ТУРСУНЗОДАХОНӢ

369

Ҳамасола дар шерозаи зодрӯзи шоири маъруф ва Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бо ташаббуси кафедраи назария ва адабиёти навни форсии тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи миллӣ дар якҷоягӣ бо сохторҳои илмию адабии ҷумҳурӣ маҳфили «Турсунзодахонӣ» баргузор мегардад.

Имрӯз (05.05.2023) 43-юмин маҳфили «Турсунзодахонӣ» дар ҳамкорӣ бо Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода доир гардид.

Бояд қайд намуд, ки бузургону нобиғагони адабу фарҳанг ин ё он халқу миллатро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ мекунанд. Агар Пушкин ё Лев Толстой миллати рус, Аку¬тагава халқи япон, Чингиз Айтматов мардуми қирғиз, Мопассан миллати франсавӣ, Любен Каравелов халқи булғор, Шекспир миллати англис, Данте миллати итолиёвиро дар тамаддуни ҷаҳонӣ муаррифӣ мекарда бошанд, пас, Мирзо Турсунзода дар радифи устодон Айниву Лоҳутӣ рамзи миллати тоҷик ба шумор меравад. Шарҳи ин матлаб аз ҷониби аксар иштирокчиёни маҳфили имрӯза шунида шуд.

Қобили иқайд аст, ки бо ташаббуси кафедраи назария ва адабиёти навни форсии тоҷикии факултети филология созмон додани Хонишҳои Турсунзода дар Донишгоҳи миллӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Чун анъана ёдкарди ин устоди номдори шеъри ноби тоҷикӣ ва чеҳраи шинохтаи сиёсӣ дар ду бахш созмон ёфт.

Дар бахши аввал субҳгоҳон устодону шогирдони факултети филология ба зиёрати оромгоҳи шоир ба Лучоби зебоманзар рафта, бо гулгузориву шеърхонӣ ва ёдкарди фазилатҳои неки шоир рӯҳи ӯро шод карданд. Дар бахши дувум бо иштироки меҳмонон аз сохторҳои гуногуни илмию адабӣ дар толори фарҳангии ба номи Шарифҷон Хусейнзода 43-юмин маҳфили «Турсунзодахонӣ» идома кард.

Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни сухани муқаддимавӣ қайд намуд, ки устод Мирзо Турсунзода аз шахсиятҳои барҷастаи таърихист, ки рисолати инсонии худро назди халқу Ватан батамом иҷро карда, бо ашъори рангину ҳидояткунандаи хеш дар дилҳои миллионҳо одамони хайрхоҳу некиродаи рӯйи замин ҷой гирифтааст. Ин аст ки бо гузашти солҳо эътибору манзалати устод ҳамвора меафзояд.

Мирзо Турсунзода намои кишвари азизаш Тоҷикистон, намои миллати маҳбубаш буд ва ҳар ҷо, ки қадам гузошт аз ҳамин кишвару миллат ёдовар шуд. Бо шарофати шеър ва сухани ҷонпарвари ӯ шоирону сиёсатмандони халқҳои гуногун ба миллати тоҷик ва таърихи пурифтихори ӯ муҳаббат пайдо карданд. Дар ашъори М.Турсунзода мафҳуми сулҳу дӯстӣ чун лейтмативи эҷодиёти шоир садо дод ва тавонист, ки миллати тоҷикро чун халқи сулҳпарвару ба дӯстиву рафоқат устувор ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд.

Дар идомаи маҳфил дар баробари меҳмонон, аз ҷумла директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ, профессор Шарифзода Ф.Х., инчунин, устодон Рустами Ваҳҳоб, Беҳрӯзи Забеҳулло, Ҳафиз Раҳмон низ суханронӣ намуданд.

Дар ҳамоиши пурарзиш чанде аз ҳунармандони ҷумҳурӣ ва донишҷӯёни донишгоҳ аз ашъори М. Турсунзода порчаҳои шеърии хотирмоне пешниҳод намуданд.