ТАҲКИМИ МАСЪАЛАИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

1131

 «… як сарчашмаи худшиносии миллӣ, маҳз, ошноӣ бо мероси таърихӣ аст”. Б. Ғафуров.

Истиқлоли давлатӣ–ин рӯйдоди бузурги таърихист, ки ба марҳалаи ҷадиде дар таърихи миллӣ оғоз бахшид. Истиқлол соҳиби давлати миллии худ будан, худро соҳиби сарнавишту сарзамини миллати худ донистан ва аз манфиатҳои ин сарзамин содиқонаву самимона дифоъ кардан аст. Истиқлол боис шуд, ки давлати ҳуқуқбунёд, соҳибихтиёр ва дунявие бо номи Тоҷикистон ба ҷаҳониён муаррифӣ шавад.

Ҳифзу гиромидошти Истиқлоли давлатӣ, дастовардҳои дар натиҷаи заҳматҳо ба дастомада ва ба қадри онҳо расидан вазифаи шаҳрвандиву фарзандии ҳар як фард буда, барои дар ҳолати устувориву субот нигоҳ доштани он аз ҳисси худшиносии миллӣ вобастагӣ дорад. Танҳо ваҳдати миллӣ ва ҳисси худшиносии миллии ҳар фард метавонад, ки истиқлоли давлату миллатро побарҷо нигоҳ дорад ва онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намояд. Беэътиноӣ ва хунукназарӣ боиси адами ин неъмати ноёб хоҳад гашт. Барои пойдории ин неъмати гаронарзиш бояд ҳисси худшиносии миллии ҷомеаро мустаҳкам намуд. Вақте ки бо ифтихору эътиқод аз таърихи куҳану қадим доштани миллату фарҳанги худ эълон мекунем, пас бояд ҳатман дар назар дошт, ки чӣ омиле боис гаштааст, ки ин ганҷи нодир асрҳои аср ҷодаҳои мушкилу сангинро паси сар карда, то замони мо расидааст.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: “Олимону донишмандони моро зарур аст, ки ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату оинҳои мардумӣ низ, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем”.

 Мавзӯи худшиносии миллӣ айни замон яке аз мавзӯҳои муҳим дар илмҳои ҷомеашиносӣ маҳсуб мешавад. Мавзӯи мазкур асосан предмети омӯзиши илмҳои фалсафа, равоншиносӣ, сотсиология ва сиёсатшиносӣ қарор гирифтааст. Ин мафҳум аз ҷиҳати моҳият, нуқтаи назар ва дидгоҳҳои гуногун хеле васеъ аст.

 Асоси таркиби мазкур худшиносӣ (самосознание) буда, аввалин омӯзишҳо дар ин бора ба илми фалсафа рабт дорад, ки мухтасаран он ҳамчун амали инъикос аз ҷониби шуури худ ва ҳам дар натиҷаи ин инъикос дарки дониши худ фаҳмида мешавад. Шинохти рӯҳиву ҷисмонии инсон аз тарафи худи ӯ оғози хештаншиносии ибтидоияш мебошад. Илм исбот намудааст, ки худшиносӣ – аз ҷониби инсон шинохтани худ (ҷисман, фикран, эҳсосот, мавқеъ ва муносибаташ ба дигарон) ба ҳайси шахсияти хосу воҳид мебошад.

Худшиносии фардӣ чун қуллаи баланди маърифати рӯҳии инсон се зинаро дар бар мегирад, худидоракунӣ, худназораткунӣ ва худтакомулдиҳӣ. Ба ақидаи коршиносон тарбияи худшиносӣ барои ҳар як халқу миллат махсусиятҳои худро дорад, ки ҷомеа бояд ҳатман онҳоро дар ин раванд ба эътибор гирад. Дар ин маврид Мавлонои Рум чӣ хуб гуфта:

Чашм дорӣ, ту ба чашми худ нигар,

Мангар аз чашми сафеҳе бехабар

Гӯш дорӣ, ту ба гӯши худ шунав,

Гӯши гӯлонро чаро бошӣ гарав?

Ба ин мазмун устод Лоиқ низ чунин мефармояд:

Зи сад анҷом як оғоз беҳтар,

Зи сад хомӯшӣ як овоз беҳтар.

 Худоро мешиносӣ, ҳамдулиллоҳ,

Агар худро шиносӣ боз беҳтар.

Агар мафҳуми худшиносӣ инъикосгари истиқлолияти фардии шахс ҳисобида шавад, пас худшиносии миллӣ марбут ба қавм, миллат ва давлат аст. Дар ҳоле, ки асоси худшиносӣ ба ҳолатҳои рӯҳӣ ва шуури инсон вобастагии зич дорад, пас барои сайқал додани худшиносии миллӣ аз зинаҳои аввал дар ниҳоди шахс парвариш додани ҳисси ватандориву миллатдӯстиро ба роҳ мондан зарур аст. Аз ин рӯ, омӯхтани таърихи гузаштагони худ яке аз омилҳои муҳим ва муфид дар тарбияи ватандӯстӣ ва рӯҳияи хештаншиносию худогоҳии миллӣ ба камол расонидани ҷавонон мебошад. Дар ниҳоди фарзандони худ аз хурдсолӣ парвариш намудани ҳисси ватандӯстӣ тавассути таълими афкори ватанпарваронаи бузургон ва ҳифозати таърихӣ имконият медиҳад, ки тадриҷан психологияи миллии онҳо рушд карда, заминаҳои андешаи миллӣ ба вуҷуд биёяд. Бо ҳамин роҳ мо метавонем ҳисси амиқи ватандӯстиро ба вуҷуд оварда, дар рушди ҳисси худшиносии миллии ҷомеа саҳмгузор бошем.

Худшиносии миллӣ поягузори андешаи миллӣ ё олӣ буда, боиси ягонагии миллат ва пойдории давлат мегардад. Вуҷуди он дар замири ҳар як фарди ҷомеа падидаи мусбат ва манфиатбахш аст, зеро ки реша дар шуур дошта, боварӣ ба заковати худро таъмин мекунад. «Давлати миллӣ бе ғоя ва ифтихори солими миллӣ дар ҷаҳони пуртаззоди муосир арзи ҳастӣ карда наметавонад. Ғоя, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ сипари боэътимоди ҳар як халқи соҳибтамаддун дар майдони мубориза барои ҳастии хеш мебошад. Рӯҳи солими миллӣ бояд мисли ҳама муқаддасоти инсонӣ чун омили устувории давлати миллӣ барои шаҳрвандон азиз бошад» (Ятимов С.). Дар ин маврид Ф. М. Достоевский низ чунин навишта буд: “На инсон ва на миллат наметавонад бе ғояи олӣ вуҷуд дошта бошад”, яъне ғояи миллиро ҳамон ғояи олии зиндагисоз тавлид месозад. Пас, метавон гуфт, ки худшиносии миллӣ дарки мансубияти инсон ба миллат, давлат ва фарҳанг мебошад, ки фарогири маҷмӯи ғояҳо, анъанаҳо ва мафҳумҳои миллат аст.

Ба ақидаи коршиносон тарбияи худшиносӣ барои ҳар як халқу миллат махсусиятҳои худро дорад, ки ҷомеа бояд ҳатман онҳоро дар ин раванд ба эътибор гирад. Худшиносии миллӣ асосан ба чунин унсурҳое, аз қабили ғояи миллӣ, эҳсоси мансубияти марзӣ ва мутааллиқӣ ба ин ё он дину мазҳаб, расму анъанаҳо ва муқаддасоти миллӣ такя мекунад. Таъриху ҳақиқатнигорӣ хотираи инсоният аст. Таҷрибаву корандӯзиҳои гузашта боиси мустаҳкам гаштани пойдевори оянда мегарданд. Ифтихору сарбаландӣ аз аҷдоду ниёи худ як рукни худшиносист. Аз ин рӯ, ҳар як миллатро зарур аст, ки дар шинохту дарки гузаштаи саъйу кӯшиши комил дошта бошад, то миёни дигар халқиятҳо соҳибэҳтиром бошад, зеро “дарки худшиносии миллӣ дар эъмори давлати мутамаддини тоҷикон пояи асосӣ ба ҳисоб меравад. Донистани таъриху забон ва фарҳанги миллатро роҳбари кишвар ба ҷавонон пайваста талқин менамоянд, ки ҳамин омил дар вуҷуди онҳо мафҳуми бедории миллиро эҳё менамояд” (Имомзода М.).

Ҳисси ҷӯшони ғурури худшиносии миллии ин абармардон эшонро барои нигоҳ доштани фарҳанг ва бақои Ватану сарзамини аҷдодӣ раҳнамун сохтааст, то аз миллате бо сарнавишти қадимӣ ва фарҳангу маданияти бою саршор аз ганҷинаҳои нодири маънавӣ дифоъ кунанд. «Мақсад аз рӯ овардани ман ба таърих ба таври бадеӣ таърихи халқамонро дарк кардан, бузургони гуманизм ва тараққихоҳони гузаштаамонро, ки ифтихори миллии моро ташкил мекунанд, ба халқамон аз тариқи дил ва ҳис, ҳамон тавре ки ман худ шинохтаам, шиносондан аст. Дар таърих ва дар фаъолияти арбобҳои тараққипарвари он баъзе нуктаҳо, ҳикматҳо, таълимҳо, пандҳо ҳастанд, ки барои замони мо ҳам қиматашонро гум накардаанд» – менависад С. Улуғзода Осори С. Улуғзода, аз қабили «Ривояти суғдӣ», «Восеъ», «Фирдавсӣ» ва дигарон дар заминаи ғояҳои ватандӯстона ва миллатпарварона таълиф шуда, намунаи барҷастаи таҷассуми таърихият ва инъикоси худшиносии миллӣ дар асари бадеӣ маҳсуб мешаванд.

Талошу муборизаҳои Садриддин Айнӣ, Саидризо Ализода, Шириншо Шотемур, Чинор Имомов, Абдуқодир Муҳиддинов, Нусратулло Махсум, Бобоҷон Ғафуров ва дигарон низ маҳз барои ҳимояи арзишҳои миллӣ, адабиёти миллӣ, суннатҳои миллӣ, фарҳанги миллӣ равона гардидаанд. Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ барои фурӯзон кардани машъали худшиносии миллӣ дар талош аст. Бошукӯҳ баргузор намудани ҷашнвораҳои миллӣ, аз қабили 1150 – солагии асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик Абдуабдуллоҳ Рӯдакӣ, 3000-солагии Ҳисори шодмон ва 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 600 –солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, 2500-солагии Истаравшан (2002), Соли тамаддуни ориёӣ (2006), 2700-солагии Кӯлоби бостонӣ (2006), Соли бузургдошти Имоми Аъзам (2009), 100-солагии академик Бобоҷон Ғафуров, 110-солагии С. Улуғзода, 110-солагии М.Турсунзода, 5500-солагии Саразм, 700- солагии К. Хуҷандӣ аҳамияти тарбиявӣ-омӯзишӣ дошта, барои азхуд кардани таърихи миллат, болоравии ҳисси худшиносӣ ва ифтихори миллӣ нақши бузург доранд.

Адибони мо дар ин солҳо ба таҳқиқи бадеии рӯзгори мардум, ба мавзӯъҳои миллӣ ва асолати миллӣ дар заминаи шинохти таърихи миллат рӯ оварда, дар ин замина, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати фарҳангпарварона асарҳои таърихиеро ба майдон оварданд, ки дар онҳо ҳаёти мураккаби гузаштаи халқи худ таҷдиди назар шуда, роҳи тайнамудаи миллат дар муддати таърихи дароз инъикос гардидааст. Асарҳои зиёде таълиф гардиданд, ки фарогири таърихи миллат, армонҳои миллӣ, ифтихор аз гузаштагону аҷдодони барӯманди хешанд. Романҳои таърихии Муҳаммадзамони Солеҳ – «Девори Хуросон» (1999), Сорбон – «Достони писари Худо» ( 2005), Ёрмуҳаммад Равшан – «Бармакиён» (2005), Зоҳир Аброр – «Завол» (2002), Туйчӣ Мирзоди Раштӣ – «Тулӯи хуршед» (2003), Юсуфҷон Аҳмадзода – «Ҳафт руъё» (2001), «Спитамен-Рухшона-Искандар» (2012), Кароматуллои Мирзо – «Марги бегуноҳ» (2012), Ӯрун Кӯҳзод – «Тақвими раҳгум» (2011), Абдулҳамид Самад «Гардиши девбод» (2007, 2016) ва дигарон рӯйи чоп омаданд, ки ҳама башорат аз масъулияти ифтихорманди ватандорӣ ва саршор аз ғояҳои ватандӯстиву инсонпарвариянд.

Осори бузурги таърихие, ки то кунун мавриди истифодаи мо аз қаъри қарнҳо қарор дорад, маҳз, бо ҳифозати аҳли худшиносу худогоҳ маҳфуз мондааст. Забони содаву равон, салису хушнаво низ натиҷаи заҳмату меҳнати афроди хештаншинос аст, ки имрӯз ба сони чашмаи поки босафо ҷӯш мезанаду ба мардум серобӣ ато мекунад. Барои дар ин руҳия ба камол расонидани насли наврас бояд сараввал заминаи миллии шахсияти инсонро ташаккул дод, ки ин боиси мустаҳкамии фарҳанги ҳастии миллат хоҳад гашт, тарбияи ватанпарастӣ ва башардӯстии кӯдаконро аз зинаҳои нахустин бояд ба роҳ монд, зеро худшиносиву худогоҳии ҷомеа яке аз унсурҳои бақои давлату миллат аст. Бо боварӣ метавон гуфт, ки рӯ овардан ба ин ганҷинаи беназири илму адаб барои хонандаи ҷавон судманд буда, дар таҳкими ҳисси худшиносии миллии онҳо таъсирбахш хоҳад буд.

Ҳайдарова С. А.