ЗИНДАГӢ ОЗОДИИ ИНСОНУ ИСТИҚЛОЛИ ӮСТ…

520

«Истиқлолият барои мардуми куҳанбунёди тоҷик арзиши муқаддасу сарнавиштсоз буда, таҳти парчами он хурду бузурги кишвар барои тақвияти пояҳои давлатдории навини худ бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд».  Эмомалӣ Раҳмон

Ҳангоми дар мактаби миёна таҳсил карданам як шеъри устод Лоҳутиро бо номи «Бандагӣ даркор нест» аз ёд карда будам ва аз таҳлили он маълум мешуд, ки шоир тавассути он ба мардуми ҷафокаши диёри худ муроҷиат кардааст. Шеърро мехондему аз он шодмонӣ мекардем, ки дар як диёри ободу осуда зиндагонӣ мекунем, моро касе таъқиб намекунад, бо хотири ҷамъ волидонамон ба кор, додару хоҳараконамон ба боғча ва мо ба мактаб меравем. Тамоми шароити зиндагӣ ва кору таҳсил барои мо муҳайёст. Аммо…

Ҳеҷ гумон намекардам, ки рӯзе ба зиндагии осудаи мо чашми бад мерасаду як идда мардуми ҷоҳил ба хотири манфиати хеш ба рӯйи оромиву тинҷии кишвар по мемонанд. Садои хандаи беғаши тифлаконро садои даҳшатноки туфангу тир пахш мекунад. Сӯхтор, куштор, дуздиву роҳзанӣ, гаравгонгирӣ…, хоса гулистони зебое ба вайроназор табдил меёбад. Ҳар лаҳза хатари марг таҳдид мекунад. Мардум ба кӯйи яъсу ноумедӣ меафтад. Охир, бародар ба сари бародар даст бардошт, теғ кашид. Дар ин ҷанги бемаънии бародаркушӣ симоҳои барҷастаи илму техника, рӯзноманигорони варзида, сарояндагони маъруф ва мардуми бегуноҳи бисёре кушта шуданд. Мардум хонабардӯш гардиданд, ҳар кас ба ҳар тараф паноҳ мебурд, қисме ба ҳамсоядавлати Афғонистон фирор карданд. Кор ба дараҷае расид, ки ба миллати тоҷик хатари нестшавӣ таҳдид мекард.

Дар яке аз чунин рӯзҳо дари хонаи моро касе сахт кӯфт. Гумон кардем, ки ҳоло дар канда мешавад. Вақте ки тарсону ҳаросон дарро кушодем, ду духтаракеро дидем, ки дарақ-дарақ меларзиданд. Аз ранги рӯйи кандаи онҳо маълум шуд, ки касе онҳоро таъқиб кардаасту онҳо ба хонаи мо паноҳ ҷуста омадаанд. Онҳоро ба хона даровардем. Баъд аз лаҳзае дурусттар нигоҳ кунем, яке аз духтарҳо фарзанди ҳамсабақи падарам, дигаре – ҳамсабақи ӯ будааст. Аз суханони канда-кандаи духтарҳо маълум шуд, ки ҳангоми аз донишгоҳ баромадан дар роҳи калон онҳоро силоҳбадастон таъқиб кардаанд. Духтарҳо бо тамоми қувва аз онҳо гурехта, бо роҳҳои байни биноҳо ба хонаи мо расида омадаанд. Баъд аз ором шудану чой нӯшидан яке аз духтарҳо гуфт, ки ӯ бояд ба хонаашон равад, падару модараш хавотир шудагистанд. Духтарак зор-зор гиря мекард. Ниҳоят дили волидонам ба ӯ сӯхту ӯро гирифта ба сари роҳ баромаданд. Бадбахтона, ҳеҷ кас бурда расонидани духтаракро ба гардан намегирифт. Аз болои сар шуввасзанон тирҳои дайду гузашта мерафтанд. Ҳар лаҳза қурбони тирпарронии бемаънии силоҳбадастон шудан мумкин буд. Ниҳоят як мошини сабукрав дар назди онҳо истоду ба як азоб онҳоро ба мошин савор карду ба ҷойи лозима бурда монд. Вақте ки волидонам ба хонаи он духтарак ворид шудаанд, шоҳиди манзараи риққатоваре гардидаанд: модар барои духтари зиндааш бо гумони он, ки ӯро куштаанд, навҳа мекард. Баробари дидани фарзандаш модар аз ҳуш рафт. Баъд аз супоридани духтарак падару модарам баргаштанд. Ягон мошин дар роҳ наменамуд, бинобар ин пиёда, бо сад машаққат онҳо ба хона омада расиданд.

Аз он рӯзҳои даҳшатнок қариб сӣ сол гузашт. Имрӯз мо он ҳодисаҳоро ба мисли лентаи кино ва ё афсонаи шум ягон-ягон ба хотир меорем. Он рӯзҳо ҳам сипарӣ шуданд, мардум ба зиндагии осоишта баргашт, оҳиста-оҳиста зиндагии мардум ба маҷрои худ даромад. Соҳаҳои хоҷагии халқ тадриҷан ба фаъолият шурӯъ намуданд. Дар донишгоҳҳо ва муассисаҳои таълимӣ донишҷӯёну хонандагон ба дарс фаро гирифта шуданд. Гурезаҳо баргаштанд, миёни тоҷикон сулҳу ваҳдати миллӣ эҳё гардид. Ҳамаи ин ба шарофати роҳбари кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии халқи ҷафодидаи тоҷик буд. Президенти кишвар нагузошт, ки миллати тоҷик ба касе ғулом шавад. Ӯ барои тинҷиву осудагии кишвар ва осудаҳолии мардум ҷонбозиҳо кард. Маҳз дар натиҷаи саъю кӯшиши ин абармарди даврон 9-уми сентябри соли 1991 Тоҷикистони азизи мо Истиқлолияти давлатӣ ба даст овард. Ин неъмати бебаҳо осон ба даст наомадааст. Тайи 30 сол аст, ки баҳри таҳкими он Президенти кишвар ва Ҳукумати Тоҷикистон тамоми қувваи худро равона карда истодааст.

Дар ин муддат кишвари азизи мо боз ҳам дилоротар шуда, кӯчаву хиёбонҳои онро биноҳои боҳашамату бисёрошёна, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, дарахтҳои ҳамешасабз, гулҳои рангоранг, маҷмааҳои ҷолиб зебу оро додаанд. Бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии Роғун, Сангтӯда, нақбҳо, роҳҳо, корхонаҳои саноатӣ, мактабу донишгоҳҳо, беморхонаҳо, майдончаҳои варзишӣ, боғчаҳои кӯдакона ва дигар иншоотҳо – ҳама самараи Истиқлолиятанд.

Айни замон мардуми шарафманди Тоҷикистон ба таҷлили бошукӯҳи ин ҷашни таърихӣ бо ҳисси эҳтиром нисбат ба арзишҳои миллӣ, ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ омодагӣ мебинанд, зеро 30 сол инҷониб мо дар фазои озод зиндагӣ ба сар мебарем. Дигар халқи тоҷик ва давлати тоҷикон мутею фармонбардори халқи бегона нест. Ҳар кадоми мо барои ҳифзи ин неъмати Худодод бояд ҳамеша омода бошем, ба қадри ҷонбозиҳои фарзандони фарзонаи миллат, ки баҳри пойдору мустаҳкам кардани сулҳ ва ваҳдат ҷонбозиҳо кардаанд, бирасем, зеро Тоҷикистон як пораи биҳишти мо, бахти баланду умеду армони мо, модари яктою беҳамтои мо, сарзамини ҳамешабаҳору бехазони мо, кишвари тозаободу ҷавони мо, хонаи умеди тоҷикони тамоми дунёст, бинобар ин

Тоҷики шерафкани овозадорам зинда бод!

 Миллати пояндаи бонангу орам зинда бод!

Мардуми мо аз азал меҳнаткашу созанда аст,

Кишвари файзовари ваҳдатшиорам зинда бод!

Файзи истиқлол омад дар замини тоҷикон,

Давлати хушрӯзгору бахтёрам зинда бод!

Эътибори тоҷикон аз сулҳу ваҳдат буду ҳаст,

Миллати фархундаи ваҳдатшиорам зинда бод!

Аз хузури Пешво дар мулки мо нуру зиёст,

Пешвои тоҷикони тоҷдорам зинда бод!

Мирзоева М.М. профессори кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