ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ДАР САМТИ ОМӮЗИШИ ТАҶРИБАИ ЯКДИГАР

124

Тавре иттилоъ дода будем, дар доираи ҳамкориҳо бо дастгирии ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. намояндагони Донишгоҳ: муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, профессор Ғаффорзода И.Ғ. ва директори Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳ аз ҷониби Тоҷикистон Имомзода М.М. ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намуданд. Дар доираи ин сафар ҷаласаи 15-уми Шурои роҳбарони Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Гуфта мешавад, ки зимни сафар масъалаҳои омӯзишӣ ва боздидҳои таҷрибаандӯзӣ идома доранд.

Имрӯз боздиди намояндагони Донишгоҳи миллӣ аз Парки технологӣ ва факултетҳои химияву биологияи Донишгоҳи омӯзгории Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин сурат гирифтааст. Дар ҷараёни боздидҳо ва суҳбатҳо бо масъулин масъалаҳои таҷрибаомӯзӣ ва табодули академӣ сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад, ки ташкили чунин вохӯрию суҳбатҳо дар самти пеш бурдани сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд. Зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушд ёфтани соҳаҳои басо муҳим, ба мисли фанҳои табиатшиносию дақиқ, бо роҳандозии барномаҳои давлатӣ сол аз сол ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардида истодааст. Бахусус, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар низоми илму маориф солҳои 2020-2040-ро “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намуданд. Дар доираи ин иқдом ба роҳ мондани табодули устодону донишҷӯён ва омӯзиши таҷрибаи пешқадам судманд мебошад.

Лозим ба таъкид аст, ки Тоҷикистон кишвари кӯҳсор буда (93 фоиз), сармояи табиии он аз манбаъҳои бойи оби нӯшокӣ, гуногунии олами набототу ҳайвонот, парандагон, масоҳати васеи пиряхҳо бо кӯҳҳои баланд, заминҳои серҳосил, обу ҳавои мусоид, сарватҳои зеризаминӣ ва манбаъҳои бойи маъданҳои кӯҳӣ иборат мебошанд. Яъне, яке аз сарватҳои бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон 947 адад дарёҳо буда, сарчашмаи бузурги захираҳои обиро дар Осиёи Марказӣ ташкил медиҳад.

Аз ин рӯ, ҳамкорӣ намудан дар ин самтҳо бо мутахассисони чинӣ ва бурдани таҳқиқотҳои илмӣ дар марказҳои онҳо муҳим мебошад. Рушд бахшидани ҳамкориҳо дар самти омӯзиши масъалаҳои илмҳои табиию дақиқ талаботи замон мебошад.