СОҲИБИХТИЁРИИ ДАВЛАТ ВА ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

850

Имрӯз дар пешорӯйи мо ҷашни бузурги таърихӣ, яъне 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қарор дорад. Ин ҷашн моҳиятан ба ташаккули тамаддуни давлатдорӣ ва роҳи душвору сангини расидан ба истиқлолият пайванди ногусастанӣ дошта, падидаи барҷастаи таърихию фарҳангӣ, мазҳари идеалу ормонҳои чандинасраи фарзандони асилу огоҳ, рамзи асолату ҳувият, нишонаи ҳастию бақои деринаи миллати мо мебошад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих: Аз Ориён то Сомониён» қайд менамоянд: «Тоҷикистони азизи мо дар ин харитаи курраи арз мисли донаи регест, ки базӯр менамояд ва дар дили паҳнои Осиё қарор дорад. Ва воқеан дар қиёси кишварҳои паҳновару сернуфузи олам – Россия, Амрико ва м.и. басо хурду назарногир менамояд. Вале аксари ин давлатҳои бузург дар харитаи сиёсии ҷаҳон назар ба давлатдориҳои аҷдодии тоҷикон дертар падид омада, бо гардиши айём мақоми устувори геополитикӣ ва геостратегӣ пайдо намуданд». Таърих башорат медиҳад, ки инсоният дар тӯли беш аз панҷ ҳазор соли мавҷудияташ тақрибан 14520 ҷангҳои хурду бузургро (Гаков В. Ултиматум. -М.1980. – С.22. ) паси сар намудааст, ки ба ҳисоби миёна се ҷанг ба як сол рост меояд. Ин маънои онро дорад, ки дар ин давраҳои таърихӣ ва ҷангҳои пуршиддат чандин давлатҳо, миллатҳо ва халқиятҳо аз байн рафтанд, аммо миллати тоҷик тавонист то ба имрӯз фарҳангу тамаддун, забон ва давлати соҳибихтиёрро нигоҳ ва ҳифз намуда, онро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намояд.

Қайд кардан зарур аст, ки волотарин дастоварди сиёсӣ дар таърихи Тоҷикистони навин соҳиб шудан ба Истиқлолияти давлатӣ мебошад. То қабули Конститутсия бори нахуст оид ба истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санади ҳуқуқии «Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 24 августи соли 1990 (Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, даъвати 12-ум) сухан рафтааст.

Дар моддаи 1-уми Эъломияи мазкур мафҳуми истиқлолияти давлатӣ ҳамчун «ягонагӣ ва ҳукмравоии ҳокимияти давлатӣ дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибихтиёрии он дар муносибатҳои хориҷӣ» маънидод шудааст. Баъдан, Изҳороти Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 9 сентябри соли 1991) қабул гардида, тавассути ин санад Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шуд. Пас аз ин, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори махсусро «Дар бораи эълон шудани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул кард, яъне изҳороти мазкур тавассути қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунӣ гардонида шуд. Худи ҳамон рӯз, яъне 9 сентябри соли 1991 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси даровардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, истиқлолияти воқеии Тоҷикистон дар сатҳи меъёри конститутсионӣ расмӣ гардонида шуд. Ҳамин тариқ, дар таърихи кишвар санаи 9 сентябри соли 1991 ҳамчун рӯзи воқеан ба истиқлолияти давлатӣ, яъне соҳибихтиёрии пурра расидани давлати Тоҷикистон эълон шудааст ва ҳар сол ин рӯз тибқи қонун ҷашн гирифта мешавад. Новобаста аз ин, дар оғози бадастоварии истиқлолият бо таъсири бархе аз неруҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ кишвари мо ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд ва ин боиси қурбониҳои азими ҷонӣ, хисороти бузурги иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гардид. Дар ин раванд, тамоми рукнҳо ва асосҳои давлатдорӣ фалаҷ гардида, кишвар ба гирдоби беназмӣ кашида шуд.

Бояд қайд намоям, ки мардуми шарифи Тоҷикистон савганди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар он лаҳзаҳои таърихи бо мароқи тамом шуниданд: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем…». Ҳамин натиҷаи фаъолият ва ҷонбозиҳои содиқонаи Пешвои миллат буд, ки сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар кишвар пойдор гардида, давлат аз хавфи нобудӣ наҷот дода шуд. Минбаъд тавассути ҷасорату заковат ва хираду адолатпешагии Пешвои миллат 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки баъди он кишвар ба маҷрои ҳаёти осоишта ва созандагӣ қадам ниҳод.

Бинобар ин, соҳибихтиёрии давлатӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар замони таҳдиду хатарҳои нави ҷаҳонӣ яке аз масъалаҳои муҳим ва мубоҳисавӣ буда, ба таҳлили воқеии ин андешаҳо ва назарияҳо таваҷҷуҳи бештар дода истодаанд. Соҳибихтиёрӣ ҳамчун истилоҳи ҳуқуқӣ маънои волоияти ҳокимияти давлатӣ дар дохил ва мустақил будани давлатро дар сатҳи байналмилалӣ ифода мекунад. Аз ин рӯ, соҳибихтиёрӣ, ҳамчун яке аз нишонаҳои давлат, аз ибтидои пайдоиши он то ба ҳол боиси баҳсҳои зиёде шуда, консепсияи умумиэътирофшуда ҳанӯз ҳам таҳия нашудааст.

Дар ҷаҳони мутамаддини имрӯза ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар тамоми давлатҳои ҷаҳон ба мадди аввал баромада аст. Аз ин рӯ, таҳлили андешаҳои мазкур барои роҳандозии сиёсати давлати Тоҷикистон дар самти ҳимояи манфиатҳои миллӣ аҳаммияти назариявию амалӣ дорад. Дар шароити вусъати ҷаҳонишавӣ ва даъватҳои қувваҳои гуногуни сиёсиву мафкуравӣ дар хусуси даст кашидан аз соҳибитиёрӣ, анъанаҳои миллӣ, тафовути фарҳангӣ дар илм ва таҷрибаи сиёсӣ ақида ва назарияи давлати миллӣ пешкаш шудааст. Манфиати миллӣ категорияи фалсафӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии аз назари паҳно ва дарки фаҳми он мураккаб аст, зеро солҳои зиёд баҳси бенатиҷае сари худшиносии миллӣ, худогоҳии миллӣ, идеяи миллӣ ва манфиатҳои миллӣ идома дорад. Бо вуҷуди чунин баҳсҳо, то ҳанӯз мушаххас нашудааст, ки худшиносии миллӣ чист ё манфиатҳои миллии мо кадомҳоянд? Консепсияи манфиати миллӣ аз ҷониби муҳаққиқон З.Бзежинский, Ҷ.Розенау, К.Уолте, Ф.Фукуяма тадқиқ гардидааст, вале муҳаққиқи барҷастаи он сиёсатшиноси америкоӣ Г.Моргнетау ба ҳисоб меравад.

Мафҳуми «манфиати миллӣ» бори аввал соли 1935 аз ҷониби олимони америкоӣ Р.Нибур ва Ч.Бирду ба илм ворид карда шуд, вале классики он Г.Моргнетау ба ҳисоб рафта, ба сиёсати хориҷии ИМА таъсир ва нуфузи бештари худро гузоштааст.

Принсипҳои асосии манфиати миллӣ аз нигоҳи Г.Моргнетау инҳоянд:

1.Манфиат категорияи объективӣ буда, аз қувва иборат аст;

 2.Манфиатҳои миллӣ сиёсатро муайян мекунанд;

3.Манфиатҳои миллӣ аз ҳолат, вақт, замон ва шароит вобастагӣ доранд.

Ҳамин тавр, бо ифтихор ва итминони комил метавон қайд намуд, ки дар 30 соли соҳибихтиёрӣ чунин амалҳо ба манфиати (фоидаи) давлат, миллат ва халқ анҷом дода шудааст:

– хотима додани ҷанги шаҳрвандӣ ва барпо намудани сулҳ;

– то ба имрӯз нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, фарҳанг ва тамаддуни хеш;

– ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ;

– қабули Конститутсияи ҶТ;

– эътироф гардидани Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона;

– ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

– ҳифзи моликияти шахсӣ ва давлатӣ;

– муайян намудани ҳадафҳои стратегии давлат ва ғ.

Бинобар ин, дар шароити вусъати ҷаҳонишавӣ ҳимояи музаффариятҳои истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ ҳадафи стратегии давлат ва ҷомеаи тозабунёди Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Дар маҷмӯъ, бо боварии комил гуфта метавонем, ки Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба тазодҳои геополитикӣ ва идеологии замони муосир нигоҳ накарда, дар раванди ҷаҳонишавӣ бо назардошти манфиатҳои миллӣ ба ояндаи дурахшон зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат собитқадамона пеш меравад.

Шарифзода С.Ш.,

дотсенти кафедраи назария

ва таърихи давлат ва ҳуқуқи

факултети ҳуқуқшиносии

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон