САНОХОНИ МИЛЛАТ

305

Бо варақгардон кардани таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол (тамошои филмҳои мустанад, мутолиаи асарҳои илмиву таърихӣ ва бадеӣ) муҳиммияти Иҷлосияи XVI Шурои Олии мамлакат ва нақши Пешвои муаззами миллат дар эъмори сулҳу суботи кишвар бештару беҳтар эҳсос мегардад. Ҳанӯз аз аввалин суханрониҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рафти ин Иҷлосияи тақдирсоз иродаи қавӣ, матонат ва донишу заковаташон маълум ва ҳадафҳои асосӣ ва стратегии давлати Тоҷикистон, аз ҷумла арзишҳои пазируфташудаи фарҳанги ҳуқуқӣ муайян шуданд.

Бурҳони қотеъ аст, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулкардаи Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдомоти пайдарпайи роҳбарияти сиёсии дар Иҷлосия интихобгардида барои хотима гузоштани ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини сулҳу суботи ҷомеа, таҳкими ҳокимияти давлатӣ, тақвияти Истиқлоли давлатӣ ва бунёдкориву созандагӣ заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузоштанд.

Ҳамасола, аниқтараш аз 16-уми ноябри соли 2016 инҷониб мардуми шарафманди тоҷик ба хотири арҷгузорӣ ва эҳтиром ба мансаби олии давлатӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи садоқат ба Ватан, Президент ва миллат рӯзи Президенти маҳбуби худро бошукӯҳ ҷашн мегирад. Шукӯҳи ин ҷашни хотирмон нишони муҳаббат ва садоқат ба Пешвои миллат ва гувоҳи қадршиносиву қаноатмандӣ нисбат ба Президенти кишвар аст. Воқеан ҳам, кору пайкори ибратбахши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат шоистаи офаринҳо ва намунаи ибрат аст. Тули фаъолияти худ Сарвари давлат халқи тоҷикро, дар симои фарзонаи худ, ҳамчун миллати соҳибтамаддун, бофарҳанг, созанда, бунёдкор ва сулҳофар муаррифӣ менамояд. Бо таваҷҷуҳ ба арзишҳои маънавию моддӣ, чеҳраҳои мондагори миллат дар таҳкими худшиносии миллии тоҷикон ва ҳифозати хотираи таърихӣ хидматҳои беназир анҷом медиҳанд ва ҳамеша дар тамоми суханрониҳояшон анҷоми ин амали некро ба насли ҷавон талқин менамоянд.

Бо назардошти заҳматҳои беқиёс ва босамари Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, бунёди давлати миллии тоҷик, барқарории ҳокимияти сиёсии давлатӣ ва истиқлолият, пешгирии хатари нобудшавии миллат, хомӯш намудани оташи ҷанги дохилӣ ва барқарор кардани сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, халқи тоҷик Президенти худро – Ифтихори худ медонад ва шукргузор аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол акнун нисбати дирӯзу солҳои пеш ободу озоду зебо ва дар амну осоиш аст.

Аз ин рӯ, дар фазои сулҳу субот ва ободу озоди Тоҷикистони азиз зиндагонӣ карда, ҳар як фарди соҳибақлро лозим аст, ки аз доштани ин неъмати бебаҳо шукргузор ва дар талоши ҳифзу ҳимояти он чун Президенти худ ҳамеша дар сайъу талош бошад.

Ӯ ифтихору нусрати армони миллат аст,

Фархундабахту ҳамду санохони миллат аст.

Эй ҳамватан, биёву муродиф ба ҳам шавем,

Миллат вуҷуди Меҳану ӯ ҷони миллат аст.

Ҳайдарова С. А.,номзади илмҳои филология