унсури асосии адабу фарҳанг нақши калидӣ дошт. Ин кишвари муқтадири минтақа, мутаассифона, бар асари нохудогоҳии сарварону раҳнамоён, дуруст ба эътибор нагирифтани вазъу ҳолати дигар бозингарони минтақаӣ, суст шудани пояҳои кишвардорӣ тавассути ба бунияи он роҳ ёфтани аносири бегонаи фарҳангӣ, аз ҷумла бар ивази манофеи гурӯҳиву ғаразҳои дигар хиёнат кардани қишрҳои болоии давлат шикаст хӯрд ва дар қаламрави он кишварҳои дигари турктабор сохта шуданд. Дигар тӯли ҳазор сол қавми тоҷик аз давлату кишвардорӣ маҳрум гардид. Аз миёни даҳҳо аносири зинда мондани ин қавм забон нақши аввалдараҷа дошт. Хушбахтона, забон побарҷой монд ва ҳамаи сулолаҳои турктабори ҳоким аз рӯйи эҳтиёҷ забони форсии тоҷикиро ба сифати забони коргузориву давлатдорӣ пазируфтанд. Падидаи мазкур, пеш аз ҳама, рисолати таърихии адибони асримиёнагии тоҷику форсро бозгӯ месозад, ки он тавассути каломи бадеъ ва ғановати таркиби луғавии забон, бақобахшӣ ба ҳастии миллат маърифат мешавад.

Бадеҳист, ки дар ташаккули маънавиёти ҳар халқу миллат забон ва адабиёти он мавқеи меҳварӣ дорад. Зеро маҳз аҳли эҷод дар осори бадеии хеш хулқу атвор, рафтору гуфтор, рӯҳу равон, хислату одоб ва расму русум барин унсурҳои муҳимми фарҳанги миллати хешро инъикос менамоянд, ки ин боиси мондагор гардидани онҳо дар таърихи инсоният мегардад. Муҳимтар аз ҳама, таҷрибаи зиндагии иҷтимоӣ ва фарҳангии миллат, ганҷинаи ҳикмати он маҳз тавассути каломи бадеъ дар дафтари таърих сабт шуда, манзури наслҳои баъдӣ мегардад.

Далели ин осори зиёда аз ҳазорсолаи ниёгони мо маҳсуб мешавад, ки тӯли асрҳо ғанитарин хазонаи маънавии адабиёти умумибашарӣ будааст. Адабиёти ниҳоят бузург ва сершохаи форсии тоҷикӣ, ки дар як вақт ҳам фалсафаву сиёсат, илму ҳикмат, санъату ҳунар ва ҳам ҳувияти фарҳангии мардумро якҷо муҷассам мекард, барои аксар фарҳангу адабиётҳои дигари минтақа ҳамчун эталони эҷоди адабӣ пазируфта мешуд. Марҳилаи аз асри 10 то 15, ки мо онро ҳамчун давраи классикӣ ном мебарем, адабу фарҳанги форсии тоҷикӣ шукӯҳи ҷаҳонӣ дошт ва ягон қавму миллати дигаре дар минтақа набуд, ки аз ин ганҷина баҳра набардошта бошад. Адабиёти баъди қарни 15 то асри 19-и тоҷик низ яке аз беҳтарин адабиёти олам буд, аммо аз нигоҳи ҷуғрофиё дар ҳавзаҳои гуногуни адабӣ пароканда будани осори адабӣ ва сухансароён, имкони дар як воҳиди ҷуғрофӣ, яъне давлат муттамарказ нашудани он монеаҳои зиёдеро барои рушду такомул ба миён меовард.

Баъди шикасту рехти зиёде таърих имкони дубора эҳё шудани шуҳрати оламгири адабу фарҳанги тоҷикро дар садаи 20 фароҳам овард. Бо вуҷуди ҳазорон ҳазор сабабу иллатҳои иҷтимоӣ, маҳрум гардидани тоҷикон аз сарзаминҳои таърихияш, дар кунҷе аз Бухорои Шарқӣ ҷой гирифтани Тоҷикистон маҳз устод Садриддин Саидмуродхоҷа Айнӣ рисолати соҳибӣ кардани адабу фарҳанги миллиро ба ҷо овард. Дар вазъияте, ки мавҷудияти қавми ба қавли устод Айнӣ “муаззами тоҷик” саросар инкор мешуд ва ба давлати мустақил сазовор будани тоҷикон дар солҳои пуртаҳлукаи бистуми садаи 20 зери суол рафта буд, маҳз устод Айнӣ дар заминаи эҳёи суннатҳои адабии миллӣ худшиносии миллии тоҷикон ва ворисияти онро таъмин намуд.

Аввалин рисолати таърихии устод Айнӣ ҳамчун донишманди таърихи адабу фарҳанги тоҷик таълифи “Намунаи адабиёти тоҷик” (Москва, 1926) буд, ки ин асар бо риояи принсипи ҷуғрофии дарёфти суханварони миллии асримиёнагӣ, тамаддунофар ва фарҳангсолор будани миллати тоҷикро собит намуд ва ҳамчун шиносномаи ин миллати куҳанбунёд эътироф гардид.

Раванди мазкурро намояндагони дигари мактаби устод С. Айнӣ – М. Турсунзода, Ҷ. Икромӣ, С. Улуғзода, Р. Ҷалил, М. Миршакар, Ҳ. Юсуфӣ, П. Сулаймонӣ, Б. Раҳимзода, Ф. Ниёзӣ, М. Раҳимӣ ва дигарон идома доданд, ки дар ин миён саҳми Сотим Улуғзода хосса дар таҳаввули насри таърихӣ калидӣ аст. Зеро ин навъи наср тавъам бо истеъдоди фитрӣ дониши бунёдии таърихӣ ва масъулияти махсусро тақозо дорад. Воқеан, Сотим Улуғзода дар ин ҷода соҳибмактаб буда, осори мондагоре, мисли “Субҳи ҷавонии мо” (1953), “Восеъ” (1967), “Аҳмади Дониш” (1946) “Ривояти суғдӣ” (1975), “Пири ҳакимони машриқзамин” (1980) ва “Фирдавсӣ” (1985)-ро эҷод кардааст. Ин осор, пеш аз ҳама, ташаккулдиҳандаи ҳофизаи таърихии миллат, ифодагари сатҳи тафаккур ва тавъам бо он худшиносии комили миллӣ аст.

Даврони шӯравӣ ба рушди илмҳои филологӣ такони ҷиддӣ бахшид. Таъсиси донишкадаҳои илмӣ – тадқиқотӣ, таълимкадаҳову донишгоҳҳо, методу усулҳои наву замонавии пажӯҳиш, ин ҳама сабаби пешрафти суннатҳои адабӣ, тарғибу дастрасгардонии мероси хаттии бостону асримиёнагӣ гардида, болоравии соҳаро таъмин намудааст. Вале, мутаассифона, мафкураи ҳокими комунистӣ маҳдудиятҳои вижаро дар омӯзиши осори адабии асримиёнагӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ роҳандозӣ карда буд, ки он садди роҳи рушди фарҳанги миллӣ мешуд. Идеологияи шӯравӣ махсусан ба осори адабӣ – ҳунарии мазҳабӣ ва тасаввуфӣ – ирфонӣ созиш намекард ва ин ҳолат боиси нокомил мондани омӯзишу дастрасӣ ба он осори ғановатманд гардида буд.

Зудбоварӣ ва фирефтаи талаботҳои ин идеология гардидани сарварони собиқи ҷумҳурӣ боиси маҳдуд гардидани доираи амалкарди забони миллӣ ва рушди адабу фарҳанги миллӣ гардида, тадриҷан дар тинату андешаи соҳибзабонон ангезаи дур гардидан аз таърихи гузашта, беэътиборӣ ба чеҳраҳои барҷастаи адабу фарҳанг ва заиф гардидани ҳофизаи таърихиро густариш дод. Дар зеҳну шуури зиёиёни он давр андешае мавқеъ пайдо карда буд, ки барои ба мақому мартабаи муайян расидан бояд фарзандони онҳо дар мактабҳои русӣ таҳсил кунанд. То кунун реша доштани андешаи нигилистӣ, яъне беэътиборӣ ба аслҳои фарҳангӣ имкон намедиҳад, ки то имрӯз фарзандони чеҳраҳои маъруфи илм ба забони модариашон – забони ноби тоҷикӣ такаллум карда тавонанд.

Бинобар ин, замони соҳибистиқлолӣ дар радифи масъалаҳои зиёди печидаву сарбастаи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ заруратеро пеш овард, ки ба мактабу маорифи миллӣ эътибори вижа дода шавад ва ин самт яке аз соҳаҳои афзалиятнок муаррифӣ гардад.

Ниёзи дигар замони истиқлоли давлатӣ густариш додани худшиносии миллӣ тариқи созмон додани конфронсу ҳамоиш ва симпозиумҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ буд. Воқеан, дар ин самт саҳми роҳбари сиёсии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр бузург аст. Тавассути даҳҳо тадобири илмиву фарҳангӣ Пешвои миллат шахсияту чеҳраҳои маъруфи гузаштаву замони нави илму адабро ба ворисонашон муаррифӣ намуда, дар ташаккул ёфтани худшиносӣ ва густариши ҳофизаи таърихии онҳо саҳм гузоштанд.

Дар замони истиқлол Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фарҳанг” қабул гардид, ки он бузургдошти шахсиятҳои таърихию фарҳангӣ, обод кардани мақбараву оромгоҳҳои онҳоро пешбинӣ намуд. Дар мамлакат 680 ва 700-солагии олим ва маърифатпарвари бузург Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (1995, 2015), 675 ва баъдан 700-солагии шоир ва мутафаккири барҷаста Камоли Хуҷандӣ (1996, 2021), 90-солагии шарқшиноси номӣ, ходими барҷастаи ҳизбӣ ва давлатӣ Бобоҷон Ғафуров (1998), 1100-солагии давлатдории Сомониён (1999), 960-солагии олим ва шоири маъруф Умари Хайём (2001), 90, 100 ва 110-солагии шоир ва мунодии сулҳу дӯстии халқҳо Мирзо Турсунзода (2001, 2011), 2500-солагии шаҳри бостонии Истаравшан (2002), 2700-солагии шаҳри Кӯлоб (2006), 800-солагии шоир ва орифи бузург Ҷалолиддини Балхӣ, 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008), 1310-солагии бузургдошти Имоми Аъзам (2009), 600-солагии шоир ва мутафаккири бузург Абдураҳмони Ҷомӣ (2014), 3000-солагии Ҳисори Шодмон, 400-солагии Сайидои Насафӣ (2018) бо тантана ҷашн гирифта шуданд. 23-юми феврали соли 2010 бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ ба Соли нави миллии тоҷикон – Наврӯз мақоми байналмилалӣ дода шуд.

Ин хидматҳои мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист ҳамон халои маънавиеро, ки ба ҷурми сиёсати собиқ замони Шӯравӣ пайдо шуда буд, пур созад.

Забону адабиёти оламшумули мо дар давраи нав боз ҳам такмил меёбад ва он бо ғояҳои тозаю нав дар замони истиқлолияти кишвари азизамон ташаккул ва рушд мекунад. Омӯзишу таҳлили ин осори бебаҳо ба дӯши он нафаронест, ки забону адабиёт ва фарҳанги миллии хешро гиромӣ дошта, ҳифз мекунанд.

Хушбахтона, дар айёми истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан зуҳури шахсияти сиёсии миллӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ормонҳои миллӣ ҳамаҷониба амалӣ гардиданд.

Маҳдудиятҳои мафкуравӣ хоса дар омӯзиши осори адабӣ – ҳунарӣ бартараф шуда, имкониятҳои фаровони рушду таҳаввул даст доданд. Дар ин раванд бевосита Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши калидӣ доранд. Рисолати таърихии дар ин ҷода баҷоовардаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳам дар осори таълиф намудаашон ва ҳам дар асарҳои ба фаъолияти серсоҳаи ин чеҳраи дунёи сиёсат бахшидашуда метавон мушоҳида кард.

Яке аз бузургтарин рисолатҳои таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таълифи осори илмӣ мебошад. Далели барҷастаи ин гуфтаҳо асарҳои “Тоҷикон дар оинаи таърих” (1996), “Аз Ориён то Сомониён” (1999), “Ориён” (2007), “Забони миллат – ҳастии миллат” (иборат аз ду китоб: китоби 1, 2016, китоби 2, 2020), “Чеҳраҳои мондагор” (2016) мебошанд, ки нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бедорӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва дифои арзишҳои миллӣ бозгӯ мекунанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби “Чеҳраҳои мондагор” оид ба зиндагиномаву корномаи 25 тан чеҳраи таърихӣ баҳс ба миён оварда, мақоми ҳар кадоме аз ин шахсиятҳо ва рисолати таърихии онҳоро мавриди баррасии амиқ қарор додаанд. Дар асар оид ба шаш тан чеҳраҳои сиёсӣ – давлатӣ, ду тан аз саромадони адёни қавмӣ, озодихоҳон, корнома ва мақоми таърихии Паёмбари ислом (с), даҳ тан адибони асримиёнагӣ, чаҳор тан симоҳои адабиёти давраи нави тоҷик баҳсҳо сурат гирифтааст, ки ниҳоят муҳим ва омӯзанда мебошанд.

