РУШДИ САНОАТИ МИЛЛӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

5499

Дар арафаи 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони азиз қарор доштан масъулияти моро нисбати ҳифзу нигоҳдорӣ ва устуворсозии пояҳои асосии он дучанд зиёд месозад. Дар ин росто мо бояд ба комёбиҳои дар ин замон бадастомада назаре дошта бошем, ки то кадом андоза тавонистем дар баробари истиқлолияти сиёсӣ, инчунин, истиқлолияти иқтисодии кишварро низ аз ҳисоби рушди соҳаҳои пешбар, махсусан саноат, таъмин карда тавонистаем. Новобаста аз он ки дар ибтидои солҳои мустақилият мушкилиҳо буданд, аммо то имрӯз, яъне то 30-солагии Истиқлолият натиҷаҳо ин самт назаррас ва хурсандибахшанд. Пеш аз овардани далелу санадҳо оид ба дастоварду комёбиҳо дар самти рушди саноати миллӣ вазъи ин соҳаро дар пасманзари даврони гузариш бояд таҳлил намоем.

Қайд кардан зарур аст, ки дар даҳсолаҳои охири мавҷудияти собиқ ИҶШС Тоҷикистон ба яке аз ҷумҳуриҳои иқтисодиёташ ба саноат такякунанда табдил ёфта буд. Дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳиссаи маҳсулоти саноатӣ нисбат ба маҳсулоти кишоварзӣ зиёд буд. Соли 1991 шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ дар ҶШС Тоҷикистон ба 2308 адад мерасид. Аз миқдори умумии корхонаҳои саноатӣ дар ҶШС Тоҷикистон 425 ададаш корхонаҳои нисбатан калон буда, аз онҳо 207 корхонаҳои саноати вазнин ва 119 адад корхонаҳои саноати сабук буданд.

Ҷанги шаҳрвандӣ (1992 -1997) ба фаъолияти саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши манфӣ гузошт. Корхонаҳои саноатии Тоҷикистон аз соли 1996 инҷониб аксар аз фаъолият бозмонданд. Соли 1997 истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбати соли 1990 32,3% кам шуд. (СаноатиТоҷикистон: масъалаҳоимодернизатсия // Монография (бозабонирусӣ): зеритаҳрири академики АИ ҶТ Қаюмов Н.Қ. – Душанбе, 2017. – С.125)

Баъд аз ба даст овардани Ваҳдати миллӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон ибтидо аз солҳои 2000-ум ба бунёди саноати миллӣ ва барқарорсозии он шуруъ намуд. Дар ин самт якчанд барномаю стратегияҳо тасдиқ карда шуда, амалӣ гардиданд:

1. Консепсияи рушди саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.12.2003с., №523);

2. Барномаи рушди саноати сабук дар ҶТ барои солҳои 2006-2015 (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 31.10.2005с., № 422);

3. Барномаи татбиқи дастовардҳои илмию техникӣ дар истеҳсолоти саноатии ҶТ барои солҳои 2010-2015 (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.10.2009, № 574)

Дар натиҷаи гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ ва амалигардонии чораҳои зарурӣ дар самти рушд ва инкишофи саноати миллӣ, сол то сол нишондиҳандаҳои иқтисодии саноати Тоҷикистон беҳтар гардиданд. Солҳои 2010-2015 истеҳсолоти саноатӣ дараҷаи пешинаи худро барқарор намуда, соли 2015 ин нишондиҳанда ба 114,8% нисбат ба соли 1990 афзун гардид. (СаноатиТоҷикистон: масъалаҳоимодернизатсия // Монография (бозабонирусӣ): зеритаҳрири академики АИ ҶТ Қаюмов Н.Қ. – Душанбе, 2017. – С.126)

Ин рақамҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки танҳо баъд аз 24 соли Истиқлолият ва 18 соли Ваҳдати миллӣ амалигардонии сиёсати саноатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки истеҳсолоти саноатӣ аз дараҷаи солҳои 90-уми асри гузашта 14,8% зиёд гардад. Солҳои баъдӣ низ ин нишондиҳанда зиёд шуда истодааст, ки аз дуруст ба роҳ мондани сиёсати саноатии давлат гувоҳӣ медиҳад.

 Бо мақсади амалисозии ҳадафҳои дарозмуҳлат ва афзалиятҳои рушди кишвар Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.03.2018, таҳти №159 тасдиқ гардид.

Инчунин, дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 26-уми декабри соли 2018 ҳамчун дастур ироа гардид, ки нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ- индустриалӣ ба индустриалӣ- аграрӣ бояд таъмин кард. Зеро устувории мавқеи саноат дар таъмини истиқлолияти иқтисодии Тоҷикистон ва ҳалли масоили муҳимтарини иҷтимоӣ, аз ҷумла афзун намудани ҷойҳои корӣ ва ба маротиб баланд бардоштани некуаҳволӣ, таъмини бехатарӣ ва рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо шароити мусоид фароҳам меоварад.

Нақш ва аҳамияти соҳаи саноатро дар рушди иқтисодиёти миллӣ муҳим шуморида, Пешвои миллат дар Паём соли 2018 чунин пешниҳод намуданд: «… Бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод менамоям, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад.»

Баъди эълон гардидани саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд барномаю стратегияҳои давлатӣ дар самти рушди соҳаи саноат тасдиқ карда шуданд:

1. Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2022 (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 29 марти соли 2019, №128);

2. Барномаи рушди саноати хуроквории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31 июли соли 2019, №373);

3. Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 27 майи соли 2020, №293 )

Таҳия ва татбиқу амалигардонии барномаю стратегияҳои зикргардида имкон додаанд, ки имрӯз шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 2274 расида, тибқи ҳадафҳои муайянгардида дар ҳафт соли оянда бояд ба зиёда аз 3500 расонида шавад, яъне беш аз 54 фоиз афзоиш ёбад. Агар соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бақайд гирифта шуда бошад, пас танҳо соли 2020–ум 300 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо зиёда аз 6500 ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шудаанд. Соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 9,7 % афзоиш ёфтааст. Ҳиссаи соҳаи саноат низ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ сол ба сол зиёд шуда истодааст ва тибқи пешбиниҳо то амалишавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бояд ба 22-23%-ро ташкил диҳад.

Эътимоди комил дорем, ки солҳои баъдӣ низ нишондиҳандаҳои иқтисодии тамоми соҳаҳои саноати миллии мо мусбӣ ҷамъбаст мешаванд.

Раҳмонов Ҷ.Р.