ВАҲДАТ АЗ УМҚИ ТАЪРИХ БО МОСТ

49

Ваҳдат ва амну суботи миллӣ дар ҳар давру замон, новобаста ба давраҳои таърихӣ, ҳамеша мазҳари идеалу ормонҳои волои инсон буда, кафили муттаҳидию ягонагии мардуми заҳматкашу хирадманд, фидокору ватандӯст ва василаи ягонаи ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ ба шумор меравад.

Ин падидаи беназиру муқаддаси даврони Истиқлолият, ҳамчун муқаддастарину азизтарин неъмат, тантанаи адолат, рамзи саодат ва шинохти асолати таърихии миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва пойдориву бақои давлат буда, дар сиришти миллати тоҷик ғояҳои ватандӯстӣ ва ҳадафҳои наҷиби созандагиро барои ояндаи неку дурахшон тақвият мебахшад.

Ваҳдатофарии миллати сарабаланд ва куҳанбунёди тоҷик аз умқи таърих сарчашма мегирад. Аз замоне ки гузаштагони пурифтихори мо – Коваи онҳангар ва Манучеҳри пешдодӣ зери парафшонии ливои озодӣ муқобили Заҳҳок муборизаи беамон бурда, ваҳдату сарҷамъӣ, зиндагии озоду осудаи мардумро таъмин карданд. Шоҳаншоҳи империяи бузурги Ҳахоманишиён – Куруши Кабир ҳангоми фатҳи Бубул дар соли 539 нахустин Эъломияи ҳуқуқи башарро қабул кард, ки диққати асоси ба озодӣ ва сарҷамъии мардум дода шуд. Мардумро аз ҳуқуқу манфиатҳои худ маҳрум накард ва ин боис гардид, ки мардуми Бобул зерии роҳбарии ӯ муттаҳид гарданд. Ҳангоми ба сари ҳокимият омадани Шопури 1 дар давлати Сосониён хирад нақши волоро соҳиб гардид ва хирадмандон иззатманд шуданд. Мардум ба аҳли хирад такя мекард, шоҳ ба олимону бохирадон. Бад-ин васила пойбарҷоии ваҳдат дар ин давлати бузурги тоҷикон таъмин мегардид. Намунаи барҷастаи ваҳдатофарӣ дар давлати Сомониён мавҷӯд буд. Агар ба чашми нек ба таърихи гузаштаи худ назар афканем, маълум мегардад, ки ин кишвари паҳновар анқариб бо роҳи созиш ва ҳамдигарфаҳмии мардум таъсис ёфтааст. Яке аз сабабҳои хоси бунёди давлати беҳамтои Сомониён ин муборизаҳои хастанопазири хонадони Сомониён муқобили ҳаракату гурӯҳҳоест, ки суботу оромии мардумро дар он замон рахна мекарданд ва ба ваҳдату ягонагии мардум ангушти ҳасрат мебурданд, ки пайравони ин гуна ҳаракатҳои ноҷур то ба ҳол вуҷуд дорад.

Нишони сарҷамъӣ ва ваҳдатофарии миллати тоҷикро мо дар муборизаву ҷонисориҳои Спитамен, Темурмалик, Катан, Овсен, Ҷалолиддин ва дигар сарсупурдагони миллат мебинем. Маҳз сарҷамъии мардум буд, ки онҳо муқобили империяҳои бузурги тероргар истодагӣ намуданд.

Ҳамин тавр, аз таърих дар хуни миллат ваҳдатофарӣ ҷой гирифтааст ва новобаста аз ҳама ҳаводиси сари миллати сарбаланд, ҷасуру ғаюри мо омада наҳаросида, барои зиндагии орому осударо пайроҳаи қисмати худ интихоб кардан, талош намудааст.

Расидан ба ваҳдат, субот, оромиву осудагӣ аз таърих ба мо мерос монда, новобаста аз талошҳои муғризонаи гурӯҳҳои бадхоҳи миллат мо дубора соҳиби он гардидем.

Дар охири саддаи ХХ расидан ба ваҳдати сартосарӣ дар мамлакат аз хизматҳои беназир ва талошҳои хастанопазири Пешвои муаззами миллат дар роҳи расидан ба ваҳдати миллӣ ва оғози давлатдории навин шаҳодат медиҳад. Яъне, имрӯз миллати тоҷик ва мардуми Тоҷикистон Коваю Фаридун, Куруши Кабир, Спитамену Темурмаликро дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебинад.

Миллати сарбаланди мо хуб дар ёд дорад, ки давлати тозаистиқлол дар оғози солҳои 90-уми қарни гузашта ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда, тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ фалаҷ гардид ва давлатро буҳрони амиқи сиёсӣ фаро гирифт. Чунин вазъи пурфоҷиа хатари заволи давлат ва парокандагии миллатро пеш оварда буд. Вале, хушбахтона, бо такя ба сабақҳои таърих ва хиради мардуми фарҳангсолори тоҷик, талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ба халқи тоҷик муяссар шуд, ки дар муддати кӯтоҳ пеши роҳи низоъи даҳшатноки дохилиро гирад, барои интихоби низоми давлатдории муосир ва рушди мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварад. Мардуми соҳибмаърифату сулҳҷӯи мо таҳти парчами ваҳдату ягонагии миллат ба ҳам омада, ваҳдати миллиро ҳамчун омили асосии пешрафти ҷомеа пазируфтанд ва барои ҳифзу таҳкими ин арзиши гаронбаҳо то ба имрӯз бо камоли ғайрату матонат азму талош варзида истодаанд.

Ваҳдати миллӣ, ки маҳз ба шарофати талошҳои қаҳрамононаи фарзанди баруманди милати тоҷик Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба даст омад, ба мардуми тоҷик қувваи тавоно бахшида, барои таҳкими суботу оромӣ, ташаккули ғояҳои инсондӯстона ва фарҳанги сиёсию ҳуқуқии мардум дар шароити ташаккули давлатдории навин замина гузошта, барои рушди муназзам ва устувори ҳамаи соҳаҳои ҳаётии мамлакат шароити заруриро фароҳам овард.

Имсол Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар арафаи ҷашни муқаддасу фархундаи 30 – умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, ки муҳимтарин дастоварди таърихи навини миллати сулҳдӯсту фарҳангсолори мо маҳсуб меёбад, таҷлил мегардад. Албатта, роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки мо бо он устуворона пеш рафта истодаем, воқеан далели барҷастаи пирӯзии ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ, ягонагии халқ ва ҳокимияти сиёсӣ маҳсуб меёбад. Ин дастоварди нодир ҳоло ба ҳайси ҷузъи таркибии суннати таҳаммулгароӣ дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон нақши бузург дорад. Чунки дар 24 соли Ваҳдати миллӣ кишвари мо ба роҳбарии Пешвои миллат ба як қатор дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид. Аз ҷумла ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима ёфт, суботу оромӣ, осудагии сартосарӣ, сарҷамъии мардум дар мамлакат таъмин гардид, заминаи амалишавии бунёди давлати иҷтимоӣ ба миён омад, вазъи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат рӯ ба инкишоф ниҳод, ҳамкориҳои Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ вусъат ёфт, Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббусҳои бузург дар арсаи байналмилаӣ шинохта шуд, таҷрибаи сулҳофари тоҷикон намунаи ибрати ҷаҳониён гардид, низоми қонунгузории миллӣ ба миём омад ва дар ин замина санадҳои зиёди меъёрӣ-ҳуқуқӣ қабул гардид, парламети касбӣ таъсис ёфт, чорабиниҳои муҳими сиёсию байналмилалӣ рӯйи кор омад, дар самти ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ ва бузургдошти шахсиятҳои мумтози таърихӣ шароити мусоид фароҳам омад, кишвар ба ҳадафҳои стратегии худ ноил гардид, сохтмонҳои бузургӣ аср ташкил шуд, фаъолияти тамоми кишри ҷомеа дар мадди аввали гузошта шуд ва тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба муваффақиятҳои бузург ноил гардиданд.

Бинобар ин, ваҳдати миллиро, бешубҳа, метавон ҳамчун самараи талошҳои бемисли Пешвои муаззами миллат ва ҳар хурду бузурги Ватани азизамон маънидод кард. Зеро Ваҳдат аз умқи таърих бо мост ва маҳз ба ин хотир, ҳар яки мо вазифадорем, ки онро мисли гаҳвараки чашм ҳифз намоем.

КОМРОН ДАВЛАТЗОДА,

ёрдамчии муовини аввал,

муовини ректори ДМТ оид ба таълим,

номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент