ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ТАҲДИДҲОИ ДОХИЛИЮ МАҚСАДҲОИ МИЛЛӢ

39

Дар замони муосир барои ҳар як мамлакат Истиқлолияти давлатӣ манфиати ҳаётан муҳим ба шумор рафта, ҳифзу бақои он барои ташаккули давлатдории миллӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Дар навбати худ таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ аз рушди бомароми соҳаҳои гуногуни ҷомеа вобаста буда, гузариш аз як марҳила ба марҳилаи дигари рушду инкишофро тақозо менамояд. Зеро рушду инкишоф, махсусан рушди иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, илмию техникӣ имкон медиҳанд, ки вобастагии давлату миллат аз кишварҳои хориҷӣ коҳиш дода шавад. Рушди миллӣ имкон медиҳад, ки давлат дар арсаи ҷаҳонӣ рақобатпазирии худро баланд бардорад ва дар баробари истеъмолгар ба истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасониҳои ба талаботи давру замон ҷавобгӯ машғул шавад. Дар чунин шароит ҷомеа қодир мегардад, ки талаботи объективии худро мустақилона қонеъ созад.

Барои таъмин намудани рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеа давлатҳои миллӣ як қатор ҳадафҳои стратегие қабул менамоянд, ки амалишавии онҳо имкон медиҳад ҷомеа аз як марҳилаи рушду инкишоф ба марҳилаи навбатии он гузарад. Аммо дар раванди қабули стратегияҳои мазкур ва махсусан, дар раванди амалишавии онҳо монеаҳое пайдо мешаванд, ки амалишавии ин гуна стратегияҳоро қисман ва ё пурра ғайриимкон мегардонанд. Ин гуна монеаҳо таҳдидҳое мебошанд, ки дар шакли шарту шароит ва омилҳои гуногун зоҳир гардида, ба ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат таъсири манфӣ мерасонанд ва расидан ба ормонҳои миллиро то як давраи муайян номумкин мегардонанд. Аз ин рӯ, омӯзиши таҳдидҳо, махсусан таҳдидҳои дохилӣ имкон медиҳад, ки сабабҳои пайдоиши онҳо муайян карда шаванд ва барои бартараф намудани онҳо қарорҳои дахлдор қабул гарданд.

Таҳлилу таҳқиқи паҳлуҳои гуногуни пайдоиши таҳдидҳо ва муайян намудани хусусиятҳои бевоситаи онҳо диққати олимони соҳаро ба худ ҷалб намуда истодаанд. Дар баробари паҳлуҳои гуногуни ин масъала муайян намудани сабабҳои пайдоиши таҳдидҳои дохилӣ ва хориҷӣ, нишон додани умумият ва махсусияти онҳо, меъёрҳои баҳогузорӣ намудани иқтидори ин гуна таҳдидҳо низ дар илмҳои сиёсии муосир мавқеи муҳимро ишғол намудаанд. Чуноне ки маълум аст, вобаста ба сарчашмаи пайдоиш таҳдидҳоро ба ду навъ ҷудо менамоянд: таҳдидҳои дохилӣ ва берунӣ. Аммо ба назар чунин мерасад, ки барои муайян намудани тафовутҳои байниҳамдигарии онҳо ба инобат гирифтани танҳо сарчашмаи пайдоиши таҳдидҳо нокифоя мебошад. Дар алоқамандӣ бо ин масъала саволи зерин пайдо мешавад: ҳангоми муайян намудани таҳдидҳои дохилӣ кадом меъёрҳо ва омилҳо бояд ба инобат гирифта шаванд?

 Таҳлили адабиёти илмӣ ва ҳамзамон мушоҳидаи равандҳои сиёсию иҷтимоӣ нишон медиҳанд, ки дар аксар маврид таҳдидро дар алоқамандӣ бо манфиатҳои миллӣ шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Ҳамзамон, қайд намудан бамаврид аст, ки таҳдид яке аз унсурҳои таркибии системаи амнияти миллӣ ба шумор меравад. Амнияти миллӣ ҳамчун система аз чунин унсурҳо иборат аст: манфиатҳои миллӣ, таҳдидҳо, таъмини амният, рушду пешрафт. Замоне ки манфиатҳои миллӣ муайян мегарданд, зарурати дар амал татбиқ намудани онҳо пайдо мешавад. Дар раванди амалишавии манфиатҳои миллӣ монеаҳое пайдо мешаванд, ки онҳоро таҳдид номидан мумкин аст. Таҳдидҳо на танҳо амалишавии манфиатҳоро ғайриимкон мегардонанд, балки барои онҳо хавфу хатар эҷод менамоянд. Дар чунин шароит масъалаи ҳимояи манфиатҳои миллӣ пеш меояд, ки бо ин мақсад таъмини амният ҳамчун фаъолияти сиёсӣ ташаккул меёбад ва он танҳо барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ бояд нигаронида шавад. Агар ҳолати ҳимоятшавандагии манфиатҳои миллӣ таъмин карда шавад, рушду инкишоф ва пешрафт ҳамчун натиҷаи ин гуна фаъолият ба мушоҳида мерасад. Аз ин рӯ, робитаи манфиатҳои миллӣ бо таҳдидҳо масъалаи бебаҳс аст ва шарҳу тавзеҳи таҳдидҳо низ бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ мувофиқи мақсад аст. Чунин ҳолатро ба инобат гирифта, олими рус А.Б. Логунов иброз медорад, ки «таҳдидҳо шарту шароит ва омилҳое мебошанд, ки дар самти амалигардонии манфиатҳои миллӣ монеа эҷод менамоянд. Ҳар куҷое, ки манфиатҳо дида мешаванд, он ҷо таҳдидҳо низ ба вуҷуд меоянд». Андешаҳои мазкур барои муайян намудани ҳам таҳдидҳои дохилӣ ва ҳам таҳдидҳои беруна қобили қабул аст. Аммо дар чунин маврид мушкилӣ дар он ифода меёбад, ки манфиатҳои миллӣ ва мундариҷаи онҳо чи гуна муайян карда шудаанд (ба таври дуруст ё нодуруст). Ба ибораи дигар, дар бисёре аз ҳолатҳо ҳангоми муайян кардани манфиатҳои миллӣ афзалияти онҳо ба инобат гирифта намешаванд. Аз ин рӯ, пеш аз оне, ки таҳдидҳо (чи дохилӣ ва чи беруна) муайян карда шаванд, аввал бояд манфиатҳои миллӣ муайян гарданд. Вагарна шинохти таҳдидҳо ва муайян намудану эътироф кардани мавҷудияти онҳо ғайриимкон аст.

Чун мавҷудияти таҳдид аз мавҷудияти манфиатҳо вобастааст, дар бораи қонунияти ташаккулёбии манфиатҳо низ баъзе андешаҳоро баён намудан зарур мебошад. Манфиатҳои миллӣ доимо ифодагари талаботҳои объективии ҷомеа бояд дониста шаванд. Зеро то он замоне, ки ҷомеа ҳамчун умумияти иҷтимоию сиёсӣ мавҷуд аст, талаботҳои объективӣ ва манфиатҳои бо ин талаботҳо алоқаманд низ мавҷудияти худро нигоҳ медоранд. Масъалаи асосӣ дар он аст, ки барои қонеъ намудани талаботҳои мазкур манфиатҳо чи гуна муайян карда мешаванд. Замоне ки талаботҳои мазкур дарк мегарданд, манфиатҳо дар шакли мақсадҳо пайдо мешаванд ва сиёсат ҳамчун воситаи дар амал татбиқ намудани манфиатҳои миллӣ пайдо мегардад. Аз ин рӯ, «вақте ки манфиатҳо ба мақсад табдил меёбанд, сиёсат ҳамчун воситаи амалӣ гардонидани онҳо ташаккул меёбад» [Бэттлер А. Национальные интересы, национальная и международная безопасность // Полис. – 2002. –№4. –С.146-158, с.150]. Дар ин раванд чунин занҷираи каузалиро мушоҳида намудан мумкин аст: талаботҳои объективӣ → манфиатҳо → мақсадҳо → сиёсат. Ин гуна қонуният агар ба инобат гирифта шавад, дар алоқамандӣ бо мақсадҳои миллӣ муайян намудани ҳам таҳдидҳои дохилӣ ва ҳам таҳдидҳои беруна хеле осон мегардад. Дар чунин шароит таҳдидҳо шарту шароит ва омилҳое мебошанд, ки дар самти амалишавии мақсадҳои миллӣ монеа мешаванд ва ҳатто амалишавии онҳоро қисман ва ё пурра ғайриимкон мегардонанд. Яъне, дар чунин шароит ба ҷойи манфиатҳои миллӣ бояд мақсадҳои миллӣ тасаввур гарданд.

Масъалаи дигаре, ки барои муайян намудани таҳдидҳои дохилӣ зарур аст, ин ба инобат гирифтани дараҷаҳои зоҳиршавии таҳдид мебошад. Зеро таҳдидҳо аз рӯйи дараҷаи зоҳиршавии худ дар сатҳи фаъолияти фардӣ (ба мақсадҳои шахсӣ), дар сатҳи фаъолияти гурӯҳӣ (ба мақсадҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ, созмонҳо) ва дар сатҳи миллӣ (ба мақсадҳои миллӣ) метавонанд зоҳир шаванд. Мо дар раванди баррасии ин масъала таҳдидҳои сатҳи миллӣ ва таҳдидҳо ба мақсадҳои миллиро дар назар дорем. Зеро, ҳар он чизе, ки барои ҷомеа муфид аст, барои аъзоёни он низ муфид мебошад. Аммо ҳамаи он чизе, ки барои шахсони алоҳида ва ё гурӯҳҳои алоҳида муфид аст, баъзан барои ҷомеа муфид буда наметавонанд. Аз ин рӯ, гуфтан мумкин аст, ки бархӯрди манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ бо манфиатҳои миллӣ яке аз сабабҳои асосии пайдоиши таҳдидҳои дохилӣ мебошанд. Ба ибораи дигар, замоне ки дар рафтори одамони алоҳида манфитаҳои шахсию гурӯҳӣ нисбат ба манфиатҳои миллӣ афзалияти бештар пайдо менамояд, таҳдидҳои дохилӣ пайдо мешаванд.

Ҳамин тариқ, таҳдидҳо дар маҷмӯъ ва таҳдидҳои дохилӣ дар алоҳидагӣ дар самти амалишавии манфиатҳои миллӣ ва мақсадҳои миллӣ монеа мешаванд. Гузашта аз ин, мақсадҳои миллӣ идомаи мантиқии манфиатҳои миллӣ мебошанд ва аз ин рӯ, баррасӣ намудани моҳияти таҳдидҳои дохилӣ дар алоқамандӣ бо мақсадҳои миллӣ ба мақсад мувифиқтар аст.

Бояд гуфт, ки ба амал баровардани рушди соҳаҳои гуногуни мамлакат, ташкил намудани рушди иқтисодии кишвар, марҳила ба марҳила беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии сокинони он, волоияти қонун ва дар маҷмӯъ таъмини амнияти миллӣ вазифаҳои бунёдии ҳар як давлат мебошанд. Аммо ҳамаи ин корҳо барои таъмин намудани хушбахтии аҳолӣ анҷом дода мешаванд. Ба қавли Арасту «ташкил намудани ҳаёти арзанда мақсади ҳамаи давлатҳоро ташкил медиҳад ва дигар корҳо барои амалишавии ин мақсад анҷом дода мешаванд».

Ба андешаи Ф.Фукуяма бошад, «давлат ҳокимиятро дар дасти худ мутамарказ намуда, истифода мебарад, то ки шаҳрвандони худро ба қонунҳои давлат тобеъ намояд ва ҳамзамон кишварро аз давлатҳои дигар ва таҳдидҳои мавҷуда ҳимоя созад». Ҳамин тариқ, давлатҳо ба хотири иҷроиши вазифаҳои худ ҳадафҳои стратегие қабул менамоянд, ки онҳо барои амалишавии мақсадҳои миллӣ ва манфиатҳои миллӣ нигаронида шудаанд. Дар ин раванд мушоҳида намудан мумкин аст, ки аз ҷониби давлатҳо консепсияҳо, барномаҳо, стратегияҳо, махсусан, ҳадафҳои стратегӣ, нақшаҳои миллӣ ва монанди инҳо қабул мегарданд. Баъзеи онҳо метавонанд хусусияти соҳавӣ ва баъзеи онҳо хусусияти миллӣ дошта бошанд. Масалан, барои таъмини рушди минбаъдаи соҳаи илм давлат метавонад стратегияи марбут ба ин соҳа, барои рушди иқтисодӣ стратегияи дахлдори ин соҳа ва барои соҳаҳои дигар ҳамин гуна барномаҳо ва стратегияҳо қабул намояд. Инчунин, давлатҳо барои ҳалли мушкилиҳо ва ҳатто барои мубориза бо таҳдиду хатарҳо низ метавонанд стратегияҳои гуногун қабул кунад. Масалан, стратегияи «мубориза бо терроризм ва экстремизм», стратегияи «муқовимат бо коррупсия», стратегияи «паст кардани сатҳи камбизоатӣ» ва ғайра ба ин категория шомиланд. Дар маҷмӯъ, ҳамаи стратегияҳо ва консепсияҳо барои таъмини рушди минбаъдаи ҷомеа нигаронида шудаанд. Аммо қабули стратегияҳо ва сатҳу сифати онҳо ҳанӯз анҷоми кор нест. Зеро кам нестанд ҳолатҳое, ки стратегия ва ё консепсия қабул мегардад, аммо қисман ва ё пурра дар муҳлати муайяншуда амалӣ намешавад. Аз ин рӯ, масъалаи аз ҳама муҳим дар амал татбиқ намудани онҳо мебошад, ки шарту шароити худро дорад ва имкониятҳои мушаххасро тақозо менамояд. Барои мисол, як давлати тозаистиқлол аз пешрафти давлатҳои тараққикарда ҳасад мебарад ва мехоҳад, ки вай низ тараққӣ намояд. Бо ин мақсад амалияи сиёсӣ ва таҷрибаи он давлатҳоро нусхабардорӣ намуда, кӯшиш менамояд, ки онҳоро дар шароити ҷомеаи худ татбиқ созад. Аммо дар раванди амалишавии стратегияҳо ва лоиҳаҳои мазкур мушоҳида мегардад, ки давлат барои татбиқи онҳо имконияти зарурӣ надорад ва аз ҳама муҳим дар дохили мамлакат монеаҳое мавҷуданд, ки амалишавии онҳоро ғайриимкон мегардонанд. Масалан, сатҳи баланди коррупсия, ба талабот ҷавобгӯ набудани системаи маориф, дар ҳоли ногувор қарор доштани вазъи илм, мавҷуд набудани мутахассисони боистеъдод ва қобилиятнок, омилҳои фарҳангӣ, анъанаҳои миллӣ ва ғайра метавонанд дар самти модернизатсия, навоварӣ ва рушду инкишоф ба таври ҷиддӣ монеа эҷод намояд. Бо дарназардошти чунин ҳолат гуфтан мумкин аст, ки амалишавии мақсадҳои миллӣ (стратегияҳо, консепсияҳо, барномаҳо) аз як қатор омилҳо ва шарту шароити мушаххас вобаста мебошанд. Чунончи:

– вобаста ба сохтори ҷамъиятӣ ҳангоми таҳияи ҳадафҳои стратегӣ то кадом андоза қонуниятҳои рушду инкишоф ба инобат гирифта шудааст. Зеро ҳар як сохтори ҷамъиятӣ маҷмӯи арзишҳоеро дар худ нигоҳ медорад, ки истифода накардани онҳо ва ё ба инобат нагарифтани онҳо амалишавии ҳадафҳои стратегиро ба сифр баробар месозанд;

– ҳангоми таҳияи ҳадафҳои стратегӣ то кадом андоза воқеиятҳои ҷомеа ба инобат гирифта шудааст. Яъне, барои амалӣ шудани онҳо имкониятҳо ва манбаҳои зарурӣ мавҷуданд ва ё не? Шароити моддию техникӣ, манбаҳои инсонӣ дар кадом вазъ қарор доранд?

– ҳангоми муайян намудани мақсадҳои миллӣ ва таҳияи ҳадафҳои стратегӣ дар кадом марҳилаи рушду инкишоф қарор доштани ҷомеа ба инобат гирифта шудааст ва ё не? Зеро аз таҷрибаи давлатҳои тараққикарда маълум аст, ки ин ё он давлат аз лаҳзаи аввалини пайдоиши худ марҳилаҳои мухталифи рушдро бояд паси сар намояд. Албатта, баъзе давлатҳо ин марҳилаҳоро дар муддати кӯтоҳ, баъзеҳо дар муддати хеле тӯлонӣ паси сар менамоянд, аммо ин баҳси дигар аст.

 – дар сиёсати давлатӣ то кадом андоза меъёрҳои меритократия (шоистасолорӣ) ва ҷалби мутахассисони боистеъдод ҷой дода шудаанд. Зеро таҳлили таҷрибаи давлатҳои тараққикардаи олам нишон медиҳад, ки яке аз шартҳои асосии таъмини рушду инкишоф – ин рӯ овардан ба мутахассисони боистеъдод мебошад.

Таҳлили адабиёти илмӣ нишон медиҳад, ки муваффақияти давлат дар самти амалигардонии ҳадафҳои миллӣ аз он вобастааст, ки вай таҳдидҳои дохилиро то кадом андоза ба таври дуруст муайян менамояд ва то кадом андоза барои аз байн бурдан ва ё коҳиш додани таъсири манфии онҳо майлу рағбат дорад. Яъне, то кадом андоза омодааст, ки таъсири манфии таҳдидҳои мазкурро коҳиш диҳад ва ё онҳоро аз байн барад. Сиёсатшиноси яҳудӣ ва ҳамзамон асосгузори Донишкадаи Адизес дар штати Калифорнияи ИМА Калдерон Адизес ба давлатҳои рӯ ба тараққӣ ва дар ҳоли гузариш қарордошта тавсия медиҳад, ки «ба ҷои оне, ки бо хомушакҳо мубориза баред, аввал ботлоқро хушк намоед, то ки онҳо зиёд нашаванд». Ин суханҳо ишораи рамзие мебошанд, ки барои бартараф намудани таҳдидҳои дохилӣ аҳамияти зиёд доранд. Одамон барои чи бар зидди хомушакҳо мубориза мебаранд? Пеш аз ҳама, барои он, ки хомушакҳо паҳнкунандагони бемории табларза (малярия) мебошанд. Дар шароити муосир хомушакҳо паҳнкунандагони бемориҳои дигар низ ҳастанд. Мақсад аз ин гуфтаҳо ин аст, ки аввал оқибатҳои ногувори таҳдидҳоро донистан зарур аст ва баъдан бо худи онҳо нею, бо шарту шароитҳои бавуҷудовардандаи онҳо мубориза бурдан даркор аст. Ба ҳамин монанд аналогияи дигарро низ ёдовар шудан мумкин аст. Масалан, вақте ҳарорати бадани одам баланд мешавад ва ё сари ӯ дард мекунад, ба вай доруи сардард ва ё доруи пасткунандаи ҳарорати бадан медиҳанд. Аммо дар аксар маврид ин роҳи ҳалли масъала нест. Зеро дарди сар ва ё таби баланд беморӣ нестанд, балки нишонаҳои бемор шудани ягон узви бадан мебошанд. Ба ҳамин монанд, таҳдидҳои дохилӣ, аз қабили коррупсия, камбизоатӣ, бекорӣ, ҷинояткорӣ, нашъаҷалобию нашъамандӣ, беқурбшавии асъори миллӣ ва даҳҳо мушкилиҳои дигар сабабҳои бунёдие доранд, ки ҳалли онҳо боиси аз байн рафтани ин мушкилиҳо мегарданд. Ва ҳамзамон худи онҳо низ метавонанд сабабгори пайдоиши мушкилиҳои дигар шаванд. Чунин хусусияти таҳдидҳо имкон медиҳад, бо боварӣ иброз намоем, ки таҳдидҳои дохилӣ на танҳо сарчашмаи пайдоиш ва сабабҳои мушаххаси худро доранд, балки яке сабаби пайдоиши дигар, яке сабаби тавсеа ва паҳншавии таҳдидҳои дигар мешаванд. Ба масъалаи дуюм каме таваҷҷуҳ зоҳир намудан зарур мебошад. Мушоҳидаҳо ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки таъмини рушди иқтисодии мамлакат ҳалли аксари мушкилиҳои ҷомеаро имконпазир мегардонад. Ба ибораи дигар, аксари мушкилиҳои мавҷуда аз таназзули иқтисодӣ ба вуҷуд меоянд. Барои мисол, бекорӣ натиҷаи таназзули иқтисодӣ мебошад. Зеро дар шароити камшавии буҷаи муассисаҳо ва ташкилотҳо ду ва баъзан се воҳиди корӣ ба як воҳиди корӣ табдил дода мешаванд, ки дар натиҷа одамони зиёд бе ҷойи кор мемонанд. Дар ҳолати баръакс, яъне дар шароити рушди бомароми иқтисодӣ на танҳо як воҳиди кориро ба ду ё се воҳиди корӣ табдил додан мумкин аст, балки дар як воҳиди корӣ дар як ҳафта ду нафар метавонад бо навбат кор кунанд. Чунин таҷриба аллакай дар баъзе кишварҳои мутараққӣ дида мешавад. Аз ин рӯ, аз байн бурдани бекорӣ ҳамчун мушкилии ҷамъиятӣ аз рушди иқтисодии кишвар вобаста мебошад.

