САРМОЯГУЗОРИҲОИ ХОРИҶӢ – МАНБАИ МУҲИММИ ТАЪМИНИ РУШДИ УСТУВОРИ ТОҶИКИСТОН

617

 Истиқлолияти давлатӣ барои кишвари азизамон Тоҷикистон як ганҷи бебаҳо ва муқаддас аст. Дар тӯли 30 соли истиқлолият Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳои давлатдорӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Бо боварӣ метавон гуфт, ки миллати тоҷик дар таърихи чандин ҳазорсолаи худ чунин сатҳи имрӯзаи рушдро соҳиб нагардида буд. Аллакай Тоҷикистону тоҷикистониёнро дар тамоми дунё мешиносанд ва эҳтиром менамоянд.

Масъалаи марказӣ барои ҳар як мамолики ҷаҳон ин рушду нумӯи иқтисодии он мебошад ва ҳукуматҳои онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ин ки сатҳи некӯаҳволиро дар кишвар баланд бардоранд. Тоҷикистон дар ин ҷода дар давраи истиқлолияти худ бурдбориҳои зиёдеро ба даст овард. Масалан, аз соли 1997, яъне пас аз соли ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ иқтисодиёти Тоҷикистон рушд ёфтааст. Соли 2020, ки хоҷагии ҷаҳонӣ якумин маротиба дар 90 соли охир бо сабаби пандемияи COVID-19 ба 4,3% ихтисор гардид, Тоҷикистон аз ҷумлаи мамлакатҳои камчине буд, ки дар ин шароит рушди иқтисодӣ нишон дод. Ҳаҷми содироти мамлакат низ, ки аз лаҳзаи соҳибистиқлолият қариб 12 маротиба зиёд гардид, дар соли гузашта ба 17,6% афзуд. Содироти ҷаҳонии молҳо бошад соли гузашта ба 7,6% ихтисор гардид.

Қайд намудан зарур аст, ки дар хоҷагии ҷаҳонии муосир дар байни мамлакатҳо рақобати шаддид барои ҷалб намудани сармоягузориҳои хориҷӣ дида мешавад, чунки онҳо метавонанд рушди устувори иқтисодиро таъмин карда, рақобатпазирии иқтисодиёти миллиро афзоянд ва ҳамин тариқ мавқеи онро дар бозори ҷаҳонӣ мустаҳкам намояд. Хусусан барои Тоҷикистон, ки пас аз хисоротҳои зиёди ҷанги шаҳрвандӣ дар баробари нокифоя будани захираҳои молиявӣ ба молиякунонии иқтисодиёт ниёз дошт, нақши сармоягузориҳои хориҷӣ басо муҳим буд ва мебошад. Қобили зикр аст, ки дар ин ҷода тайи солҳои охир кишвари мо тавонист сармоягузориҳои хориҷиро ба соҳаҳои муҳимми иқтисодиёти миллӣ, чун энергетика, саноати коркард, саноати истихроҷ, инфрасохтор, хоҷагии қишлоқ ва ғайра ҷалб намояд. Агар дар соли 1992 ҳаҷми умумии сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ танҳо 0,45%-и маҷмӯи маҳсулоти дохилаи мамлакатро ташкил медоданд, ҳоло бошад ин нишондиҳанда ба зиёда аз 2,5% расидааст ва дар соли 2008 то ба 15,8%-и ММД расида буд, ки ин аз нишондиҳандаҳои миёна барои мамлакатҳои ҷаҳон ва мамлакатҳои иқтисодиёташон дар давраи гузариш ба таври назаррас зиёд аст.

Бо кӯшишу талошҳои роҳбарияти мамлакат иқлими сармоягузории Тоҷикистон мукаммал гардид. Ба роҳ мондани муносибатҳои судманди байналхалқӣ, ташкили институтҳои нави иқтисодӣ, такмили қонунгузориҳо ва ғайра тавонистанд иқтисодиёти Тоҷикистонро барои сармояи байналхалқӣ ҷолиб гардонанд. Масалан, дар рейтинги бонуфузи Бонки Умумиҷаҳонӣ – «Doing Business», ки иқлими сармоягузорӣ ва соҳибкориро дар кишварҳои ҷаҳон баҳогузорӣ менамояд, Тоҷикистон дар тайи 15 соли охир ба 27 мавқеъ боло баромадааст. Дар соли 2020 Бонки Умумиҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба даҳгонаи мамлакатҳое, ки ислоҳотҳои назаррасро дар ин самт гузаронидаанд, мансуб донист. Новобаста аз ин, Ҳукумати кишварамон барои боз ҳам беҳтар гардонидани иқлими сармоягузорӣ кӯшишу талошҳои худро идома дода истодааст. Айни замон Тоҷикистон бо зиёда аз 40 мамлакати ҷаҳон созишномаҳои дуҷониба оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ба имзо расонидааст.

Ҳоло дар Тоҷикистон зиёда аз 200 лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои муҳимми иқтисодиёт ба нақша гирифта шудаанд, ки амалинамоии онҳо барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ нақши муҳим мебозанд. Ин лоиҳаҳо ба молиякунонӣ ниёз доранд ва сармоягузориҳои хориҷӣ эҳтимолан яке аз манбаҳои асосӣ баромад мекунанд.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки кишвари азизамон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон новобаста аз муҳлати начандон калон ва вазъияти муташаниҷҷи солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ тавонист дар ҷодаи ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ бурдбориҳои назаррасро соҳиб гардад. Аммо дар ҷодаи ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ҳоло бисёр корҳоро ба анҷом расонидан лозим аст, вале пойдевори ин сиёсат дар солҳои соҳибистиқлолӣ самараи нек овард.

Содиқзода Парвиз,

 н.и.и., дотсенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон