Шуъбаи ахбори илмию техникӣ

Шуъбаи ахбори илмӣ-техникӣ

Шуъбаи ахбори илмӣ-техникӣ дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Низомнома ва Оинномаи донишгоҳ, амру фармоишҳои роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият менамояд.

Аз таърихи шуъба

Ба мақсади банақшагирии корҳои илмӣ-пажӯҳишӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 1973 бахши илмӣ-таҳқиқотӣ (БИТ) таъсис ёфт, ки то моҳи октябри соли 1987 фаъолият дошт. Роҳбарии ин бахшро дар солҳои гуногун Шагалов Е. С. (1973-1974), Бобоев Т. Б. (11974-1978), Тӯйчиев Ш. Т. (1978-1980), Аминҷонов А. О. (1980-1987) бар дӯш доштанд. Моҳи октябри соли 1987 бахши илмӣ-таҳқиқотӣ ба қисмати илмӣ-тадқиқотӣ табдил дода шуд, ки роҳбарии он ба уҳдаи проректори корҳои илмӣ, профессор Назаршоев М. Н. вогузор гардид. Муовини аввали ноибраиси корҳои илмӣ-пажӯҳишӣ солҳои 1987-1990 н.и.к., дотсент Аминҷонов А. О. таъйин гардид. Аз соли 1987 то соли 1991 Валаматзода Т. Ғ. чун муовини проректори корҳои илмӣ ва минбаъд дар вазифаи муовини ноибраиси корҳои илмӣ-пажӯҳишӣ д.и.ф.-м., профессор Сатторов А. С., д.и.ф.-м., профессор Нуруллоев М., д.и.к., профессор Каримов М. Б. ва н.и.к., дотсент Кабиров Н. Г. фаъолият намудаанд.

Дар заминаи бахши корҳои илмӣ-пажӯҳишӣ аз 28.02.1979 № 160-6 фармони ректори донишгоҳ барои ташкил кардани сохтори корҳои ахбори илмӣ-техникӣ (дар асоси фармони Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси СССР аз 1.02.1977  № 805) содир мегардад. 28.10.1980 № 625-9 фармони дуюми ректори донишгоҳ зери сарпарастии муовини ректор оид ба корҳои илмӣ қарор додани сохтори корҳои ахбори илмӣ-техникӣ содир мегардад. 17.09.1987 № 835-9 фармони ректори ҳамонвақтаи донишгоҳ Назаров Т. Н. барои ба фаъолият оғоз кардани сохтори корҳои ахбори илмӣ-техникӣ дар назди муовини ректор оид ба илм имзо мешавад, ки Юдина Р. М. мудири он таъйин мегардад.

Аз 7.10.1993 № 378-9 фармони ректори донишгоҳ оид ба қатъ кардани фаъолияти шуъбаи ахбори илмӣ-техникӣ дар назди қисмати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва аз 1.01.1994 мустақим фаъолият намудани шуъба оид ба мавзӯъҳои фармоишии кафедраҳои тахассусӣ ва умумидонишгоҳӣ, ки аз тарафи буҷаи давлат маблағгузорӣ мешаванд, имзо мегардад ва то кунун шуъба бо ҳамин ном фаъолият дорад.

Аз сентябри соли 1987 то августи соли 2012 Юдина Р. М., аз сентябри соли 2012 то ноябри соли 2014 Собирова Н. Т. вазифаи сардори шуъбаи ахбори илмӣ-техникиро ба уҳда доштанд. Аз ноябри соли 2014 то кунун вазифаи сардори шуъбаи ахбори илмӣ-техникиро Абдуллозода Р. бар дӯш дорад.

Самтҳои фаъолияти шуъба

Чунонки дар боло зикр шуд, банақшагирии корҳои илмӣ-пажӯҳишӣ дар ДМТ аз соли аввали таъсисёбиаш оғоз гардида буд. Масалан, соли 1951 Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси СССР «Нақшаи корҳои илмӣ-пажӯҳишӣ»-и донишгоҳро барои чаҳор соли оянда тасдиқ намуд, ки 19 мавзӯи илмӣ-пажӯҳиширо дар бар мегирифт. Соли 1952 баробари анҷом ёфтани мавзӯъҳои корҳои илмӣ-пажӯҳишӣ ду китоби дарсӣ барои мактабҳои умумӣ ва ҷилди аввали осори илмии ДМТ (дар бахши илмҳои риёзиёт, механика ва кимиё) рӯйи чоп омаданд.

Акнун, тӯли 68 соли фаъолияти пурсамар дар бахши корҳои илмӣ-пажӯҳишӣ донишгоҳ теъдоди мавзӯъҳои илмӣ-пажӯҳиширо аз 19 ба 135 расонид. Масалан, «Нақшаи дурнамои корҳои илмӣ-пажӯҳишӣ барои солҳои 2016-2020»-и ДМТ фарогири 111 мавзӯи илмӣ-пажӯҳишии кафедраҳои тахассусӣ ва умумидонишгоҳӣ буда, 24 мавзӯи илмӣ-пажӯҳишии дигар дар Институти илмӣ-таҳқиқотӣ дар шакли лоиҳа пажӯҳиш мешаванд, ки дар умум 135 мавзӯъро ташкил медиҳанд. Мавзӯъҳо дар чор бахши илм: бахши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, бахши илмҳои иқтисодӣ, бахши илмҳои ҷомеашиносӣ ва бахши илмҳои филологӣ пажӯҳиш мешаванд. Вобаста ба зиёд шудани мавзӯъҳои илмӣ-пажӯҳишӣ шумораи мактабҳо, озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ низ дар донишгоҳ афзуд.

Шуъбаи ахбори илмӣ-техникӣ дар тӯли фаъолияти худ дар баланд бардоштани самаранокии дастрасии ахбор барои кормандони илмӣ-техникӣ, ҳайати устодону кормандон, докторантон, аспирантон ва донишҷӯён хизмати назаррасу нотакрор кардааст. Фаъолияти шуъба аслан аз ҷамъоварӣ, банақшагирии дурнамо ва нақшаи солонаи корҳои илмӣ-пажӯҳишӣ; ҳар панҷсола омода кардани варақаҳои бақайдгирии кафедраҳои тахассусию умумидонишгоҳӣ ва гирифтани рақами қайди давлатӣ аз Маркази миллии патент ва иттиллоот барои пажӯҳиши мавзӯъҳои илмӣ; ҳамасола ҷамъоварӣ, банақшагирӣ ва баргузории чорабиниҳои илмии сатҳашон гуногун дар донишгоҳ ва пешниҳоди нақшаи чорабиниҳои илмии донишгоҳ ва ҳисобот аз натиҷаи баргузории онҳо ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон; таҳлилу баррасиҳои мавзӯъҳои илмӣ-пажӯҳишӣ ва мактубҳои иттилоотии конференсияҳои сохторҳои илмию донишгоҳҳои олии дохилу хориҷи кишвар ва хабардору сафарбар намудани аъзоёни кафедраҳо ба онҳо; ҳамасола таҳлили пешниҳодҳо оид ба муҳити кории зарарнок дар донишгоҳ; ҳар панҷсола ҷамъоварӣ ва пешниҳоди ҳисоботҳои панҷсолаи мавзӯъҳои фармоишии кафедраҳои тахассусию умумидонишгоҳӣ ба Маркази миллии патент ва иттиллоот ва гирифтани маълумотномаҳо оид ба анҷом пазируфтани пажӯҳиши мавзӯъҳои илмӣ; ҳамасола ташкил ва баргузор намудани конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявии ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ бахшида ба «Ҳафтаи илм» ва таҳияи маводи он барои чоп иборат аст.

Сардори шуъбаи ахбори илмӣ-техникӣ шахсе таъйин карда мешавад, ки дорои маълумотӣ олӣ, номзади илм, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури илмӣ дошта, аз мактабҳо (ҳавзаҳои) илмии ҷумҳурӣ ва ҷаҳонӣ огоҳ бошад, технологияи муосир ва забонҳои тоҷикию русӣ (ё англисӣ)-ро хуб донад.

Шуъбаи ахбори илмӣ-техникӣ дар ҳайати худ ду корманд дорад: сардори шуъба ва сармутахассиси шуъба.

БАРНОМАИ  КОНФЕРЕНСИЯИ УМУМИДОНИШГОҲИИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВИИ ҲАЙАТИ УСТОДОНУ КОРМАНДОНИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН БАХШИДА БА «30-ЮМИН СОЛГАРДИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН», «СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ЭЪЛОН ШУДАНИ СОЛИ 2024» ВА «БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР СОҲАИ ИЛМУ МАОРИФ (СОЛҲОИ 2020-2040)»

МАВОДИ КОНФЕРЕНСИЯИ УМУМИДОНИШГОҲИИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВИИ ҲАЙАТИ УСТОДОНУ КОРМАНДОНИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН БАХШИДА БА «30-ЮМИН СОЛГАРДИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН», «СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ЭЪЛОН ШУДАНИ СОЛИ 2024» ВА «БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР СОҲАИ ИЛМУ МАОРИФ (СОЛҲОИ 2020-2040)» ҶИЛДИ II

МАВОДИ КОНФЕРЕНСИЯИ УМУМИДОНИШГОҲИИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВИИ ҲАЙАТИ УСТОДОНУ КОРМАНДОНИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН БАХШИДА БА «30-ЮМИН СОЛГАРДИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН», «СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ЭЪЛОН ШУДАНИ СОЛИ 2024» ВА «БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР СОҲАИ ИЛМУ МАОРИФ (СОЛҲОИ 2020-2040)» ҶИЛДИ I

МАВОДИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВИИ ҲАЙАТИ УСТОДОНУ КОРМАНДОНИ ДМТ БАХШИДА БА ҶАШНҲОИ «30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» ВА «БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР СОҲАИ ИЛМУ МАОРИФ (СОЛҲОИ 2020-2040)» ҶИЛДИ I

НАҚШАИ БАРГУЗОРИИ МАШВАРАТХОИ ИЛМӢ, КОНФЕРЕНСИЯХО, СИМПОЗИУМХО ВА СЕМИНАРХО ДАР ДОНИШГОХИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024

М А В О Д И КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИЮ АМАЛИИ «ИЛМ ВА ТАҲСИЛОТ: ТАМОЮЛҲОИ РУШД ДАР ҶОМЕАИ ИТТИЛООТӢ» БАХШИДА БА «75-СОЛАГИИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН»

НИЗОМНОМАИ БАРГУЗОР НАМУДАНИ КОНГРЕСС, КОНФЕРЕНСИЯ, СИМПОЗИУМ ВА ДИГАР ЧОРАБИНИҲОИ ИЛМӢ ДАР ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

М А В О Д И КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВИИ ҲАЙАТИ УСТОДОНУ КОРМАНДОНИ ДМТ БАХШИДА БА ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028», «СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ», «140-СОЛАГИИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ» ВА «70-СОЛАГИИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН»

БАРНОМАИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВИИ ҲАЙАТИ УСТОДОНУ КОРМАНДОНИ ДМТ БАХШИДА БА ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028», «СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ», «140-СОЛАГИИ ЗОДРӮЗИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ» ВА «70-СОЛАГИИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН»

НАҚШАИ БАРГУЗОРИИ МАШВАРАТҲОИ ИЛМӢ, КОНФЕРЕНСИЯҲО, СИМПОЗИУМҲО ВА СЕМИНАРҲО ДАР ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2023

НАКШАИ БАРГУЗОРИИ МАШВАРАТҲОИ ИЛМИИ ДМТ 2021

НАҚШАИ БАРГУЗОРИИ МАШВАРАТҲОИ ИЛМӢ, КОНФЕРЕНСИЯҲО, СИМПОЗИУМҲО ВА СЕМИНАРҲО ДАР ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2020

НАҚШАИ БАРГУЗОРИИ МАШВАРАТҲОИ ИЛМӢ, КОНФЕРЕНСИЯҲО, СИМПОЗИУМҲО ВА СЕМИНАРҲО ДАР ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2019

НАҚШАИ БАРГУЗОРИИ МАШВАРАТҲОИ ИЛМӢ, КОНФЕРЕНСИЯҲО, СИМПОЗИУМҲО ВА СЕМИНАРҲО ДАР ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2018

НАҚШАИ БАРГУЗОРИИ МАШВАРАТҲОИ ИЛМӢ, КОНФЕРЕНСИЯҲО, СИМПОЗИУМҲО ВА СЕМИНАРҲО ДАР ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2017 

НОМГӮИ МАВЗӮЪҲОИ «НАҚШАИ ДУРНАМОИ КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020»-И ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН  

НОМГӮЙИ МАВЗУЪҲОИ «НАҚШАИ ДУРНАМОИ КОРҲОИ ИЛМИЮ ТАҲҚИҚОТӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025»-И ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

БАРНОМА КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВИИ ҲАЙАТИ УСТОДОНУ КОРМАНДОНИ ДМТ БАХШИДА БА «20-СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ» ВА «СОЛИ ҶАВОНОН»

МАВОДИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВИИ ҲАЙАТИ УСТОДОНУ КОРМАНДОНИ ДМТ БАХШИДА БА «20-СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ» ВА «СОЛИ ҶАВОНОН»

БАРНОМАИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВИИ ҲАЙАТИ УСТОДОНУ КОРМАНДОНИ ДМТ БАХШИДА БА «25-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

МАВОДИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВИИ ҲАЙАТИ УСТОДОНУ КОРМАНДОНИ ДМТ БАХШИДА БА «25-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» 

БАРНОМАИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВИИ ҲАЙАТИ УСТОДОНУ КОРМАНДОНИ ДМТ БАХШИДА БА ҶАШНҲОИ «700-СОЛАГИИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ», «СОЛИ ОИЛА» ВА ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛИЁТИ «ОБ БАРОИ ҲАЁТ» СОЛҲОИ 2005-2015 

МАВОДИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВИИ ҲАЙАТИ УСТОДОНУ КОРМАНДОНИ ДМТ БАХШИДА БА ҶАШНҲОИ «700-СОЛАГИИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ», «СОЛИ ОИЛА» ВА ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛИЁТИ «ОБ БАРОИ ҲАЁТ» СОЛҲОИ 2005-2015

Барномаи конференисияи апрелии соли 2019

Маводи конференсияи апрели ҷилди I – 2019

Маводи конференсияи апрели ҷилди II – 2019

Маводи конференсияи апрели ҷилди III – 2019

Барномаи конференисияи апрелии соли 2020.

Маводи конференсияи апрели ҷилди I – 2020

Маводи конференсияи апрели ҷилди II – 2020

Барномаи конференисияи апрелии соли 2021

БАРНОМАИ КОНФЕРЕНСИЯИ АПРЕЛИИ СОЛИ 2022

Точики – Накшаи баргузории машваратхои илмии ДМТ 2022

Б А Р Н О М А И конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии ҳайати устодону кормандони ДМТ бахшида ба «75- солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», «115-солагии академик БобоҶон Ғафуров», «145-солагии бунёдгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ», «2023 – Соли забони русӣ» ва «2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»