ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – САРОҒОЗИ КОМЁБИҲОИ БЕНАЗИР

28

Барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони Истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол 27 июн ҳамчун рӯзи муборак ва садоқат сабт гардидааст. Ин сана, ҳамчун оғози ба ҳам омадан, як марому мақсадро пеша кардан ва сар бардоштани миллати тамаддунофари тоҷик баҳри наҷоти кишвар аз вартаи нестшавӣ зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Маҳз дар ҳамин рӯзи наку ба таври комил фарҳанги сулҳи тоҷикон, ки беҳтарин арзиш ва волотарин дастоварди миллат дар охири саддаи XX ба ҳисоб меравад, ғалаба кард. Чун ки таҷрибаи таърихии миллат тоҷик собит кардааст, ки тоҷикон дар ҳар марҳилаи тақдирсоз соҳиби чунин фарзандони бо нангу бовиқореанд, ки дар муайян кардани сарнавишти миллати хеш нақши бисёр бориз гузошта, дар мушкилтарин ҳолатҳо барои пойдорӣ ва устувории ин миллат талошҳои хастанопазирро дареғ намедоранд. Аз ҷумла, ҷиҳати аз байн бурдани хатар ба Истиқлолияти давлатӣ, муайян кардани омилҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва тадбирандешӣ оид ба хомуш кардани оташи ҷанг дар мамлакат аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар Иҷлосия масъалаҳое мавриди ҳаллу фасл қарор гирифтанд, ки воқеан барои миллати тоҷик тақдирсоз ба ҳисоб мерафтанд. Бузургтарин дастоварди ин иҷлосияи тақдирсоз он буд, ки ба бахти миллионҳо нафар тоҷикони рӯйи олам бо амри Парвардигор фарзанди бонангу номус, қавииродаву ватандӯст, далеру ҷасур, покзамиру нексиришт ва ғурури баланди миллидошта Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Сарвари Давлат тавлид намуд. Пешвои миллат аз минбари Иҷлосия ба ҳайси раиси тозаинтихоб иброз намуданд: «Ман ё дар Тоҷикистон сулҳро барқарор менамоям, ё дар ин роҳ ҷони худро медиҳам». Дар чунин шароити басо душвор ин фарзанди фарзонаи миллат ҷон дар каф бо як далериву ҷасорати бемисл масъулияти баланди роҳбариро ба душ гирифта ба наҷоти миллату давлати тоҷикон бархост. Сарвари давлат такя ба хиради азалии мардуми тоҷик роҳи ягонаи ҳалли низоъи дохилии тоҷиконро танҳо аз тариқи музокироту гуфтушунид пеша намуда, барои расидан ба сулҳи деринтизор камари ҳиммат баст. Ниҳоятан, баъд аз 8 давраи музокрироти миёни тоҷикон санаи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин санади тақдирсоз ва хотимабахшандаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ Тоҷикистонро аз вартаи ҳалокат ва нестшавӣ наҷот дода, ба миллати тоҷик рӯҳи нав, илҳоми тоза бахшида, дар сарҷамъ кардани миллат, иттиҳоду ягонагии мардуми кишварамон нақши бебаҳо гузошт. Ба имзо расидани созишномаи мазкур як гардиши куллиеро дар роҳи расидан ба ваҳдати сартосарӣ, таъмини сулҳи деринтизор ва амалисозии ислоҳотҳои низоми давлатдорӣ рӯйи кор овард. Дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2012 Президенти мамлакат вобаста ба масъалаи нигоҳдории ваҳдату якпорчагии Тоҷикистони азизамон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, таъкид карда буданд, ки ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии афроди ҷомеа муҳимтарин омили пешрафти давлату миллат мебошад. «Маҳз ба шарофати ин рӯйдодҳои муҳими таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор гардонида, пояҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки дар Ватани азизамон ваҳдати миллӣ, сулҳ пойдору, суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд». Бо баробари ноил гардидан ба суботи сиёсӣ ва сулҳи сартосарӣ дар кишвар дар тамоми самтҳои фаъолияти хоҷагии халқ ва Ватани азизамон бо дастгириҳои инсонпарваронаи Пешвои миллат таҳаввулотҳои беназир, дигаргуниҳои ояндабахш ва тағйиротҳои назаррас падид омаданд, ки ҷумлаи онҳоро ном бурдан зарур аст:

– таъмини сулҳу субот, ваҳдати сартосарӣ, ризоияти миллӣ, хомӯш кардани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, баргардонидани тамоми гурезагони иҷборӣ, аз вартаи парокандагӣ наҷот додани давлату миллати тоҷик.

– такмили сохтори Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, ки тавоноии ҳифз ва ҳимояи ин марзу буми аҷдодиро қодир аст.

– Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қисмати ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ, имрӯз аз ҷониби зиёда аз 178 давлати дунё ба расмият шинохта шуда, бо онҳо робитаҳои устувори дипломатӣ ба роҳ мондааст.

– Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускори ҳалли як қатор масъалаҳои хусусияти глобалидошта эътироф шудааст. Давлати Тоҷикистон муаллифи чор ташаббуси бузург дар соҳаи об, аз ҷумла «Соли байналмилалии оби тоза 2003», «Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт» солҳои 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об, соли 2013», «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028» мебошад, ки имрӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта ва амалӣ шуда истодааст.

– Эҳё ва эҳтироми суннату арзишҳои миллӣ, зинда гардонидани номи шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ, муттафакирони оламшумули тоҷику форс, чеҳраҳои шинохтаи динӣ ва аҳли илму адаб.

– Бунёди давлати иҷтимоӣ ва зина ба зина боло бурдани сатҳу зинадагонии мардуми кишвар. Асоси давлати иҷтимоиро таъмини шароити арзанда ва муносиби зиндагонии хуррам ва пурнишоти мардуми кишвар, дастгирии ҳамешагии маъюбону ятимон, бепарасторону бенавоён ва кафолати таъмини ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд такшил медиҳад.

– Бунёду таъмир ва ба истифода додани роҳу нақбҳои нав барои раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ мусоидат намуда, имкон фароҳам овард, ки дар чор фасли сол миёни тамоми минтақаҳои кишвар рафту омади сокинони он таъмин карда шавад. Бунёди роҳҳои байналмилалӣ барои пайвастшавии бемайлони Тоҷикистон ба кишварҳои дунё ва бозори ҷаҳонӣ заминаҳои мусоид фароҳам овард.

– Такмили фаъолияти мақомоти қонунгузор ва бунёди парламенти касбӣ дар кишвар. Маҷлиси Олии ҶТ ҳамчун рукни бунёдии давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд аз аввали ташкилёбиаш асолати таърихии хешро то кунун дар сатҳи баланди корӣ, ташкилӣ ва суботкорӣ ба пеш бурда истодааст.

– Таъмини ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд. Маҳз расидан ба Ваҳдати миллӣ шароити мусоид фароҳам овард, ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар вазъияти воқеӣ ба амал бароварда шавад.

– Расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат

– таъмини истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати иқтисодиёти мамлакат. Итминон дорем, ки таҷрибаи бузурги сулҳоварӣ ва давлату миллатсозии Пешвои муаззами тоҷикони ҷаҳон садсолаҳо мавриди омӯзиш, пазириш ва таваҷҷуҳи ҳамешагии давлатҳои олам ва аҳли башар қарор хоҳанд гирифт.

Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷамъиятию сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ, таъсири паёмадҳои ногувори раванди ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулотҳои босуръат тағйирёбандаи замони муосир беш аз ҳар вақти дигар атрофи сиёсати бобарори Пешвои муаззами миллат муттаҳид гашта, ҳифзу гиромидошти Ваҳдати миллӣ ва корҳои созандагиву бунёдкориро вусъат бахшида, самаранок меҳнат кунем ва ҳамеша даст ба кор бошем.

Собирзода Н.М., муовини аввал, муовини ректори ДМТ оид ба таълим д.и.и., профессор