ТАҲКИМ ВА ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОН БО ЭРОН

214

Ҷумзурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг, дорои пайвандҳои қавии таърихӣ, анъанаҳои устувори дустӣ ва ҳамкории муштараки судманд мебошанд. Ҷумҳурии Исломии Эрон нахустин кишваре мебошад, ки соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳанӯз соли 1991 ба расмият шинохт ва муносиботи дипломатӣ байни ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг моҳи январи соли 1992 барқарор шуд. Баробари огози муносибатҳои дуҷониба дар Душанбе сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба фаъолият шурӯъ намуд, ки нахустин сафорати давлати хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тибқи маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафорати кишвари мо дар шаҳри Теҳрон 18 июли соли 1995 ифтитоҳ гардид.
Лозим ба таъкид аст, ки пайвандҳои қавии таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон аз муҳимтарин омилҳои рушду густариши муносибатҳои ду кишвари ба ҳам дӯст дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд. Муносиботи дуҷонибаи ду кишвар дар давоми беш аз 30 сол сарфи назар аз марҳилаҳои душвор, тадриҷан рӯ ба рушд ниҳоданд, зеро мардумони ин давлатҳоро таъриху фарҳангу тамаддуни муштарак пайваста ба ҳам меорад.
Айни замон муносиботи дипломатии Тоҷикистон ва Эрон дар сатҳи баланд қарор дошта, сафарҳои расмии нахустини роҳбарияти олии ҳарду давлат аз соли 1992 то ба имрӯз ба кишварҳои ҳамдигар дар тазкими муносибатҳои гуногунсоҳаи тарафайн такони ҷиддӣ бахшиданд. Дар ин муддат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумзурии Исломии Эрон дар ҳудуди 180 созишномаю тафоҳумномаҳо ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст, ки онҳо дурнамои муносибатҳои ду кишвари дӯст ва ҳамзабонро муайян сохта, дар бунёди асосҳои ҳуқуқӣ ҷиҳати густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба нақши ҳалкунандаро иҷро карданд.
Моҳи июли соли 1995 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон сафари расмӣ анҷом доданд, ки зимни ин сафар «Ёддошти тафоҳум перомуни густариши минбаъдаи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумзурии Исломии Эрон» ба имзо расид ва он самтҳои комилан тозаеро дар рушди муносибатҳои дуҷониба боз намуд. Ва сипас, сафарҳои роҳбарияти олии ҳарду давлат ба кишварҳои ҳамдигар ба тавсеаи уфуқҳои дурнамои беҳтару хубтари муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон заминаву шароитҳои боэътимодро фароҳам оварданд. Дар ҷараёни сафарҳо, мулоқоту музокироти чандкаратаи судманд байни ду давлат санадҳои муҳимми ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, иқтисод, саноат, нақлиёт, энергетика ва гайра ба имзо расиданд. Аз ҷумла, гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Эрон дар соли 2021 ба 120 979 200 доллари ИМА расидааст, ки аз ин маблағ 82 50 300 доллар содирот ва 38 928 900 доллар воридот мебошад
Яке аз самтҳои муҳимми ҳамкориҳои Тоҷиикистону Эрон дар соҳаи энергетика татбиқи протокол оид ба сохтмони Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» мебошад, ки соли 1995 дар шаҳри Душанбе ба имзо расид. Бар асоси ин санад, Тоҷикистон ин неругоҳро дар ҳамкорӣ бо Эрон бояд ба анҷом мерасонд ва Эрон эълон кард, ки барои сохтани НБО «Сангтӯда-2» 180 млн доллар сармоягузорӣ менамояд. Ба таври расмӣ корҳои сохтмонии НБО «Сангтӯда-2» моҳи феврали соли 2006 шурӯъ гардида, хароҷоти умумии сохтмон 220 млн долларро ташкил дод. НБО «Сангтӯда-2» аз ду агрегат иборат буда, агрегати нахустини он сентябри соли 2011 ва агрегати дуюм сентябри соли 2014 пурра ба истифода супорида шуданд ва неругоҳ дар маҷмӯъ, 220 МВт неруи барқ истеҳсол менамояд.
Дар баробари ин, тарҳрезии лоиҳаҳои неругоҳҳои барқи обии хурду миёнаи дигар, амсоли омӯзиши муқаддамотии маконёбии НБО-ҳои миёна дар ҳавзаи дарёи Варзоб дар мадди назари ҷонибҳо қарор доранд.
Ҳамзамон, зимни сафари охири Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 ҳамкориҳо дар заминаи саноат, маъдан, фанновариҳои ҷадид, транзит ва нафт густариш ёфтанд. Зиёда аз ин, ҳамкориҳои дуҷониба дар байни Тоҷикистону Эрон дар самтҳои улуми дақиқу техникӣ, аз қабили нано, биотехнология, тавлидоти петрокимиё, тавлиди доруҳои нав барои муолиҷаи беморони саратонӣ, таҷҳизоти пизишкии пешрафта ҷиҳати амали ҷарроҳии магз, доруҳои кимиёвӣ ва мукаммилҳои рушди тавлидоти кишоварзӣ тавсеа дода мешаванд.
Ҳамкории илмию фарҳангии ду кишвар яке аз саҳифаҳои дурахшони равобити Тоҷикистону Эрон маҳсуб мешавад. Зеро табодули таҷрибаи донишмандон, устодон, донишҷӯён, амаӣ сохтани барномаҳои фарҳангӣ ва мусиқӣ, иштироки аҳли илму фарҳанг дар маросимҳои фарҳангӣ афзалиятҳои асосии ин муносибатҳо мебошанд.
