Сардори шуъба
Мирзамонзода Хайрулло Мирзамон – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор
Мирзамонзода Х.М. 20-июли соли 1977 таваллуд шудааст. Соли 1994 ба шуъбаи рӯзонаи факултети дорусозии Коллеҷи тиббии шаҳри Душанбе дохил шуда, онро соли 1996 бо дипломи «аълочӣ» ва худи ҳамон сол ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, соли 2001-ум онро бо дипломи «аълочӣ» хатм намудааст. Фаъолияти кориро аз ҳамин Донишгоҳ оғоз намуда, аз ҷумла: солҳои 2001-2003 – ҳамчун ассистенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносӣ; солҳои 2003-2006 – унвонҷуйи кафедраи ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятии Академияи давлатии ҳуқуқшиносии Москва; солҳои 2006-2008 – ассистент, соли 2008-2021дотсент, аз соли 2021 инҷониб профессори кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносӣ мебошад.
Солҳои 2008-2010 дар вазифаи сарҳуқуқшиноси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, дар назди он аввалин Суди ҳакамии доимоамалкунандаро таъсис дод. Бо ташаббуси ӯ заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқии фаъолияти Суди ҳакамӣ мутобиқи талаботҳои қонунгузории амалкунанда таҳия ва қабул гардиданд. Баҳри пиёда намудаи усулҳои нави омӯзиш дар раванди таълим ва омода намудани мутахассисони замонавии бархӯрдор аз малакаҳои касбии ҳуқуқшиносӣ лоиҳаи «Клиникаи ҳуқуқӣ»-ро эҳё намуда, солҳои 2012-2014 Роҳбарии Клиникаи ҳуқуқии Донишгоҳро ба дӯш дошт.
Мирзамонзода Х.М. то моҳи августи соли 2014 муовини декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ буда, баъдан ба вазифаи муовини ректори ДМТ оид ба робитаҳои байналмилалӣ таъйин шуд. Мавсуф узви Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-002 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
Ӯ соли 2006 дар шаҳри Москва дар Шӯрои диссертатсионии назди Академияи давлатии ҳуқуқшиносии Москваи Федератсияи Русия дар мавзӯи «Низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҳлили қиёсӣ-ҳуқуқӣ» рисолаи номзадиро дифоъ намудааст. Бо фармони Вазири маориф ва илми Федератсияи Русия (2014) соҳиби унвони илмии дотсент аз рӯйи ихтисоси 12.00.11 – «фаъолияти судӣ; фаъолияти прокурорӣ; фаъолияти ҳуқуқҳимоявӣ ва ҳуқуқмуҳофизавӣ» гардидааст.
Мавсуф соли 2021 дар мавзуи “Асосҳои конститутсионӣ-ҳуқуқии ташкил ва фаъолияти ҳокимияти судии Тоҷикистон: масоилҳои назариявӣ, танзими ҳуқуқӣ ва амалия” аз рӯйи ихтисоси 12.00.02 – «ҳуқуқи конститутсионӣ; мурофиаи судии конститутсионӣ, ҳуқуқи мунисипалӣ» рисолаи докториро дифоъ намудааст. Айни ҳол ба ҳайси профессори кафедраи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносӣ; фаъолияти ҳуқуқҳимоявӣ ва ҳуқуқмуҳофизавӣ» ба шогирдон дарс мегӯяд.
Мирзамонзода Х.М. муаллифи беш аз 165 корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таълимию методӣ мебошад. Дар кори конференсияҳои бонуфузи илмии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат намуда, дар марказҳои илмии як қатор кишварҳои дунё, аз қабили Олмон, Швейтсария, Федератсияи Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Туркия, Чин, Лаҳистон, Арманистон, Украина, Белорус, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон такмили ихтисос намудааст.
Ӯ ба ҳайси коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2014-2015) ва машваратчии аъзои гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи Барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2007-2009, 2011-2013, 2015-2017 ва лоиҳаи Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ фаъолият кардааст.
Ҳамзамон, барои хизматҳои шоён дар самти пешравии ҳаёти ҷамъиятӣ, илмию таълимӣ ва тарбияи мутахассисони ҷавон дар кишвар бо як қатор мукофоту медалҳои давлатӣ, ҷашнӣ ва ифтихорномаҳо қадршиносӣ гаштааст: аз ҷумла, бо ордени “Шараф” дараҷаи II, бо медали «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон»; медалҳои ҷашнии «90-солагии адлияи Тоҷикистон»; «90-солагии мақомоти адлия ва судҳои Тоҷикистон»; «20-солагии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ», «25-солагии Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ»; «25-солагии Қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии ҶТ», Ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми ҶТ, Палатаи савдо ва саноати ҶТ ва ДМТ.
ТАШКИЛШАВИ ШУЪБАИ НАЗОРАТИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТИ РАЁСАТИ ТАЪЛИМИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Бо мақсади сари вақт ва пурра амалӣ намудани талаботи замимаи якуми Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.03.2007, №105 «Дар бораи хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф», Фармони вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.03.07. №330, фармоиши ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 21.01.2010, №30-09, «Маркази тестӣ ва мониторинги сифати таълим” ҳамчун сохтори таркибии донишгоҳ таъсис дода шуд, ки роҳбарии онро н.и.ф., дотсент Ҳайдаров Фаррух то соли 2012 ва аз соли 2012-2016 н.и.х., дотсент Зокиров Носир ба уҳда доштанд. Маркази тестӣ ва мониторинги сифати таълим воҳиди сохтории раёсати таълими донишгоҳ буда, ташкил ва татбиқи сиёсати донишгоҳро дар самти сифати таҳсилот ва назорати он ба роҳ мемонд. Дар ибтидо Маркази тестӣ ва мониторинги сифати таълим фаъолияти кории худро дар ду самт роҳандозӣ менамуд.
Самти аввали фаъолияти кории марказ баргузории интихобии мониторинги давомоти донишҷӯёни гурӯҳҳои академии шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи донишгоҳ ва ҳамзамон тартиби нақшаи комплексии гузаронидани чорабиниҳои донишгоҳ, мониторинги сифати таълим ва назарпурсиҳои омӯзгорону донишҷӯён маҳсуб меёфт.
Самти дуюми фаъолияти кормандони “Маркази тестӣ ва мониторинги сифати таълим” ҷамъоварӣ, коркард ва мутобиқ сохтани саволномаҳои тестӣ бо барномаҳои компютерӣ, чопи варианти саволномаҳои тестӣ, ворид кардани ҷавоби саволномаҳои тестӣ ба барномаи компютерӣ, ворид кардани варақаҳои имтиҳонии донишҷӯён ба компютер ва чопи натиҷаи имтиҳон бо шакли тестӣ (санҷишӣ) бо истифода аз технологияи иттилоотӣ ва иртиботӣ дар давраи қабули имтиҳонҳои сессияи имтиҳонии донишҷӯёни курсҳои 1-5 дар гурӯҳҳои анъанавӣ ва низоми таҳсилоти кредитӣ буд.
Соли 2016 дар назди Маркази тестӣ ва мониторинги сифати таълим “Бахши идоракунии сифати таҳсилот” ташкил карда шуд, ки он аз се воҳиди корӣ: мудири бахш, сармутахассис ва мутахассис иборат буд. Аз 06.06.2018 бо фармоиши ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти № 217-6, дар бораи ворид намудани тағйирот ба сохтори донишгоҳ номи “Маркази тестӣ ва мониторинги сифати таълим” ба “Маркази тестӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва таҳсилоти фосилавӣ” иваз карда шуд. Дар ин замина “Бахши идоракунии сифати таҳсилот” аз назди “Маркази тестӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва таҳсилоти фосилавӣ” бароварда шуда, ба сохтори таркибии раёсати таълим ворид карда шуд. Мудирии бахши идоракунии сифати таҳсилотро аз соли 2016 то декабри соли 2019 дотсент Холиқзода Айниддин, аз январи соли 2020 то 20 марти соли 2020 дотсент Абдулмуминзода Н.А. ба уҳда доштанд. Аз 17.07.2020 сохтори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тағйир дода шуд, аз он ҷумла “Бахши идоракунии сифати таҳсилот” ба “Шуъбаи назорати сифати таҳсилот” тағйири ном кард. Аз 26.03.2020 то ҳол номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Шарифзода Саъдӣ Шариф мудири шуъба фаъолият дорад. Номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Шоймардонов Сафаралӣ сармутахассиси шуъба (аз сентябри соли 2020 то сентябри соли 2021), номзади илмҳои иқтисодӣ Сафаров Наврӯз мутахассиси шуъба (солњои 2019-2021), Фариддуни Кишвар сармутахассиси шуъба (аз сентябри соли 2021 то 22 апрели соли 2022), Абдуллоев Љамшед сармутахассиси шуъба (аз майи соли 2022 то феврали соли 2022) кору фаъолият доштанд. Айни њол дар шуъба ду нафар, мудири шуъба Шарифзода С.Ш. (аз 26.03.2020 то ҳол) ва мутахассиси шуъба (аз сентябри соли 2022 то њол) фаъолият менамояд.
Шуъбаи назорати сифати таҳсилот фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи ҶТ, қонунгузории соҳаи маориф, дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фармоишҳои ректори ДМТ, супоришҳои раёсати таълими донишгоҳ, оинномаи донишгоҳ, низомномаи шуъба, дастурамалҳои вазифавӣ ва нақшаи кории солонаи шуъба ба роҳ мондааст.
Дар асоси низомномаи “Шуъбаи назорати сифати таҳсилот”, шуъба ҳуқуқ ва вазифаҳои зеринро дорад:
Ҳуқуқҳои шуъба:
1) сифати таҳсилотро дар донишгоҳ новобаста аз ихтисос ва шакли таҳсил (шӯъбаи рӯзона, таҳсилоти фосилавӣ, ғоибона ва магистратура) назорат ва натиҷагирӣ намояд;
2) бо мақсади амалигардонии вазифаҳои дар назди шуъба гузошташуда дар гурӯҳҳо санҷишҳои тестӣ, корҳои хаттӣ, пурсишҳои даҳонӣ ва варақавӣ гузаронад;
3) сифати таҳияи маводҳои таълимию методиро назорат намояд. Дар мавридҳои ба талаботи пешниҳодшаванда мутобиқ набуданашон чопи онҳоро боздоронад;
4) бо супориши раёсат ва Шӯрои олимони донишгоҳ санҷишҳои фосилавии фаврӣ гузаронида, оид ба натиҷаҳои он ба раёсати донишгоҳ маълумот пешниҳод намояд;
5) бо мақсади баҳодиҳии объективӣ дар мавридҳои зарурӣ тибқи ҷадвали тасдиқшуда бидуни огоҳ намудани омӯзгорон дар машғулиятҳои онҳо иштирок намояд;
6) ба раёсати донишгоҳ оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти шуъба дохил мешаванд, таклифу дархостҳо пешниҳод намояд;
Вазифаҳои шуъба:
1) ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба назорати сифати таҳсилот дар факултетҳо;
2) гузаронидани санҷиш, таҳлил ва хулосабардории сифати таълим дар кафедраю факултетҳо;
3) ташкил ва гузаронидани баҳогузории рейтингӣ дар якҷоягӣ бо факултетҳо бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишазхудкунӣ ва сифати таҳсилот дар донишгоҳ;
4) гузаронидани санҷиш, таҳлил ва хулосабарории сифати таълим дар бахши магистратураи донишгоҳ;
5) ба амал баровардани назорат ва тавсияҳои методӣ оид ба истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ дар ҷараёни таълим, мониторинги сатҳи маҳорату малакаи истифодаи технологияи иттилоотӣ аз ҷониби омӯзгорон ва донишҷӯён дар ҷараёни машғулиятҳои дарсӣ;
6) тартиб додани маводҳои баргузории санҷишҳои экспертӣ (тестҳо, саволномаҳо, варақаҳои диктант) барои гузаронидани мониторинги сифати таҳсилот;
7) таҳия ва такмили технологияҳои назорат ва худбаҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот;
8) таҳлили комплексии натиҷаҳои санҷиш ва баҳодиҳӣ ба дониши донишҷӯён;
9) таъмини талаботи ягона ҳангоми гузаронидани мониторинг, санҷиш ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот;
10) ташкил ва рушди системаи иттилоотӣ дар соҳаи мониторинг, назорат ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот;
11) ташкили конфронсҳо, маҷлисҳо, семинарҳо бо мақсади такмили машғулиятҳои назариявӣ, амалӣ, лабораторӣ ва корҳои мустақилона вобаста ба таҳлил ва ҷамъбасти маводҳои вобаста ба сифати таълим;
12) таҳия ва пешниҳоди маълумот оид ба натиҷаҳои мониторинг, назорат ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот ба Шӯрои илмию методӣ, Шӯрои олимон ва раёсати донишгоҳ;
13) пешниҳоди нақшаи чорабиниҳо оид ба бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта дар ҷараёни таълим ва мукаммал гардонидани сифати таҳсилот ба Шӯрои илмию методӣ, Шӯрои олимон ва раёсати донишгоҳ;
14) мунтазам ширкат кардан дар машғулиятҳои дарсии омӯзгорон бо мақсади таҳлили сифати таҳсилот;
15) санҷиши фаъолият ва чорабиниҳои садорати факултет ва кафедраҳо оид ба назорати сифати таҳсилот;
16) санҷиши вазъи ҳуҷҷатгузорӣ дар самти таъмини сифати таҳсилот дар садоати факултетҳо ва кафедраҳо;
17) гузаронидани мониторинг таввасути пурсиши варақавӣ (анкета) дар байни донишҷӯён дар мавзӯи «Омӯзгор аз нигоҳи донишҷӯ»;
18) таъмини иҷрои қарорҳои Шӯрои олимон ва Шӯрои илмию методии донишгоҳ оид ба баланд бардоштани сатҳ ва сифати машғулиятҳои дарсӣ;
19) гузаронидани санҷиш оид ба иҷрои нақшаи дарсҳои кушод ва баҳамдигардароии омӯзгорон;
20) санҷиши вазъи таҳияи васоити таълимӣ, китобҳои дарсӣ, аёниятҳо аз тарафи омӯзгорон;
21) ба роҳ мондани қабули омӯзгорон ва донишҷӯён оид ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот.