САНАИ МУБОРАКУ САРНАВИШТСОЗ

486

ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН, ПРОФЕССОР ХУШВАХТЗОДА ҚОБИЛҶОН ХУШВАХТ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!

Боиси ифтихор аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар санаҳои муҳимми таърихӣ ҷашн гирифта мешаванд. Яке аз чунин санаҳои таърихӣ ва барои миллати тоҷик сарнавиштсоз 16-уми ноябр мебошад. Мақсад аз рӯзи ид муайян кардани рӯзи 16-уми ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави давлатсозӣ оғоз гардида буд.

16-уми ноябр Иҷлосияи тақдирсоз доир гардид. Воқеан, Иҷлосия дар таърихи кишвари соҳибистиқлоламон бузургтарин рӯйдоди сиёсӣ буда, дар таърих мақоми махсусро ишғол менамояд. Маҳз он давлати моро аз вартаи ҳалокат наҷот дода, пояҳои давлати тозабунёди тоҷиконро таҳким бахшид. Бо ин Иҷлосия дар таърихи навини халқи тоҷик марҳилаи нави давлатсозӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ оғоз ёфт, ки то имрӯз идома меёбад. Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент пазируфта шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати сулҳҷӯёна давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофаш мутаҳҳид ва ба қалби мардум шӯълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд. Ҳамаи дастовардҳои назарраси имрӯза бо ин Иҷлосияи сарнавиштсози таърихӣ иртиботи қавӣ доранд, ки он ҳама дастовардҳо тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ба вуқуъ омадаанд.

Аз ин рӯ, ҷашн гирифтани Рӯзи Президент ин боварии мардум ба хизматҳо ва талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат мебошад.

Устодону ҳамкорон ва шогирдони гиромӣ!

Таҷлили ин рӯзро метавон иди хештаншиносӣ, фараҳу шодкомӣ ва саодату шарафмандии ҳар як фарди ватандӯсти миллати тоҷик унвон кард. Имрӯз моро зарур аст, ки дар атрофи Президенти худ ҷамъ оем, эҳтиром ба корномаи беназири Пешвои муаззами миллат дошта бошем.

Ба Рӯзи Президент кулли устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ ва дар симои онҳо мардуми шарифи кишвари азизамро самимона муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон сулҳу сафои ҷовидонаро таманно менамоям.