ТАБРИКОТИ
РЕКТОРИ ДМТ, ПРОФЕССОР ХУШВАХТЗОДА Қ.Х. БАХШИДА БА 29-УМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!
Бо истифода аз фурсати муносиб Шуморо ба 29-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба Шумо саломатӣ ва...
Имрӯз (22.02.2022) дар Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ доир гардид. Чорабинии мазкур бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд.
Нахуст директори литсей, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ш.Ғаффуров суханронронӣ намуда, иброз дошт, ки «Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 бо талошҳои...
Имрӯз (22.02.2022) бо ибтикори факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Нақши маориф дар мубориза бар зидди экстремизми сиёсӣ ва терроризм» конфренсияи ҷумҳуриявию илмию назариявӣ баргузор гардид.
Дар нишаст таъкид шуд, ки аз нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ масъалаи баланд бардоштани саводнокиву маърифатнокии мардум, аз ҷумла наврасону ҷавонон, рушди таҳсилоти олии касбӣ, пайваста баланд бардоштани сатҳи...
Дар доираи лоиҳаи “Беҳтаргардонии ҷараёни таълим ва ба кор таъмин намудани имкониятҳои (кортаъминкунии) хатмкунандагон” дар ДМТ гузаронидани семинари илмӣ – машваратӣ оид ба “Воситаҳои баланд бардоштани сифати дарсдиҳӣ ва истифодаи технологияи иноватсионнӣ”, ки ҳадафи он таҳия, коркард ва муккамал гардонидани аоси методологии ҷараёни дарсдиҳӣ аз ҷониби омӯзгорони ДМТ мебошад, дар назар гирифта шудааст. Семинари мазкур аз ҷониби...
Бахшида ба 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи ҳарбии Донишгоҳи миллӣ ҳамоиш баргузор гардид.
Дар он палковник Назарзода Дилмурод - мудири кафедраи ҳарбии донишгоҳ, мудири шуъбаи тарбия Саидов Ҳ.М., масъули бахши кураторони донишгоҳ Ашуров И. ва дигар намояндагони шуъбаи тарбия иштирок намуданд.
Палковник Назарзода Дилмурод ҳозиринро бо ҷашни...
Солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонон ба илмҳои дақиқ бештар мушоҳида мешавад. Махсусан ин раванд дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, хусусан факултети механикаю математикаи донишгоҳ хуб ба чашм мерасад. Роҳбарияти донишгоҳ дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳтати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми самтҳо чораҳои заруриро роҳандозӣ намудааст. Масалан, дар заминаи эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш...
Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ягона муассисае мебошад, ки дар заминаи он курсҳои такмили ихтисос- коромӯзӣ (3 моҳа) гузаронида мешаванд. Барои тадбиқи ин мақсад Донишкада курсу семинарҳо, машғулиятҳои амалӣ, лексияҳо, экскурсияҳои таълимӣ, машваратҳои фардӣ, гурӯҳӣ, хонишҳои педагогӣ, конференсияҳои илми, назариявию амалӣ, илмию методӣ, таълимию методӣ ва ғайраҳоро баргузор...
Имрӯз (19.02.2022) бо ташаббуси ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х., муовини ректор оид ба корҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Назирҷонзода Р., мудири бахши хобгоҳҳои донишгоҳ Исматуллои С., раиси шурои кураторони донишгоҳ И.Ашуров ва коллективи устодону донишҷӯён дар шаҳраки донишҷӯён ва назди хобгоҳҳои №6 ва №8 шанбегии умумидонишгоҳӣ гузаронида шуд.
Дар шанбегӣ гирду атрофи дарахтони...
Имрӯз (18.02.2022) бо ташаббуси кафедраи идоракунии молияи давлатии факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Механизмҳои молиявию қарзии татбиқи ҳадафҳои стратегии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Нишаст бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М ва декани факултети молиявию иқтисодӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор...
Имрӯз (17.02.2022) дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрии донишҷӯёни факултетҳои физика, биология, механикаю математика, геология бо ҳайати кормандони шуъбаи тарбия ва кормандони Раёсати мубориза бар задди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Нахуст декани факултети физика, профессор Солеҳов Д.Қ. оид ба самтҳои Паёми...