ВАҲДАТ МАРОМИ ЗИНДАГИИ ИНСОНИЯТ АСТ

286

Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳаммулпазирии миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Ваҳдат мафҳумест, ки ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, муттаҳидӣ ва ҳамбастагиро фаро гирифта, тамоми пешравию дигаргуниҳои кишвар маҳз самараи он аст.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозанда ба тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлати сохибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.

Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шаванд ва мо ба он мекӯшем, ки дар ҳар хонавода сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо бошад».

Дар ҷараёни эъмор ва истиқрори сулҳу ободкорию созандагӣ ба мо-тоҷикон муяссар шуд, ки неъмати бебаҳо ва муқаддас – Ваҳдати миллиро пос нигоҳ дорем, ба қадри он расем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд.

Дар замони муосир барои ҳар як давлати озоду соҳибистиқлоли миллӣ тарбияи аҳли ҷомеа дар рӯҳияи ватандӯстию ваҳдати миллӣ яке аз вазифаҳои муҳим ва дорои аҳамияти стратегӣ маҳсуб мешавад.

Мавҷудияти рӯҳияи ватандӯстӣ ва ваҳдати миллӣ гарави озодиву Истиқлолияти давлатӣ, ободиву амнияти ҳар кишвар ва саодату хушбахтии мардуми он мебошад. Чи тавре Пешвои миллат дар суханрониҳои худ қайд намудаанд: «Густариши пайвастаи худогоҳиву худшиносӣ ва таблиғи аҳамияти Ваҳдати миллӣ дар миёни мардум, бахусус наврасону ҷавонон бояд ҳамчун самти муҳимтарини кор ва меъёри асосии таълиму тарбия қарор гирад. Ваҳдат ва худогоҳиву худшиносӣ шахсро водор месозад, ки ба қадри Модар- Ватан, муқаддасоти миллӣ- истиқлолият, озодӣ ва рамзҳои давлатӣ, инчунин, арзишҳои волои фарҳангиву ахлоқӣ, забони модарӣ, адабиёти оламшумул ва таъриху маданияти куҳани халқи худ бирасад ва барои ба наслҳои оянда гузоштани мероси арзанда кӯшишу талош варзад”.

Аз ин рӯ, яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ин ҳифзи музаффариятҳои Истиқлолияти давлатӣ, ба ҷавонон фаҳмондани равандҳои харобиовари замони муосир ва амиқ дарк намудани онҳо мебошад. Барои пешгирии ин равандҳо дар мамлакат, махсусан, дар байни ҷавонон, ҳадафҳои асосии ноил шудан ба сатҳи баланди худшиносӣ ва матраҳ сохтани масоили иҷтимоист.

Воқеан, расонидани ҷавонон ба сатҳи баланди худшиносӣ ва ахлоқӣ ба ҳалли мушкилоти буҳрони маънавӣ мусоидат мекунад. Ватандӯстӣ аз ҳар фарди некноми Тоҷикистон маънавияту маданияти баланд, ахлоқу нияти пок, муҳаббати бепоён ба ватани хешро талаб мекунад. Аз ин хотир, ҳимояи манфиатҳои миллии давлат аз ҷумлаи вазифаҳои муқаддаси ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Бояд ҳар як шаҳрванд Ватани хешро дӯст дорад ва қарзи фарзандии хешро адо намояд. Ҳамин аст, ки Пешвои миллат дар суханронии худ ба посдории Ваҳдати миллӣ таъкид месозанд: «Вазифаи имониву муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат аз шаҳрванди одӣ то корманди баландпояи мақомоти давлатӣ таблиғи бедории миллӣ, зиракию, ҳушёрии сиёсӣ, ҳисси баланди ифтихори ватандориву ватандӯстӣ, густариши ғояҳои худогоҳиву худшиносии миллӣ ва муҳимтар аз ҳама таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад».

Мо-тоҷикон имрӯз шукргузори ин сулҳу салоҳ буда, баҳри рушди инкишофи имрӯзу ояндаи кишварамон саҳмгузорӣ менамоем ва ҳамеша Ваҳдати миллиро пос медорем, зеро пойдории давлат аз Ваҳдат аст ва ваҳдат мароми зиндагии инсоният аст.

Абдулмуминзода Н., дотсенти ДМТ