• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 108
(чанд сухан дар мавриди баргузории якумин Форуми ректорони кишварҳои Осиёи Марказӣ, 12-13.05.2022, Қазоқистон) Имрӯз бо дастгирии роҳбарияти олии мамлакат соҳаи илму маориф ҳамчун самти афзалиятнок ҳамаҷиҳата дастгирӣ меёбад. Мисоли равшани гуфтаҳо фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ, аз ҷумла Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад, ки зери сиёсати вижаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -...
Рӯзҳои 11-12-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Катовитсаи Ҷумҳурии Полша байни 50 давлати Дунё бо иштироки 150 нафар ихтироъкор 15-умин Форуми ихтироъкорони ҷаҳон баргузор гардид. Дар кори он бо дастгирии роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ номзади илмҳои техникӣ, устоди ҷавони кафедраи химияи татбиқии факултети химияи донишгоҳ Давлатмамадова Мавлуда иштирок намуд. Мавсуф бо ихтирои худ дар Форуми...
Дар асоси нақшаи таълимӣ имтиҳонҳои хатм дар чанде аз факултетҳои ДМТ оғоз гардид. Акнун донишҷӯён марҳила ба марҳила ба супоридани имтиҳонҳо омодагӣ мебинанд. Рафти имтиҳоноти хатм аз ҷониби кормандону масъулони бахши таълими донишгоҳ назорат мегардад ва раисони имтиҳоноти хатм аз сохторҳои мухталифи ҷумҳурӣ интихоб шудаанд. Аксҳо аз ҷараёни имтиҳони...
Имрӯз ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ. Х. бо ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» (самтҳои математика, технологияҳои иттилоотӣ, географияи иқтисодӣ бо асосҳои демографии он) вохӯрӣ анҷом дода, ба онҳо дар самти идомаи таҳсил ва рушди малакаи зеҳнӣ тавсияҳои судманд доданд.
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (1207-1273) аз нобиғагони сухан ва абармардони олами адаб, фурӯзонтарин ситорагони осмони фарҳанги Машриқзамин, дурахшонтарин чеҳраҳои шеъру адаби форсӣ ва илму адёни ҷаҳонист. 30 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса ва баргузории конфронсу ҳамоишҳои гуногуни илмиву адабӣ таҷлил мешавад. Имрӯз (16.05.2022) ба хотири бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини...
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар самти татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба омӯзиши илмҳои даққиқу табиатшиносӣ ва эълон гардидани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» ибтикороти беназирро роҳандозӣ намуд. Аввалин маротиба дар донишгоҳ давоми се рӯз дар се давр (16-18.05.2022) олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ доир...
Муддатест, ки дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Донишгоҳи миллӣ бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» миёни устодону кормандони донишгоҳ дар самти пешбурди барномаи нави хизматрасонӣ Қарзҳои ғайринақдӣ (овердрафтӣ) ва «Пардохтҳои ғайринақдӣ» семинарҳои омӯзишӣ доир мегардад.  Имрӯз (14.05.2022) чунин семинар миёни устодону кормандони раёсат, факултетҳои химия, тиббӣ ва фарматсевтии донишгоҳ доир гардид. Дар вохӯрӣ сардори...
Имрӯз омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнат яке аз ҳадафҳои фаъолияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар заминаи ин бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ донишҷӯён дар чорабиниҳои сатҳи гуногун иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд. Дар партави эълон гаштани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва...
Бахшида ба Рӯзи ҷавонон – 23-юми май миёни донишҷӯёни бо дастгирии роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ бо ташаббуси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ мусобиқаҳои варзишии валейбол ва тениси рӯйи миз роҳандозӣ гардид.  Бояд гуфт, ки яке аз сохторҳои таркибии донишгоҳ Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён мебошад, ки он дар самтҳои мухталиф ҳамоишҳои гуногунсамтро доир менамояд. Тавре Асосгузори...
Имрӯз (13.05.2022) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён бо ибтикори кафедраи забони фаронсавии факултети забонҳои Осиё ва Аврупо бахшида ба ҳафтаи забони фаронсавӣ «Франкофония» дар ДМТ чорабинии илмию фарҳангӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии декани факултет Р.Шодиев оғоз ёфт. Дар чорабинӣ сафири Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мишел Таран ва намояндагони маркази фарҳангии...

Эълонҳо