Китоби мазкур маҳсули андешарониҳои амиқи муаллиф оид ба таъриху фарҳанги бисёрасраи халқи тоҷик мебошад. Муаллиф доираи васеи масъалаҳои муҳимми ба ҳастии миллат иртиботдошта, таъриху тамаддуни халқи тоҷик ва чеҳраҳои баргузидаи онро ба риштаи таҳқиқ кашида, мероси пурғановати фарҳангӣ ва марҳилаҳои асосии тақдирсози таърихи гузаштаро, ки дар ташаккули худшиносии миллӣ нақши бориз доранд, басо муфассал ба таҳқиқ гирифтаанд.

Асари дигари Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат – ҳастии миллат” бо нигоҳи комилан тозаи илмӣ ба авомили инкишофу ташаккул, рушду таҳаввули забони миллӣ ва сайри таърихии он дар заминаи осори муътамаду муътабари марбути соҳа, қиёсан бо ахбори сарчашмаҳои адабию таърихии асримиёнагӣ таълиф шудааст. Чунонки аз унвони китоб бармеояд, бузургтарин рисолати таърихии бар уҳда доштаи забони ҳар миллат бақобахшӣ ба пойдорию ҳастии миллат аст. Аз тарафи дигар, дар асар таъкид мешавад, ки забони миллӣ, пеш аз ҳама, сатҳи тафаккур, ҳофизаи таърихӣ, ҷаҳонбинӣ, ормонҳои миллӣ буда, мартаба ва эътибори миллатро меафзояд. «Ҳамаи мо бояд дар хотир дошта бошем, ки забони тоҷикӣ дар ҳама даврони таърихи тӯлонии халқамон нишонаи гӯёи ҳастии мо ва омили муҳимтарини ҳифзи мероси камназиру гаронмояи аҷдоди некному хирадмандамон будааст. Ин забон забони сулҳу дӯстӣ, меҳру муҳаббат ва садоқату бародарист. Гузаштагони мо низ забони хешро маҳз бо ҳамин сифатҳои олии он ситоиш кардаанд» (Эмомалӣ Раҳмон. Забони миллат – ҳастии миллат. – Душанбе, 2016).

Дар фаҳми сиёсии Сарвари давлат забон як рукни меҳварии давлатдории миллӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, баробари ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони миллӣ, шароити такмил, ғановат ва рушду таҳаввули он ҷиддан таҷдиди назар шуда, ғамхории хоссаи ҳукумати миллӣ ба ин сарвати бебаҳои халқ пайваста мушоҳида мешавад. Давлати соҳибистиқлоли мо дар омодасозии мутахассисони соҳибмаълумоти соҳаи филологияи тоҷик ҳамвора эътибор дода, дар як муддати кутоҳ чандин коллеҷҳои омӯзгорӣ, донишгоҳҳову донишкадаҳои дорои равияи филологӣ кушод, ки дар таълимгоҳҳои мазкур мутахассисони соҳаи филологияи тоҷик тайёр карда мешаванд.

Ҳукумати соҳибистиқлоли миллӣ барои омодасозии мутахассисони соҳибунвони ҷодаи мазкур пайваста ғамхориҳо зоҳир менамояд. Аз ҷумла, ташкили Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтитоҳи Шӯроҳои диссертатсионӣ дар соҳаҳои гуногуни равияи илмҳои филологӣ, аз ҷиддитарин иқдомоти ғамхоронаи давлату ҳукумат дар як муддати кутоҳи таърихӣ аст, ки баҳри болоравии ҳамаҷонибаи соҳа комилан мусоидат мекунад. Инчунин, дар назди ҳар кадоме аз ин донишгоҳу донишкадаҳо, пажӯҳишгоҳҳо таъсис додани маҷаллаҳои илмии мансуб ба КОА худ далели дастгирии мутахассисони соҳа ва риштаҳои гуногуни илми филология аст. Ин худ гувоҳи он аст, ки давлат ва ҳукумати миллӣ ба илмҳои филологӣ ҳамчун соҳаи тафаккурсози миллат ғамхориҳои пайваста менамояд.

Сироҷиддини Эмомалӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор