ВАҲДАТ – БАҚОИ МИЛЛАТ

76

Ваҳдати миллӣ, моҳият ва арзиши он барои мо – тоҷикон қутбнамое аст, ки дар заминаи он мо ба марҳилаҳои нави барқарорсозӣ, пешрафту тараққиёт ва ободонии Ватани азизамон рӯ меоварем. Мо, халқи тоҷик, ки ҳамасола рӯзи 27 июнро ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил мекунем, нақши ин санаи фархундаи таърихӣ дар мустаҳкам шудани пояҳои Истиқлолияти кишварамон хеле барҷаста мебошад. Зиёда аз ин, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сулҳу ваҳдати имрӯзи мо ниҳоят бузург ва беҳамто аст. Мо, ҳамагон шоҳид ҳастем, ки аз соли 1992, вақте ки дар иҷлосияи таърихию тақдирсози XVI Шӯрои Олӣ ин фарзанди фарзонаву сарсупурдаи миллат по ба арсаи роҳбарии давлат ниҳоданд, чигуна ин шахсияти таърихӣ барои аз вартаи ҳалокшавӣ баровардани Тоҷикистон, ба даст овардани ягонагии маънавӣ ва сиёсии кишвар, ба ҳам овардани гурӯҳҳо ва қишрҳои ҷомеа бо садоқату ҷонфишонӣ мубориза бурданд. Маҳз ба шарофатии ҷуръату матонати беандоза, масъулияти баланди ватандорву ватандӯстӣ ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдат дар кишварамон дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ барқарор гардид ва берун аз хоки Ватан ҳеҷ як гурезае намонд. Бинобар ин номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун эъмори Сулҳу Ваҳдат ва Пешвои миллат аз ҷониби ҷомеаи мо пазируфта шуд, ки чеҳраи Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба сифати шахсияти неруманди майдони сиёсат ва маънавияти миллат намудор менамояд. Ба андешаи мо чеҳра ва симои Ҷаноби Олӣ воқеан беҳтарин намунаи чеҳраи миллӣ ва олитарин намунаи тоҷикият аст. Сулҳу Ваҳдати деринтизор маҳз ба тавассути ин марди майдони сиёсат дар сарзмини азияткашида ва қариб пора-пора гаштаи тоҷик қадам ранҷа намуда, оҳиста – оҳиста, зара – зара баҳам омаданд. Маҳз ҳамин Сипаҳсолори Сулҳу ваҳдати миллӣ буд, ки ҷони хешро дареғ надошта, паи кашфи сулҳ қаламрави ҷумҳуриро гашта, марзи чандин давлатҳои хориҷиро убур намуда, бо чандин хатарҳо рӯ ба рӯ шуда, гом барои сулҳ ва ҳамдигарфаҳмии тоҷикон мебардошт… Маҳз ҳамин ҷонфидоии роҳбари давлатро воситаҳои ахбори омма ба халқи тоҷик бо тамоми нозукиҳояш мефаҳмонд. Аз тарафи дигар, воситаҳои ахбори оммаи кишварҳои ба мо дӯст, ҳамсоядавлатҳо аз сулҳу сафо, ваҳдати халқи мо сухан мекард ва онро пайгирӣ менамуд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ низ бетараф набуд. Барои расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ Созмони миллали муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ кӯмаки бедареғ мекарданд. Сулҳ ва Ваҳдат чашмаи хушкнашавандаи ҳаёти халқ маҳсуб меёфт. Аз ҳамин чашмаи сероб ҳама ташнагӣ шикастан мехост. Шукрона он рӯз ҳам фаро расид. Рӯзи саид ва мурод буд он рӯз! ВАО-и тоҷик хизмати шоистае дар тарғибу ташвиқи сулҳу ваҳдат кард.

Пеш аз он ки дар бораи инъикоси сулҳу ваҳдат ва нақши ВАО сухан гӯем, як ғазали устоди шодравон Лоиқ Шералиро бо номи «Сулҳи деринтизор» ёдовар шуданием, ки ин нахустин шеъри намирандае буд, ки дар васфи Сулҳу Ваҳдат ва офарандагони он навишта шуд. Ин ғазал дар яке аз рӯзномаҳо ба табъ расида, борҳо ба воситаи радио қироат шуда, марҳилаи ваҳдатсароӣ оғоз гардид ва устод Лоиқ мисли кӯдакҳои беолоиш аз Ваҳдат, аз сулҳофарӣ ба завқ омада, рӯ ба худованди бузург оварда навишта буд:

Раҳми Парвардигори мо омад,

Нури Ҳақ ба диёри мо омад,

Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,

Сулҳи бунёдкори мо омад.

Зиндагӣ сахттар зи мурдагӣ буд,

Ҳотифи зиндадорӣ мо омад…

Аз ин шеър Ваҳдатномаи шоирон, аҳли зиёиёни тоҷик, публитсистон, журналистон, одамони оддии кишвар оғоз ёфт…

Воқеан, бистучор сол муқаддам 27 июни соли 1997 рӯйдоди муҳимме дар таърихи навини тоҷикон ба вуқъ пайваст. Ин рӯзи тақдирсоз барои халқи тоҷик ба осонӣ ба даст наомадааст. Ҳанӯз 26 июни соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар музокироти тоҷикон ба шаҳри Маскав сафар намуд. Агар ба хроникаи он солҳо назар афканем, ки ВАО бахусус телевизион пахш мекард, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалї Раҳмонро дар майдони ҳавоии Домодедово муовини раиси Ҳукумаи Федератсияи Россия Валерий Серов, намояндаи ваколатдори Президенти Россия оид ба масъалаҳои Тоҷикистон Евгений Михайлов, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбак Назаров, Сафирони фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Мирзоев ва Евгений Белов пешвоз гирифтанд.

Ҳамон рӯз, яъне, 26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Маскав бо Вазири корҳои хориҷии Россия Евгений Примаков мулоқот намуд. Дар ин вохӯрӣ масъалаи вобаста ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон мавриди муҳокима ва баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт…

Рӯзи дигар, яъне 27 июн дар пойтахти Федератсияи Россия шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз ва таърихиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари иттиҳоди мухолифини тоҷик Саид Абдуллои Нурӣ ва намояндаи махсуси муншии умумии СММ дар Тоҷикистон Герд Дитрих Меррем имзо гузоштанд. Дар маросими имзои Созишнома Президенти Федратсияи Россия Борис Елсин, муовини муншии СММ Маийе, намояндагони мамлакатҳои нозир дар музокироти тоҷикон ва дигар ашхоси расмӣ ҳузур доштанд.

27 июни соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москав аз тариқи телевизион ба мардуми ҷумҳурӣ бо муроҷиатнома баромади пурмӯҳтавое намуд. Баромади сарвари давлатро даҳҳо, садҳо, миллионҳо мардуми тоҷик чӣ дар дохили ҷумҳурӣ ва чӣ дар берун аз ҷумҳурӣ тамошо карданд. Шодию сурури халқи тоҷик ҳадду каноре надошт. Сулҳи деринтизор ба гӯшаю канори Тоҷикистони азияткашида расид. Ин нишот халқи тоҷикро барои фардои гулгуншукуфии Ватан ҳидоят намуда, барои таъмини якпорчагии Тоҷикистон мусоидат намуд…

Ҳамон рӯзи таърихӣ тамоми ВАО-и ватанӣ ва дигар ВАО-и хориҷӣ ба хонандагону бинандагон ва шунавандаҳои худ аз ин рӯзи тақдирсоз барои халқи тоҷик хабар дод.

Аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ рӯзи 27 июни соли 1997 бахшида ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ дар Тоҷикистон ба мардуми Тоҷикистон муроҷиатнома қабул намуда, ҳамаи тоҷикистониёнро даъват намуданд, ки сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – сиёсати таъмини сулҳу оромӣ ва пешрафту инкишофи Тоҷикистони дунявӣ ва соҳибихтиёрро дастгирӣ намуда, дар амалӣ шудани ин сиёсат саҳми арзанда гузоранд. Ин муроҷиатнома ба воситаи рӯзномаву маҷаллаҳо, радиою телевизион ба халқи ҷумҳурӣ ва тоҷикони берун аз ҷумҳурӣ буда, расонида шуд. Онро мардум хуш қабул намуда, дар амалӣ намудани он заҳматҳои зиёде кашиданд. Муроҷиатномаро рӯзномаи расмии «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Халқ овози», «Голос народа» ва ҳамчунин, рӯзномаҳои ғайриҳукуматӣ, соҳавӣ, вилоятиву ноҳиявӣ, бисёртиража ба табъ расониданд…

7 июли соли 1997 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори аввал баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ дар Тоҷикистон маҷлиси Ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Сарвари давлат дар оғози маҷлис ба ҷомеаҳои коллективӣ, корхонаю ташкилотҳо, масъулини сохторҳои ҳокимияти иҷроия барои дастгирии сиёсати Президент ва ҳукумат барои расидан ба оштии миллӣ арзи сипос намуда, таъкид намуданд, ки тадбиқи созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ саҳифаи нав дар таърихи халқи тоҷик мебошад.

14 июл бошад Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармонро «Оид ба тадбирҳои тадбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» имзо намуд. Дар фармони мазкур ба ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати дар муҳлати на дертар аз як ҳафта таҳия ва тасдиқ намудани нақшаи чорабиниҳо оид ба тадбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва таъсиси гурӯҳи ҳамоҳангсоз супоришҳои далхдор дода шуд.

Баъди ба тавсиб расидани ин фармон воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон дар масъалаи инъикос намудани сулҳу ваҳдат ва дар ин замина расидан ба мақсадҳои олӣ, яъне Созишнома рӯ оварданд. Тарғибу ташвиқи сулҳу ваҳдат маҳз ба воситаи матбуот, рӯзномаю маҷаллаҳо, радиою телевизион сурат мегирифт. Силсилаи барномаҳои радиою телевизион, ташкили рӯбрикаю гӯшаҳо дар саҳифаҳои рӯзномаю маҷаллаҳо, ҳамаҳафта ба мизоҷони худ расида, моҳият, аҳамият, зарурият, воқеият, таърихияти созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ фаҳмонида дода мешуд. Дар ин самт нақши журналистон хеле ва хеле бузург буду ҳаст. Ҳануз дар як баромади Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзномаи «Ҷумҳурият», «Садои мардум» чоп намуда буд, омадааст: «Созишномаи сулҳ барои сарзамини аҷдодии мо субботу оромии воқеиро таъмин кард, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар фарди покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор буд…».

Ба шарофати ҳамин сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ, хиради азалии тоҷикон халқи бузурги тоҷик аз парокандагӣ эъмин монд. Тоҷикистони соҳибистиқлол анқариб ба вартаи ҳалокат расида буд. Фарзандони фарзонаи миллат, бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як фарди ватандӯст, худогоҳ, хештаншинос, хирадманду дурандеш, ҷасуру тавоно миллатро аз парокандагӣ, ватанро аз хатар, халқро аз хорию залилӣ берун оварданд. Садои сулҳу ваҳдат, якпорчагии Тоҷикистони азиз, ҳифзи истиқлолият, баҳамоии халқи тоҷик, якдигарфаҳмӣ ҳанӯз аз суханронии сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сесияи XYI Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд (ҳоло ноҳияи Б.Ғафуров, дар Қасри Арбоб) ҳамчун пайки баҳорӣ ба халқи тоҷик ба воситаи телевизион ва радио, рӯзномаҳо расонида шуда буд. Ин баромад халқро умедвор мекард, албатта то рӯзе ба сулҳу субботи воқеӣ мерасад. Баъдан дар баромади Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон, таъкид меёфт, кӣ: «Мо аз ҳамон рӯзҳои аввали Иҷлосияи XYI пуштубонии халқи азизамонро аз роҳи интихобкардаамон, ки таъмини сулҳу суббот ва муттаҳидии миллат, ҳифзи якпорчагии Ватани азизамон буд, эҳсос намудем…».

Дар ҳақиқат, ҳамин сулҳу суббот, ваҳдати миллӣ ва азму талошҳои Пешвои миллат ва ҷавонмардони баору номуси он буд, ки мардум ба он рӯзи таърихӣ расид. Таъкид ба ёдоварист, ки Сулҳ ва Ваҳдати миллӣ анқариб баробар ба истиқлолияти кишвар аст. Ҳамчунин, Ваҳдат ин неъмати бебаҳост, чун истиқлолият муқаддас аст. Бояд таъкид намоем, ки дар фарорасии ин рӯзи таърихӣ саҳми воситаҳои ахбори омма хеле бузург аст. Ин ҷо мехоҳем аз сареътарин воситаҳои ахбори омма радио ёдовар шавем. Ин муҷизаи асри бист, ки садои он ба гӯшаю канори ҷумҳурӣ ва берун аз он расида, ҳамватанони худро аз воқеаҳои дохилӣ ва берунии кишвар хабардор мекард. Барномаҳои радио хеле ҷолиб ва гуворо таҳияю пахш мешуд. Радио дар он рӯзҳои ҳассос минбари халқ гардида буд. Журналистони радио бо олимон, шоирон, нависандагон, коргарону деҳқонон, мӯйсафедону ҷавонон вохӯрда, сӯҳбат намуда, андешаҳои ҷолиби онҳоро дар бораи сулҳу ваҳдат ба сомеон мерасониданд. Мавзӯи асосии барномаҳои радиои Тоҷикистон бештар дар бораи сулҳу суббот, ваҳдати миллӣ, якдилию якдигарфаҳмӣ, дӯстию рафоқат, худогоҳии миллӣ, худшиносӣ буду ҳоло низ ҳаст. Бе муболиға, беҳтарин барномаи радиои Тоҷикистон дар он вақт «Хоки ватан» буд, ки бо роҳбарӣ ва идеяи раиси ҳамонвақтаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Иброҳим Усмонов таҳия ва пахш мегардид. Ин барнома пуле (купруке) буд, байни тоҷикони гуреза ва тоҷикони дохили кишвар. Барномаро журналистони далеру нотарс, суханвару сухандон менавиштанду қироат мекарданд. Садои онҳо садои Ватан буд, ки ҳар берунрафтаро ба Ватан мехост. Ин садо аз Ватан буд, ки аз сулҳу сафои барқароршуда, бахшишҳои якдигар, ба оромӣ расидани Тоҷикистон хабар медод. Маҳз ҳамин барнома ва таъсири он буд, ки кулли тоҷикони берун рафта, ки дар хоки Афғонистон мезистанд, ба ватан баргаштанд…

Ҳамчунин, дар инъикос кардани масъалаҳои сулҳу ваҳдат ва расидан ба мақсадҳои олӣ, яъне созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ нақши матбуоти даврӣ калон аст. Рӯзноманигорони тоҷик асолати касбии худро воқеан дар назди Ватан, миллат ва халқ иҷро мекарданду мекунанд. Ба муносибати 100-солагии рӯзи матбуоти тоҷик Президенти мамлакат, Ҷоноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид ба он доштанд, кӣ: «Имрӯз матбуоти тоҷик ба манфиатҳои миллӣ наздик шудааст …». Манфиатҳои миллӣ яке аз рукнҳои асосии тарғибу ташвиқ дар ВАО аз тарафи журналистон аст, ки онро доимо пайгирӣ менамоянд. Рӯзномаҳои ҷумҳуриявии «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Халқ овози», «Народная газета», соҳавии «Ҷавонони Тоҷикистон», «Омӯзгор», «Адабиёт ва санъат», рӯзномаҳои шахсию тиҷоратии «Чархи гардун», «Нигоҳ», «Фараж», «Миллат», «Тоҷикистон», «Озодагон», «Вчерный Душанбе», вилоятӣ «Ҳақиқати Суғд», «Суғд ҳақиқати», «Сагдийская правда», «Вароруд», «Нилуфар», «Ҳақиқати Кӯлоб», «Ҳақиқати Қурғонтеппа», «Бадахшони Советӣ», рӯзномаҳои ноҳиявӣ, бисёртиража дар инъикоси масъалаҳои сулҳу ваҳдат саҳм дошта, матолибҳои ҷолибро дар қолаби жанрҳои мақола, мусоҳиба, репортаж, мухбирнома, ҳисобот, нигориш, лавҳа, хабар ба хонандагони худ расонидаанд. Мақолаҳои олимони шинохта академикон М.Шукуров, Р. Масов, А. Раҳмонов, профессорон И. Усмонов, А. Сатторов, Қ. Восеъ, А. Сайфуллоев, А. Саъдуллоев, Р. Набиева, Қ. Расулов, Т. Раҳмонов, М. Исоматов, С. Сафаров, З. Саидзода, нависандагон М. Бахтӣ, Б. Муртазоев, А. Самадов, К. Мирзоев, М. Шукурзода, Ш. Мусо, шеърҳои ба ваҳдат бахшидаи шоирон М. Қаноат, Л. Шералӣ, А. Ҳаким, С. Маъмур, Г. Келдӣ, Фарзона, К. Насрулло, А. Раҳматзод, Н. Нозирӣ, М. Ғоиб, Д. Сафар, Н. Оташ, навиштаҳои пурмӯҳтавои журналистон К. Абдураҳимов, Х. Атовулло, А. Сатторов, Қ. Шарифзода, А. Раҳим, С. Асозода, Д. Эгамов, Қ. Мадалиев, Қ. Аламшо, З. Суфӣ, Т. Некқадам ва дигарон хонандагонро ба бузургдошту нигаҳдошти Сулҳу Ваҳдат намуда, роҳҳои пурпечутоб, мураккаби ба он расиданро таъкид карда, онро азиз дониста, васфи онро ба саҳифаҳои рӯзномаҳою маҷаллаҳо ва барномаҳои радиою телевизион кашидаанд. Агар саҳифаҳои бо мурури замон зардгаштаи рӯзномаҳоро варақ занем ба даҳҳо, садҳо мақолаҳо, навиштаҳои шахсиятҳои гуногун вомехӯрем, ки ҳамаи онҳо хостгори сулҳу суббот дар Тоҷикистонанд. Ҳамчунин, ба хазинаи барномаҳои радиою телевизион ворид гардем ва онро тамошо кунем, мавзӯъҳое пешорӯи мо қарор мегирад, ки танҳо аз сулҳу сафо ва ваҳдати миллӣ, назҳати худогоҳию худшиносӣ дарак медиҳад.

Дар ҳақиқат ВАО бахусус, матбуоти тоҷик як марҳилаи хеле муҳими тақдирсозро тай намуда, рисолати худро дар назди Халқу Ватан, миллати худ адо намудааст, ки ин бебаҳс аст.

Ин ҷо агар мо дар бораи ҳар як рӯзнома, маҷалла, радио, телевизион ва нақши он дар инъикоси ин масъалаи муҳим сухан гӯем, китобҳои зиёде рӯи миз меояд. Дар ин маврид аз таҳлилу баррасии коршиносони сиёсии тоҷик дар масъалаи сулҳу ваҳдат ёдовар шудан лозим меояд. Онҳо қариб дар ҳар шумораи рӯзномаҳо ё маҷаллаҳо, барномаҳои радиою телевизион доир ба паҳлӯҳои гуногуни ин масъала андешаҳои муҳим ва ҷолиб намудаанду менамоянд…

Имрӯз ба саҳифаҳои рӯзномаҳои солҳои пешин назар афканда, мебинем, ки рӯзноманигорон ҳодиса ва воқеаҳои вақт, рӯйдод, рафти ҷараёни ҳамагуна навигариҳоро чун публитсист рӯйи рӯзнома оварда, сабт кардаанд, ки ин як давраи таърихи сиёсии мост, ки онро аз саҳфаи таърих ҳеҷ гоҳ сутурда намешавад…

Дар ин радиф саҳми Воситаҳои электронии ахбор телевизион ва радио низ дар дарёфти сулҳу суббот, расидан ба ваҳдати миллӣ, инъикоси масъалаҳои вобаста ба созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ хеле назаррас аст. Агар телевизиони Тоҷикистон барномаи хуби «Оташи ҷанг ва парчами нанг»-ро таҳия кардаву сипас ин барномаро ба 15 филм расонида бошад, радиои Тоҷикистон бо барномаи «Хоки Ватан» маҳбуби ҳамватанон гардид. Маҳз ин барномаҳо ё силсилаи барномаҳо ва таҳиягарони он афкори мардуми моро бедор намуда, сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатро бо маҳорати баланд, каломи малеҳ ба халқ расонида, барои ба сулҳи воқеӣ ва сипас ба ваҳдати миллӣ расидан заҳмати зиёд кашиданд…

Агар мо мафкураи миллӣ ва шуури миллиро воқеан омили асосии ваҳдат ва пойдории давлат шуморем, барои ҳифзи ин ганҷи бебаҳо бояд чизеро дареғ надорем. Шуури таърихии миллиро бе матбуот, телевизион ва радиои тавонои миллӣ тасаввур карда наметавонем. Дар пешбурд ва тарғибу ташвиқи он ҷойгоҳи журналистон беҳамтост. Онҳо гомбардор ва парчамбардорони миллатанд…

Дар масъалаи нақши телевизион ва радио дар офариниши сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ андешаҳои зиёде гуфтаву таҳлил кардан мумкин аст. Ин мавзӯи доманадор ва таҳқиқи алоҳидаро мехоҳад. Ҳамчунин, радио низ интизори чунин таҳқиқот ҳаст, ки онро бояд олимон ва муҳаққиқони соҳаҳои журналистика анҷом диҳанд…

Ба ғайр аз ин, мо вақте дар бораи таҳқиқ ва тадқиқи ин масъала сухан мегӯем, мебинем, ки як зумраи муҳаққиқон доир ба ин масъала таҳқиқоти илмӣ бурда, диссертатсияҳо дифо кардаанд, ки натиҷаи ҷустуҷӯ ва ковишҳои зиёди онҳоанд. Инҳо Евгений Белов (роҳбар Раҳим Масов), Тахмина Ҳасанова, Изатулло Саъдуллоев, Дилором Махкамова (роҳбар профессор Иброҳим Усмонов) аз ҳамин қабиланд.

Воқеан, халқи тоҷик ҳар солгарди ба имзо расии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро (27 июни соли 1997 – А.А.) дар баробари рӯзи истиқлолият қадр менамоянд, азиз медоранд ва онро ботантана ҷашн мегиранд. Дар охир бо як сухани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаҳоямонро ҷамъбаст намуданием: «Ин ҷашн рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад…».

Бигузор ваҳдати миллии тоҷикон, сулҳу сафои он, ҳамзистию осоиштагӣ, якдигарфаҳмӣ, якдилӣ, якмаромӣ, якпорчагии Ватан ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистони азиз поянда бод!

Аъзамҷон Азимов,

профессори ДМТ