• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 149
Ҳамасола якшанбеи охири моҳи май ҳамчун Рӯзи кимиёгарон таҷлил карда мешавад. Имрӯз (29.05.2021) ба ин муносибат бо дастгирии роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ дар факултети химия ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ бо иштироки меҳмонону устодон ва донишҷӯёни факултет баргузор гардид. Дар ҳамоиш устодону донишҷӯёни филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе бо роҳбарии директори иҷроияи филиали донишгоҳ Р.Ғаниев иштирок намуданд.
Имрӯз (28.05.2021) ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори калони Донишгоҳи миллӣ бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонони соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Ҷавонон ва рушди маориф дар 30 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо» баргузор гардид. Дар ҳамоиш муовини...
Имрӯз (28. 05.2021) дар толори калони бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сессияи Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятӣ баргузор гардид. Сессияи Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятӣ ҳисобот дар бораи фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозро дар давраи аз моҳи майи соли...
Дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қушунҳои сарҳадӣ таъкид шудааст, ки баъд аз истиқлилояти миллии кишварамон барои ҳифзи боэътимоди марзу буми сарзамини аҷдодиамон шароит ва имконияти мусоид фароҳам омад. Сарҳад дар қатори миллат, забон ва арзишҳои миллӣ нишонаи муҳим ва...
Бо ибтикори шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони донишгоҳ дар факултети тиббии донишгоҳ вохӯрии намояндагони ташкилоти «Иттиҳоди тиббии ҷавонӣ»-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хатмкунандагони шуъбаи рӯзонаи факултет доир гардид. Дар вохӯрӣ роҳбари ташкилоти мазкур Бобоҷон Сафаралиев, муовини роҳбари ташкилот Изатулло...
(Дар ҳошияи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонони кишвар) Мо ифтихор дорем, ки ҷавонони бонангу номуси мо авомдиҳандагони кори насли калонсол, неруи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, яъне ояндаи давлату миллат мебошанд. Эмомалӣ РАҲМОН
Ҷиҳати пешгирии ҷавонон аз амалҳои террористию экстремистӣ бо ташаббуси садорати факултети иқтисод ва идора дар факултет нишасти судманд доир гардид. Дар нишаст Исайнов Ҳ.Р. – д.и.и., профессор, декани факултети иқтисод ва идора, Аҳмадзода Ф. –намояндаи Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қодиров Ф. – Роҳбари гурӯҳи ҷавонони «Авонгпрд»-и ВКД,...
Роҳи мо аз байни кӯҳу дашту саҳро бигзарад, Аз раҳу бероҳаҳо чун шӯхдарё бигзарад. Тангнову қуллаву паҳно барои мо якест, Бим дар дил кай бувад, чун раҳ аз он ҷо бигзарад.  Соҳаи геология яке аз шохаҳои асосии иқтисодиёти...
Бардошт аз мулоқоти Пешвои муаззами миллат бо ҷавонони кишвар, Кохи Борбад, 21.05.2021 Мо ҷавононро неруи созандаву бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи навини кишварамон ва ояндаи халқамон эълон кардем ва дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрӯз ба онҳо такя мекунем. Эмомалӣ Раҳмон
(Бардошт аз мулоқоти Президенити Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони мамлакат (21.05.2021)) Дар замони Истиқлол сиёсати давлатии ҷавонон яке аз масъалаҳои меҳварӣ ва стратегии давлату Ҳукумат ба ҳисоб рафта истодааст. Сабаб, имрӯз Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дошта, 70 %-и аҳолии мамлакатро, яъне қувваи асосии пешбарандаи...

Эълонҳо