• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 108
Дирӯз дар доираи ҳамкориҳо директори ҶДММ «Парафарм»-и Федератсияи Русия Кузмин Виктор Тихонович ҷиҳати омӯзиши имкониятҳои Донишгоҳи миллӣ дар самти дорусозӣ ба донишгоҳ ташриф оварданд. Меҳмони олиқадр дар ин самт бо масъулини бахши идоракунии лоиҳаҳои ДМТ Авзалов А., директори Парки технологӣ Юсупов Р. (Халифаев П.-мудири коргоҳи дорусозӣ) ва садорати факултети фарматсевтӣ муҳтарам Раҷабзода Ф.К. мулоқот...
Бо ибтикороти раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи миллӣ ва Институти илмию таҳқиқотии назди донишгоҳ дар мавзӯи «Модели бодбонии ҳамкории мутақобилаи физикӣ» (Парусная модель физического взаимодействия) семинари илмӣ-омӯзишӣ баргузор гардид. Дар семинар муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Сафармамадзода С.М. ва устодону кормандони Институти илмию таҳқиқотии донишгоҳ иштирок намуда, ходими пешбари илмии Институт Раҷабов...
Таҳти ин унвон имрӯз (02.06.2022) дар пояи Маркази таълимии муқовимат ба савдои одамони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки олимону мутахассисони соҳа семинарии байналмилалӣ баргузор гардид. Семинар дар доираи ҳакориҳои шарикон: Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи лоиҳаи «Тоҷикистон: такмилдиҳии таъқиби ҷиноятӣ барои савдои...
Ҳамасола бо ташаббуси садорати факултети химияи Донишгоҳи миллӣ Рӯзи касбии кимиёгарон ва ё Рӯзи химия бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Бояд гуфт, ки Рӯзи химикон аввалин маротиба соли 1960 ҳамчун ҷашн қабул карда шуд. Сабаби асосии таҷлили Рӯзи химикон ва ташкили муассисаҳои характери химиявидошта дар ҳамон давра, аз он маншаъ мегирад, ки...
Таҳти ин унвон имрӯз бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳофизати ҳуқуқи кӯдакон (1 июн) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабинии тарбиявӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарияти сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва хонандагони Литсейи равияи табиию риёзии донишгоҳ иштирок намуданд. Дар оғоз дар саҳни толори асосӣ дастовардҳои хонандагони литсейи донишгоҳ ба намоиш гузошта шуд ва ҳайати роҳбарикунанда аз...
 Имконияти хуб барои устодон Роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ таҳти роҳнамоии ректори муҳтарами донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар самти тозаю озода намудани биноҳои таълимию маишӣ таваҷҷуҳи вижа зоҳир намудааст.  Тайи рӯзҳои охир бо истифода аз ҳавои мусоид корҳои таъмиру тармим ва шанбегиҳои умумидонишгоҳӣ ба роҳ монда, дар ин самт татбирҳои муҳиммеро амалӣ менамояд. Яке аз иқдомҳои...
Дар қисмати аввали ҷаласаи васеи Шурои олимони Донишгоҳи миллӣ чун анъана як қатор дастовардҳои устодону донишҷӯёни донишгоҳ, ки қаблан тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ муаррифӣ намуда будем, аз ҷониби ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. қадрдононӣ шуданд. Иштироки фаъоли роҳбарияти донишгоҳ дар чорабиниҳои сиёсӣ-маърифатӣ, ғолибияти устодону донишҷӯён дар ҳамоишҳои илмии байналмилалӣ (маҷозӣ), гирифтани нишону медалҳои фахрии донишҷӯён...
Адабиёт дар масири таърих марҳилаҳои гуногунро тай намуд. Дар он мавзуъҳое мавриди таҳлил қарор кирифт, ки ба манфиати давлату миллат ва рушду камоли инсонӣ, яъне ахлоқию маънавӣ бахшида шудаанд. Мавзуъҳои инсондӯстӣ, ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, меҳнатдӯстӣ ва доштани ҳувияти миллӣ дар меҳвари асосии осори назмию насрии адибони ин марҳилаҳо ҷой гирифт. Дӯст доштану ҳифз кардани сарзамини аҷдодӣ, ободу зебо...
“Таҳсилоти журналистӣ дар Тоҷикистон: вазъият, мушкилот ва пешомад”. Таҳти ин унвон матбааи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҷмӯаи мақолаҳои конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалиро нашр намуд. Маҷмӯа 50 маводи назариявӣ, илмӣ ва илмӣ-оммавии иштирокчиён ва маърӯзачиёни конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалиро дар ҳамин мавзӯъ, ки бо ташаббуси кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рӯзи 18...
Бахшида ба Рӯзи ҷавонон – 23-юми май миёни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» аз 5-уми майи соли ҷорӣ оғоз ёфта, дирӯз (27.05.2022) дар варзишгоҳи Шаҳраки донишҷӯён ҷамъбаст гардид. Дар ҷамъбасти мусобиқа роҳбарони сохторҳои марбутаи донишгоҳ ва ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. иштирок...

Эълонҳо