• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 109
Дар заминаи ҳамкориҳои дӯстона имрӯз (27.05.2022) муовини ректори ДМТ оид ба робитаҳои байналмилалӣ Мирзамонзода Х.М. бо намояндагони Донишгоҳи давлатии техникии ҷангали Санкт-Петербурги ба номи С. Кирови Федератсияи Русия мудири шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ Светлана Викторовна Терешенко ва дотсенти кафедраи мазкур Екетерина Сергеевна Косоногова вохӯрӣ анҷом доданд. Дар мулоқот муовини ректори ДМТ оид ба робитаҳои байналмилалӣ...
Мақсад аз вохӯрии намояндагони Коллеҷи лифти Корея (Korea Lift College) таҳти роҳбарии маъмурияти Коллеҷ Хюнсук Ли ва сардори Раёсати ҳамкориҳои хориҷии Корея дар Тоҷикистон Жебок Сим бо ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. таҳким бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба буд. Дар вохӯрӣ намояндаи Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Абдуллоев С., муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Мирзамонзода Х.М....
Имрӯз (26.05.2022) ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Ҷопон вохӯрии намояндаи сафорати Ҷопон дар шаҳри Душанбе (муовини роҳбари намояндагӣ) Томонори Хасегава бо устодону донишҷӯёни факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллӣ баргузор гардид. Дар мулоқот Томонори Хасегава дар робита ба ҳамкориҳои дӯстонаи Тоҷикистону Ҷопон дар мисоли соҳаи илму маориф, таърих, тамаддун, урфу одат сухан...
Имрӯз (24.05.2022) машқи махсуси тактикии мудофиаи гражданӣ дар мавзӯи “Амали ҳайати роҳбарикунанда, комиссияҳо, қувва ва воситаҳои неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи граждании Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳангоми ба амал омадани заминларзаи 7 балла” доир гардид. Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур ҳифз намудани саломатӣ ва ҳаёти донишҷӯён, устодон ва кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳолатҳои фавқулода буд. Дар...
Имрӯз (23.05.2022) бахшида ба Рӯзи ҷавонон бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар толори калони Донишгоҳи миллӣ дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар рушди илму маорифи кишвар» конференсияи ҷумҳуриявиии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни конференсия номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики ДМТ Ғ. Шоев дар мавзӯи «Нақши олимони ҷавон дар рушди илмҳои...
Табрикоти ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Имрӯз ҷавонон неруи пуриқтидор, бунёдкору созанда ва пешбарандаи ҷомеа шинохта шудаанд. Ҳамин аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи махсус...
 Бо чунин унвон имрӯз (21.05.2022) дар Донишгоҳи миллӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии тарбиявию фарҳангӣ доир гардид. Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим Холмурод, намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷавонон-донишҷӯёни соҳибистеъдоду навовари донишгоҳ иштирок намуданд. Чорабинии тарбиявию фарҳангӣ аз тамошои филми...
Ба дурнамои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ишора карда, дар яке аз паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ қайд намуданд, ки «Ҳукумат ғамхориро нисбат ба наврасону ҷавонон минбаъд низ идома бахшида, ба ин неруи тавонои кишвар, ки марзу буми Тоҷикистонро...
Имрӯз (20.05.2022) ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Фаронса мулоқоти сафири Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мишел Таран бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ баргузор гардид. Дар мулоқот сафир Мишел Таран дар робита ба ҳамкориҳои дӯстонаи Фаронса бо Тоҷикистон дар мисоли соҳаи илму маориф суханронӣ намуда, аз ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Донишгоҳи миллӣ бо сохторҳои...
Бахшида ба Рӯзи ҷавонон - 23-юми май бо мақсади тарғиб намудани варзиши тирпарронӣ ва рушди тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон дар Кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» бори аввал мусобиқаи тирпарронӣ аз силоҳи пневматикї миёни донишҷӯёни донишгоҳ гузаронида шуд. Тибқи низомномаи баргузории мусобиқаи мазкур аз ҳисоби донишҷӯёни факултетҳо дар шумори...

Эълонҳо