ТАҲҚИҚИ САБАБҲОИ ДИНИЮ СИЁСИИ ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ

84

Ифротгароӣ ва терроризм аз ҷумлаи мушкилоти асосӣ ва ситезаи хатаровар барои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ибтидои асри ХХI мебошанд. Рӯйдодҳои ногувори ахир дар нуқтаҳои гуногуни сайёра далели тасдиқи ин нукта мебошанд. Дар мақола муаллиф саъй намудааст, ки нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳқиқи сабабҳои динию сиёсии ин падидаҳои хатаровар мавриди баррасӣ қарор диҳад. Ҷомеаи ҷаҳон барои мубориза ба ин вабои асри ХХ1 бояд муттаҳид гардад. Ҳамин нуктаи хеле муҳим дар паёмҳо, суханрониҳо, мусоҳибаҳо ва асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба такрор хотирнишон мегардад.

Дар асари илмии Пешвои миллат таҳти унвони «Имоми аъзам: рӯзгор, осор ва афкор» таърихи пайдоиши аввалин равияву ҷараёнҳои ифротӣ дар ислом хеле муфассал мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Масалан, бо такя ба маводи фаровони таърихӣ қайд мегардад, ки хориҷиҳо (аз калимаи арабии. خوارج‎‎ [хавориҷ](тарккардагон)) дар таърихи ислом аввалин равияи динию ифротгарое мебошад, ки аз миёни мусулмонҳои тарафдори Алӣ ҷудо шуда, ба амалҳои ифротӣ даст задаанд. Ин фирқаи ифротгаро баъди ҷанги Сиффин (соли 657) байни Али ибни Абутолиб ва Муовия ибни Абусуфён ҳамчун нишон эътироз аз сиёсати мусолеҳакоронаи Алӣ ибни Абутолиб ҷудо мешаванд. Аввалин хориҷиҳо 12 ҳазор нафар буда, таҳти раҳбарии пешвоёнашон Шабис ибни Рабеъ ва Абдуллоҳ ибни Ваҳб дар шаҳри Басра маскун мешаванд ва аз онҷо ба дигар маҳалҳои аҳолинишин амалҳои ифротгароёнаву террористӣ анҷом медиҳанд. Аз дасти хориҷиҳо бисёр аҳолии бегуноҳ ба ҳолакат мерасанд. Ҳамон гуна, ки дар асари зикршудаи Пешвои миллат оварда шудааст, оқибат худи Алӣ ҳам аз дасти як фиристодаи хориҷиҳо дар вақти адои намози бомдод ба қатл расонида мешавад.

Баъзе рӯйдодҳои таърихи навини Тоҷикистон шоҳиди он аст, ки равияҳои динӣ – ифротгароӣ ҳеҷ гоҳ аз нақшаҳои худ даст намекашанд ва барои амалӣ сохтани амалҳои нопоки худ аз ҳар роҳу восита истифода менамоянд. Равияҳои гуногуни ифротгаро ба монанди «Салафия», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ансоруллоҳ» ва ғайраҳо солҳои охир баъди истиқолият ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар ин кишвар густариш дода, бо роҳи амалҳои ифротгароёнаву террористӣ дар фикри таъғйир додани ҳокимияти конститутсионӣ ҳастанд. Барои пайравони ин равияҳои ифротгаро мафҳуми худшиносӣ, миллат, Ватан ва сулҳу амният ва суботу осоиштагӣ ҳеҷ гуна арзише надоранд, онҳоро таассуби динӣ, ҳирси ҳокимият ва ба даст овардани молу сарват аз ҳама чизи муқаддас бегона кардааст. Равияҳои ифротӣ, асосан, аз тарафи як қатор кишварҳои арабии Шарқи Наздик маблағгузорӣ мешаванд ва ҳадафи ниҳоии онҳо ба мадори таъсири геополитикии худ ҷалб намудани кишварҳои тозаистиқлоли Осиёи Марказӣ ва минҷумла Тоҷикистон мебошанд. Ин гуна таъсиррасонӣ, пеш аз ҳама, ба воситаи фишангҳои мазҳабӣ амалӣ карда мешаванд. Масалан, идеологҳои равияи ифротии салафия бо воситаи хоҷагони хориҷӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки фазои ороми динию мазҳабии Тоҷикистонро халалдор сохта, нуфузи мазҳаби таҳаммулпазири ҳанафияро коста гардонанд ва ба ҷойи он ақидаҳои ифротию бунёдгароёнаи худро бунёд намоянд. Масъалаи таъсири берунаи хоҷагони хориҷӣ ва ривоҷи равияҳои ифротию террористиро Пешвои миллат дар паёмҳои анъанавии ҳарсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳ намуда, сабаби паҳншавии ин зуҳурот ва роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин гуна равияҳои ифротиро нишон медиҳад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 22 апрели соли 2002 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи зуҳуроти хатарзои ҷаҳони муосирро мавриди таҳлил қарор дода, қайд намуда буд, ки хатари афзудани муноқишаҳои минтақавӣ дар заминаи ихтилофоти динию мазҳабӣ, зиддиятҳои қавмию нажодӣ, тамоюлҳои идеологӣ, талошҳои ошкору ниҳон барои ба даст овардани захираҳои сӯзишворию ашёи хом, тақсимоти нави бозори ҷаҳонӣ ва ғайра мебошад, ки дар натиҷаи бархӯрди манфиатҳои давлатҳои гуногун дар гӯшаҳои мухталифи сайёра аланга мегирад.

Дурустии ин суханон, ки якуним даҳсола пеш гуфта шуда буданд, дар мисоли рӯйдодҳои имрӯзаи минтақаи Шарқи Наздик ҳамчун пешгӯӣ исбот мешавад. Бархӯрди манфиатҳои геополитикии абарқудратҳои ҷаҳон ҳамакнун кишварҳои вориси тамаддуни бузурги Бобулистон – Сурия ва Ироқро ба майдони муҳориба ва харбазор табдил дода, бошандагони онҳоро ба хоку хун кашидаанд. Аҳолии ин кишварҳо бо азобу уқубатҳои сангин гирифтор шуда, тарки ватан намудаанд ва сарсону саргардон мебошанд. Ба иқтисодиёти ин кишварҳо миллиардҳо доллар хасороти моддӣ расонида шудааст. Табъизи нажодӣ, мазҳабӣ ва миллӣ ба силоҳи санҷидашудаи бархӯрдҳои геополитикӣ табдил ёфтаанд. Равияҳои ифротие аз қабили ДИИШ, «Ҷабҳат-ан-нусра» бо идеологияи салафии таассубгаро, ки бо маблағгузории як қатор кишварҳои сарватманди Араб, Халиҷи Форс ва кишварҳои моварои уқёнус арзи вуҷуд ва фаъолият мекунанд, ба бозичаи дасти хоҷагони худ табдил ёфтаанд. Равияҳои ифротию бунёдгарои мазкур ваҳшониятҳоеро аз қабили амалҳои сар буридан ва зинда оташ задани одамонро бо аҳкоми дин мубини ислом асоснок намуда, номи дини исломро дар пеши назари ҷомеаи ҷаҳонӣ беобрӯ менамоянд. Дар робита ба ин масъала Пешвои миллат кайд менамояд, ки мавқеи устувори минтақавӣ ва умумиҷаҳонӣ пайдо кардани терроризми байналхалқӣ, экстремизм ҳамчунин паҳншавии ғояҳои зӯроварӣ, тарғиботи зараровари мазҳабию идеологӣ ва ба воситаҳои иттилооти омма роҳ ёфтани онҳо мебошад. Ҷаҳонгирӣ ва кишваркушоиҳои имрӯза либоси басо рангоранг доранд. Ҳадаф ва ғаразҳои аслии сиёсию иқтисодӣ аз назарҳо пинҳон мемонанду хусуматҳои қавмию этникӣ, низоъҳои идеологию динӣ ва дигар сабабу баҳонаҳо ба навбати аввал мебароянд. Дар натиҷаи таҳрики устокоронаи сиёсию иқтисодӣ ва идеологӣ давлатҳои хурду бузург дар қитъаҳои Осиё, Африқо ва Аврупо ба доираи бозиҳои ғаразноки давлатҳои манфиатдор кашида мешаванд ва таҳти таъсири онҳо раванди муътадили ҳаёт дар сарзаминҳои гуногуни ҷаҳон ва саросари сайёра халалдор мегардад.

Мутаассифона, дар воқеаҳои Сурия як қатор шаҳравандони гумроҳшудаи Тоҷикистон низ иштирок менамоянд ва бо ин амали нангини худ номи Ватан, падару модар ва оилаҳои худро доғдор менамоянд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки баъзе шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аксарияташон ҷавонони бетаҷриба ва ноогоҳ мебошанд, таҳти таъсири идеологии афсункоронаи гурӯҳҳои ифротӣ афтода, ба воситаи фиребу найранг ба ин равияҳои ифротгаро ҳамроҳ шудаанд. Онҳо моҳият ва асолати инсондӯстонаи дини мубини исломро сарфи назар намуда, аз номи дини ислом ба куштори одамони бегуноҳ ва ғоратгарии аҳолии осоишта даст мезананд. Ҷалби ҷавонони тоҷику тоҷикистониҳо ба воқеаҳои Сурия ва бо ном ҷиҳод аҳли ҷомеаи кишварро ба ташвиш андохтааст ва Пешвои миллат, Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зидди ин зуҳуроти номатлуб тадбирҳои қотеъона адешида, ба воситаи ВАО, муассисаҳои илму маориф ҷавононро ба худшиносӣ ва ватанпарварӣ ҷалб намуда, гумроҳонро аз чунин роҳи хато бармегардонанд.

Пешвои миллат дар суханронии худ бахшида ба ҷашни 18-умин солгарди ваҳдати миллӣ воқеаҳои ахири ҷаҳонро таҳлил карда, қайд намуд, ки «Имрӯз ифротгароӣ ё худ экстремизми динӣ беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад…

Афзоиши нуфузи ниҳоди террористии ба ном Давлати исломӣ дар Сурия ва Ироқ, аз ҷониби ҷангҷӯёни он кӯшиши зери тасарруф гирифтани минтақаҳои нав ба нави ин кишварҳо, куштори бераҳмонаи ҳазорон нафар мардуми мусулмон ва аз байн бурдани мероси фарҳангӣ, инчунин вусъат гирифтани ғояҳои тундгароӣ дар баъзе давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистон омилҳои асосӣ ва нигаронкунандаи вазъияти имрӯза ба ҳисоб мераванд.

Дар ин раванд, яке аз масъалаҳои муҳимму арзишманд аз он иборат аст, ки мо бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба ҳар гуна дасисаву фиреби доираҳои манфиатхоҳи бегона фирефта нагардем, мардумро муттаҳид ва суботи сиёсиро боз ҳам устувор гардонем. Зеро аз таъсири манфии ҳодисаву таҳаввулоти охир, ки дар онҳо намояндагони даҳҳо кишварҳои дунё иштирок доранд, ягон мамлакат, аз ҷумла Тоҷикистони мо низ эмин буда наметавонад.

Аз ин лиҳоз, ҳарчи бештар таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ ва муътадил нигоҳ доштани фазои сиёсиву мафкуравии ҷомеа барои давлатдории тоҷикон нақши аввалиндараҷа ва ҳатто сарнавиштсоз пайдо кардааст».

Албатта, ифротгароӣ ва терроризм ҳам сабабҳои пайдоиши худро доранд ва паёмҳои Пешвои миллат сабабҳои ривоҷ ёфтани ифротгароии динӣ ва терроризмро чи дар миқёси ҷаҳон ва чи дар сатҳи Тоҷикистон таҳлили дақиқи иҷтимоӣ – фалсафӣ намуда, пайомадҳои иҷтимоию сиёсии ин зуҳуроти номатлубро барои Тоҷикистон нишон додаанд. Бояд қайд кард, ки яке аз сабабҳои пайдоиш ва ривоҷи ифротгароӣ ва терроризм, пеш аз ҳама, ақибмонии иқтисодӣ ва қашшоқии саросарӣ махсусан, дар байни ҷавонон мебошад. Мутахассисон қайд менамоянд, ки 80% сарвати ҷаҳон дар ихтиёри кишварҳои Ғарб қарор дорад ва ин боиси рушду инкишофи номутаносиби кишварҳои Шарқ ва махсусан кишварҳои мусулмонӣ гаштааст. Бояд қайд кард, ки воқеан, байни ифротгароӣ ва қашшоқӣ таносуб вуҷуд дорад, лекин ин таносуб бавосита набуда, балки бевосита аст. Инсони камбизоат ба манзил, ғизо ва либос ниёз дошта, роҳи ифротгароӣ ва терроризмро бо ду сабаб интихоб менамояд. Якум, барои он ки дар шароити бекории оммавӣ ва идома доштани буҳрони иқтисодии тӯлонӣ дар кишвар манбаи қонунӣ ва устувори даромадро пайдо карда наметавонад. Чунин ҳолат хоси кишварҳои аз нигоҳи иқтисодӣ ақибмонда мебошад. Дуюм, ҷойҳои кори холӣ вуҷуд дошта бошанд ҳам, лекин бо сабаби он, ки ҷавонон савод, тахассус ва таҷрибаи кофии корӣ надоранд, наметавонанд, ки ба ин ё он кори мувофиқ машғул шаванд ва бинобар ин, онҳо гунаҳгорони вазъияти бавуҷудомадаро аз берун ҷустуҷӯ менамоянд. Баъзан, онҳо гунаҳгорони бадбахтии худро дар вуҷуди ақаллиятҳои миллӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ ва гурезаҳои иҷбории сокини он давлат мебинанд. Нисбат ба онҳо амалҳои таҷовуз, куштор ва шаклҳои гуногуни таҳқири эҳсосоти миллию шахсӣ раво дида мешавад. Бояд қайд кард, ки дар ин равандҳо ҳисси миллатгароии харобовар низ нақши муҳим мебозанд. «Чунин омили қашшоқии саросарӣ яке аз сабабҳои муҳими ифротгароӣ ва терроризм дар кишварҳои мусулмонии Шарқи Наздик ва як қатор кишварҳои Африқо гаштаанд. Вобаста ба ин масъала Пешвои миллат иброз мекунад, ки воқеан ҳам, бартариҳои азими технологӣ ба кишварҳои Ғарб имконият медиҳанд, ки ба мамлакатҳои боқимондаи дунё таъсири худро расонида тавонанд. Вақтҳои ахир расонаҳои хабарӣ мафҳуми “миллиарди тилоӣ»-ро истифода мебаранд. Ин ишора ба сатҳи баланди зиндагии мардуми Ғарб аст. Ҳоло амалан панҷяки инсоният 80 фоизи сарвати ҷаҳонро соҳибӣ мекунад. Агар дар охири асри XIX сарватмандтарин давлати дунё аз рӯйи даромад ба ҳар сари аҳолӣ аз давлатҳои қафомонда нӯҳ маротиба афзалият дошта бошад, пас имрӯз ин таносуб сад бар якро ташкил медиҳад. Ба ибораи дигар, танҳо 20 фоизи аҳолии кураи Замин ба гурӯҳҳои доро мансуб ҳастанд ва ин фарқият дар миёни кишварҳои пешрафтаю қафомонда босуръат меафзояд. Мутаассифона, чунин қитъаи бузурге мисли Осиё маскани аз се ду қисми мардуми камбизоати ҷаҳон аст. Дар замоне, ки давлатҳои мутамаддин дар тараққиёти худ ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд, бисёр кишварҳои Шарқ пой дар гил мондаанду барои ҳамдигар чоҳ мекананд.… Зеро маҳз нодорию қашшоқӣ, ки маъмулан ҳамроҳи доимии ҷаҳолат мебошанд, барои пайдоиш ва густариши терроризм ва ифротгароӣ заминаи мусоид ба вуҷуд меоранд. Ин ҳам маълум аст, ки ҷаҳолат ва ифротгароӣ дар тӯли даҳсолаҳо аз ҷониби гурӯҳҳои муайяни манфиатдор дастгирӣ меёбанд. Ин падидаи хатарнок аст ва оқибати басо ногувор дорад. Баъзеҳо бар он ақидаанд, ки терроризм ва ифротгароиро танҳо дар муҳорибаи низомӣ мағлуб намудан имконпазир аст. Ба чунин ақида розӣ шудан мумкин нест, зеро ҳалли низомии ин масъала ҳанӯз хеле нокифоя мебошад. Он тамоми омилҳоеро, ки чун қоида боиси пайдоиши терроризм ва ифротгароӣ мегарданд, пурра аз байн бурда наметавонад. Вобаста ба ин, бори дигар мехоҳам таъкид намоям: то он даме, ки бо мақсади кам кардани қашшоқию бенавоӣ, бекорӣ, сатҳи пасти маълумот тадбирҳои муассир ва ҷиддӣ андешида нашаванд, хавфи терроризм ва экстремизм низ аз байн намеравад».

Аслан ин ақида ҳақ асту рост, чунки зиндагии арзандаи инсон ҷавҳари фалсафаи одамияту инсонпарварӣ буда, масъалаи муҳими экзистенсиалии ҳаёти инсон ва сулҳу осоиштагии байни миллату халқҳои ҷаҳонро ташкил медиҳад. Дар ин масъала ҳам, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мисли Маҳатма Гандӣ, Мартин Лютер Кинг худро ҳамчун гуманисти сатҳи ҷаҳонӣ нишон дода, масъалаи тақдири ояндаи инсон ва инкишофи осоиштаи онро бо далелҳои муътамад матраҳ менамояд.

Мубориза бо ифротгароию терроризм танҳо вазифаи як давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нест, балки вазифаи аҳли ҷомеа ва афроди худшиносу миллатпарвар мебошад. Агар ҳамаи аҳли ҷомеа азми қавии решакан кардани ин зуҳуроти номатлубро дошта бошанд, ҳамагон бояд дар атрофи сиёсати мудаббирона ва созандаи Пешвои миллат муттаҳид гардида, дастаҷамъона бо равияҳои ифротгарою террористӣ мубориза баранд. Воқеаҳои ахири асафбори Тоҷикистон нишон доданд, ки баъзе ашхос мехостанд мақсадҳои нопоки худро бо роҳи амалҳои террористӣ амалӣ намоянд. Хиёнати Ҳоҷӣ Ҳалим ва гурӯҳаки ҳаммаслаконаш, ки мақсади ноором кардани ҷомеаро дошта, бо ҳамин мақсад бо истифода аз силоҳи оташфишон якчанд шаҳрвандони осоишта ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, яъне милисаҳоро ба ҳалокат расонида, мехостанд амалҳои террористии худро дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон роҳандозӣ намоянд. Аммо якдилию ваҳдати аҳли ҷомеа ва ҳушёрию зиракии мақомоти қудратии кишвар кӯшишҳои харобкоронаи онҳоро нақш дар об намуданд. Дар охир бояд қайд намуд, ки танҳо иттиҳоди мустаҳками тамоми кишварҳои ҷаҳон ва афроди ватандӯсту ҳушёр чи дар арсаи ҷаҳан ва чи дар кишвари алоҳида метавонанд садди роҳи вабои қарни ХХ1 гардида, башариятро аз падидаҳои ифротгароию терроризми байналмилалӣ наҷот диҳад.

Маҳмадизода Н.Д., доктори илмҳои фалсафа, профессор, декани факултети фалсафаи ДМТ