• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 144
Ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ. Таҳсилоти журналистӣ дар ҷумҳурии мо таърихи 55-сола дорад. Соли 1966 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (он замон Университети давлатии Тоҷикистон) шуъбаи журналистика таъсис ёфт. Фаъолияти ин шуъба то соли 1971 идома дошт ва сипас бинобар дар феҳристи ихтисосҳои барои Тоҷикистон иҷозатдодаи Вазорати маълумоти олии Иттиҳоди Шӯравӣ мавҷуд набуданаш (яъне асноди таъсиси ин шуъба расмӣ нашуда будааст),...
Имрӯз (07.07.2021) сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, бо ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. мулоқот намуд. Дар мулоқот ҷонибҳо аз муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуда, мақсади вохӯриро дар густариш додани самтҳои илму таълим ва ба имзо расонидани санади дахлдор...
Ба диққати рӯзноманигорон расонида мешавад, ки 12-уми июли соли 2021, соати 10:00 дар бинои марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (хиёбони Рӯдакӣ 17) нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти ин боргоҳи илму маърифат дар нимсолаи аввали соли 2021 баргузор мегардад. Хоҳишмандон метавонанд дар нишаст иштирок намоянд.
Бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” солҳои 2020-2040 Озмуни ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёну олимони ҷавон таҳти унвони «Навовари беҳтарин» баргузор гардид. Дар озмун намояндагони сохторҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Дирӯз...
Имрӯз (05.07.2021) ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар факултети биология синфхоинаи гербарияи кафедраи ботаника, Озмоишгоҳи таълимии кафедраи физиологияи растаниҳо ва Китобхонаи илмии факултетро ифтитоҳ намуд. Дар ифтитоҳи марказҳои илмӣ-таълимӣ намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва ҳайати устодону кормандони факултети биология иштирок намуда, ибтикороти мазкурро амали нек дар партави эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ,...
Ба диққати донишҷӯён, магистрон ва муҳаққиқони то синни 45-сола расониданием, ки Бахши илмӣ ва фанноварии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон даври дуюми рақобати илмии «Канз»-ро (Яке аз ҷоизаҳои бунёди Мустафо дар ҳавзаи илм, фанноварӣ ва навоварӣ) эълон менамояд. Ҳоҳишмандон метавонанд корҳои эҷодии худро то санаи 6-уми августи соли 2022 ба нишонаи зерин ирсол намоянд, ҳамзамон, метавонанд маълумоти бештарро...
Таҳти ин унвон имрӯз (03.07.2021) дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 20-умин солгарди таъсисёбии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ баргузор гардид. Дар конференсия ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х., муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ, профессор Саломиён М., намояндаи сафорати Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Ш. Шамсутумнов, намояндаи сафорати Ҷумҳурии мардумии Чин дар...
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Шуморо барои иштирок дар конференсияи байналмилалии «Сотим Улуғзода ва адабу фарҳанги миллӣ», ки санаи 11 сентябри соли 2021 дар пояи кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филология баргузор мегардад, даъват менамояд. МАВЗӮҲОИ МЕҲВАРИИ КОНФЕРЕНСИЯ: • Аслҳои ҳуввияти миллӣ дар осори Сотим Улуғзода;
Имрӯз (1.07.2021) дар ҷаласаи васеи Шӯрои олимони Донишгоҳи миллӣ ғолибони озмуни «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ - 2021» қадрдонӣ шуданд. Зимни баргузории ҷаласа ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. аз дастовардҳои чанде аз устодону донишҷӯёни донишгоҳ ёдоварӣ шуда, ғолибони озмуни мазкурро самимона табрик намуд. Гуфта шуд, ки бо ибтикори Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ озмуни корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои...
Бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2019 – 2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» санаи 30-юми июн бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар майдони 800-солагии Москваи пойтахт даври дуюми Фестивали ҷумҳуриявии "Ҷилваи рангҳо" доир гардид, ки дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорату идораҳо, бонувону сокинони пойтахт, аз ҷумла устодону кормандони...

Эълонҳо