Рушди ҳамкориҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми кишварҳои хориҷӣ, дар асоси моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», яъне ташкили ҳамкории фарҳангии байналмилалӣ, барқарор намудани робитаҳои фарҳангӣ бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалии соҳаи фарҳанг ба роҳ монда шуда, равобити фарҳангию адабӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сатҳи баланд қарор доранд. Зеро густариши робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанба дар байни Тоҷикистону Эрон бар шарикии табиии стратегӣ асос ёфтаанд.
Дар доираи ҳамкориҳои бисёрҷониба робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Эрон низ тайи солҳои охир ривоҷи тоза мегиранд. Миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шурои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон гурӯҳи байнипарламентӣ фаъолият менамояд, ки нақши он дар тавсеаи ҳамкории байнипарламентии ду кишвар муассир аст.
Робитаҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Эрон беш аз пеш густариш ёфта, миёни ду кишвар Комиссияи муштараки байнидавлатии иқтисодиву тиҷоратӣ амал мекунад, ки фаъолияти назаррасе дорад. Нақши Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар он самтҳои асосии ҳамкориҳои миёни идораву муассиса ва созмону ширкатҳои ду кишвар мушаххас карда шуданд, дар густариши муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо ва ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон ва Эрон бузург мебошад. То имрӯз миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон беш аз 15 ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ баргузор шуда, дар ин замина айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 150 ширкати эронӣ фаъолият мекунанд.
Дар соҳаи нақлиёту роҳсозӣ ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар бунёди нақби «Истиқлол» («Анзоб») ва лоиҳакашии нақби «Хатлон» («Чормагзак») ва сохтмони марҳилаи дуввуми роҳи автомобилгарди Шоҳон-Зиғар ба чашм мерасад. Аз ҷумла, соли 2003 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба бунёди нақби «Истиқлол» созишнома ба имзо расид, ки ҳаҷми маблағгузории он 39 млн доллари ИМА-ро ташкил медод. Сохтмони нақби мазкур ҳанӯз соли 1998 дар ҳамкорӣ бо Эрон огоз гардида, дар арафаи ҷашни Наврӯз, моҳи марти соли 2006 ба охир расидааст. Нақби «Истиқлол» дар масофаи 80 км дуртар аз шаҳри Душанбе, дар баландии 3372 метр, дар қаторкӯҳи Ҳисор ҷойгир буда, дарозии он 5040 метрро ташкил медиҳад.
Ҳ
Ҳамин тавр, давоми ин солҳо, якчанд сафарҳои кории ҳайъатҳои тоҷикистонӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ва эронӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтанд, ки дар онҳо масоили муҳимми ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ гардида ва ҳамзамон санадҳои муфиди ҳамкориҳои соҳавӣ оид ба маориф, мудофиа, саноат, кишоварзӣ, сохтмон ва гайра ба имзо расиданд. Ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ низ назаррас аст. Мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон санадҳои дуҷониба ба имзо расонида, афзоиши табодули толибилмони ҷонибҳо пайваста мушоҳида мешавад.
Тоҷикистону Эрон ҳамчунин дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ, назири Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгхой фаъолиятҳои муштарак доранд ва пайваста аз мавқеи ҳамдигар дар ин созмонҳо дифоъ мекунанд. Иҷрои бархе аз тарҳҳои иқтисодии Эрон дар Тоҷикистон дар чорчӯби барномаҳои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (ЭКО) сурат мегиранд.
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар формати сегона низ самаранок рӯ ба густариш аст. Аввалин мулоқотшои муштараки раҳбарони се кишвари форсизабон 10 майи соли 1997 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Маҳз Тоҷикистонро метавон ташаббускори асосии ҳамкории сеҷонибаи кишварҳои форсизабони Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон унвон кард. Зимни мулоқоти сегона масоили ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманди минтақавӣ дар соҳаи мухобирот ва иртиботот, нақлияи автомобилӣ ва роҳи оҳан, бунёди неругоҳҳо ва масоили дигари иқтисодӣ баррасӣ гардиданд.
Шоистаи зикр аст, ки нумӯъ ва равнақи муносибот дар тамоми заминаву соҳаҳо ҳадафи муштарак ва ягона аст. Ҳамкориҳои гуногунсоҳаи мо ҷавобгӯи манфиатҳои миллӣ ва дарозмуддати ду кишвар мебошанд.

Матлуба ИЗЗАТОВА,
номзади илмҳои таърих, дотсент,
мудири кафедраи таърихи нав ва навини
кишварҳои хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон