РАМЗИ НАНГУ НОМУСИ ВАТАНДОРӢ

244

Аз рӯзе, ки миллати соҳибфарҳанги тоҷик соҳиби Парчами давлатӣ гардид, то имрӯз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавии мамлакат дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд. Ва муҳимтар аз ҳама, қабули Парчам ба болоравии ҳисси миллӣ ва сатҳи худшиносии мардуми Тоҷикистон мусоидат намуд.

Хусусан, дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ, яъне замоне, ки мардуми мо ба эъмори давлати навини худ шурӯъ намуданд, парчами давлати тозаистиқлоламон барои шинохти асолати миллӣ, эҳёи суннатҳои давлатдорӣ ва сарҷамъу муттаҳид намудани кулли сокинони мамлакат нақши бағоят арзишманд бозид.

Парчам ҳамчун рамзи нангу номуси ватандорӣ дар он шабу рӯзҳои тақдирсоз тавонист, ки эҳсоси гарми ватандориро дар қалби ҳар як фарди кишвар бедор созад ва миллатро ба сӯи фардои ободу осуда раҳнамоӣ кунад. Мардуми шарифи кишвар таҳти Парчами давлатӣ раванди ободкориву созандагиро оғоз намуда, то ба имрӯз дар бахшҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ба пешравиҳои назаррас ноил гардиданд ва ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои замони истиқлолият содиқона заҳмат менамоянд. Корнамоиву заҳмати софдилонаву ватандӯстонаи сокинони Тоҷикистон дар тули сиву як соли соҳибихтиёрӣ нишонаи равшани муҳаббати самимона ба марзу буми аҷдодӣ ва рамзҳои давлати соҳибистиқлоламон, сол аз сол боло рафтани эҳтироми хурду бузурги мамлакат ба Парчами давлатӣ ва арҷгузорӣ ба гузаштаи пурифтихор ва ояндаи дурахшони Ватани азизамон мебошад.

Воқеан, парчами давлати соҳибистиқлоли мо инъикоскунандаи таъриху фарҳанг ва расму оинҳои деринаи давлатдории миллиамон, баёнгари мақсаду мароми сокинони мамлакат буда, ба онҳо дар роҳи бунёди ояндаи дурахшон нерӯву қудрати созандагӣ мебахшад. Аз ин рӯ, Парчам барои мардуми тоҷик рамзи ватандорӣ, сарбаландӣ ва шуҷоату мардонагӣ буда, халқи мо аз замонҳои қадим ба он ҳамчун василаи муттаҳидкунанда арҷ мегузорад.

Имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик ин нишони садоқатро баланд бардошта, аз дурахши рангу ҷилои зебои он ифтихор мекунанд. Бо гузашти қариб се даҳсола ин рамзи миллӣ ба мазҳари меҳанпарастӣ табдил ёфта, мардум ва махсусан, ҷавононро дар атрофи худ муттаҳид менамояд, ҳисси ватандӯстиашонро бештар мегардонад, умед ба ояндаи некро дар қалбашон қавӣ сохта, дар замири ҳар фарди миллат ҳисси эҳтиром ба истиқлолу озодии Тоҷикистони азизро тақвият мебахшад.

Ҳамин аҷгузорӣ ба парчам аст, ки Парчами миллӣ бар фарози иншооти азим, ташкилоту идораҳои давлатӣ, муассисаҳои фарҳангиву таълимӣ ва коргоҳу корхонаҳо барафрохта шуда, солҳои охир дар маркази шаҳру ноҳияҳои мамлакат даҳҳо майдони парчам бунёд гардиданд. Ҳоло ин майдонҳои парчам ба макони баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва ҳамоишҳои ватандӯстонаи мардуми кишвар, аз ҷумла ҷавонон табдил ёфтаанд.

Парчами миллӣ ба мо имкон дод, ки ба мазмуну моҳияти ҳаёти давлати худ бо диди нав назар андозем, ба таърихи гузаштаамон бо чашми ибрат нигоҳ кунем ва ба сӯи ояндаи дурахшони давлату миллат бо эътимоди қавӣ қадамҳои устувор гузорем. Рӯйдодҳои охири ҷаҳони муосир нишон медиҳанд, ки воқеаҳои даҳшатноку фоҷиабор, ки дар натиҷаи бархӯрди манфиатҳои қудратҳои сиёсии ҷаҳонӣ ба амал меоянд, барои хатару таҳдидҳои нав, ба монанди вусъат ёфтани фаъолияти гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ замина фароҳам оварда, ба амнияти давлатҳо, аз ҷумла ба фазои орому осоиштаи Тоҷикистони азизи мо таҳдид менамоянд.

Аз ин рӯ, мо бояд ба масъалаи суботу амнияти Ватани азизамон ва ҳифзи давлату давлатдорӣ диққати боз ҳам бештар дода, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, манфиатҳои миллии худро ҳифз намоем ва дар зери Парчами давлатӣ ҳамеша муттаҳиду сарҷамъ бошем.

Қодирзода Ф.А., муовини ректори ДМТ оид ба иқтисод ва иҷтимоиёт