Дар ҷаласаи навбатии тарбиявӣ, ки имрӯз (20.10.2021) бо донишҷӯёни курси якуми факултети муносибатҳои байналхалқӣ доир гардид, масъалаҳои муҳимми самти тарбияи донишҷӯён, аз ҷумла тарбияи ватандӯстӣ, таҳкими ҳувияти миллии донишҷӯён, баланд бардоштани идеологияи солими донишҷӯён, саҳми донишҷӯён дар татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат, иҷрои бечунучарои қоидаҳои тартиботи дохилии донишгоҳ, иштироки фаъоли онҳо дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ, риоя кардани фарҳанги истифодаи телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, худдорӣ намудан аз воридшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, фаъол будан дар муборизаҳои иттилоотӣ, бо нақлиёти шахсӣ омадан ба муассисаи таълимӣ, риояи Дастурамали либосҳои тавсиявии донишҷӯён мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷаласаи мазкур бо мақсади иҷрои нақшаи кории Шуъбаи тарбияи донишгоҳ ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи тарбияи донишҷӯён дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён гузаронида шуд.

Зимни баргузории ҷаласа аз садорати факултет дархост карда шуд, ки бо ҷалби донишҷӯёни фаъол ва забондон гурӯҳҳои таблиғотӣ таъсис дода шавад.

Дар нақша аст, ки чунин суҳбату вохӯриҳо бо донишҷӯёни факултетҳои дигар ташкил ва баргузор карда мешаванд.