Қонунияти дигаре, ки барои рушди ҷомеа ба инобат гирифтанаш зарур аст, ба таври дуруст истифода намудани арзишҳои сохтори ҷамъиятӣ мебошад. Ба ибораи дигар, моделҳои рушди соҳавӣ бояд бо сохтори ҷамъиятӣ мувофиқат намоянд, вагарна сатҳи коррупсияро коҳиш додан ғайриимкон мешавад. Масалан, дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъди пошхӯрии Иттифоқи Советӣ аз сохтори сотсиалистӣ ба сохтори сармоядорӣ, аз фазои идеологияи коммунистӣ ба фазои идеологияи либералӣ ворид гардид, истифодаи арзишҳо ва моделҳои сохтори пештара мушкилиҳои гуногунро ба вуҷуд меоварад. Аз ҷумла яке аз сабабҳои афзоиши сатҳи коррупсия низ дар ҳамин аст. Дар доираи ин қонуният ҳамаи соҳаҳоро таҳлил намудан мумкин аст. Аммо аз таҳлили онҳо бо сабаби риояи ҳаҷми мавод худдорӣ менамоям. Дар маҷмӯъ, гуфтан мехоҳам, ки бояд дар сохтори ҷамъиятии мушаххас арзишҳо ва моделҳои хоси он ва мувофиқ бо воқеиятҳои он истифода бурда шаванд, вагарна сатҳи коррупсия хеле зиёд мешавад, пешгирӣ намудани он ғайриимкон мегардад ва аз ҳама муҳим таъмин намудани рушди соҳаҳои ҳаётан муҳимми кишвар ғайриимкон мегардад.

Ҳамин тариқ, таҳкимия пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва ташаккули давлатдории миллӣ аз рушди минбаъдаи соҳаҳои гуногуни ҷомеа вобаста мебошад. Пешрафти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию фарҳангӣ вобастагии давлатро коҳиш дода, сатҳу сифати мустақилияти онро беҳтар мегардонад. Танҳо дар чунин шароит давлату ҳукумат метавонанд, ки ормонҳои миллӣ ва ҳадафҳои стратегии дарозмуддати худро дар амал татбиқ созанд. Аммо таҳдидҳои дохилӣ шарту шароит ва омилҳое мебошанд, ки дар самти амалишавии мақсадҳои миллӣ ва ҳадафҳои стратегӣ монеа эҷод намуда, ба амнияти миллии кишвар таъсири манфӣ мерасонанд. Аз ин рӯ, яке аз шартҳои асосии таҳкими истиқлолияти давлатӣ шинохти таҳдидҳои дохилӣ, муайян намудани сабабҳои пайдоиши онҳо ва коҳиш додану аз байн бурдани онҳо мебошад.

Сафарализода Х.Қ, дотсент, докторанти кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон, ДМТ