• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 155
Бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту идораҳои ҷумҳурӣ бо мутахассисони ҷавон тибқи «Низомномаи тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон» дар донишгоҳ тақсимоти хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавии шуъбаи рӯзонаи хатми соли таҳсили 2020-2021 дар ихтисосҳои омӯзгорӣ ва ғайриомӯзгорӣ гузаронида шуд. Ҳамасола ҷиҳати тақсимоти хатмкунандагони донишгоҳ Комиссияи тақсимоти мутахассисони ҷавон таъсис дода шуда, дар ин...
ДМТ барои ҷалби муҳассилин ба корҳои илмӣ тадқиқоти озмуни “Донишҷӯи инноватсионӣ – 2020” – ро эълон менамояд. Озмуни “Донишҷӯи инноватсионӣ – 2020” бо мақсади баланд бардоштани фаъолияти илмию таълимӣ ва амалии хонандагони литсей, донишҷӯён, магистрантон, унвонҷӯён ва аспирантони ДМТ, ки хусусияти инноватсионӣ доранд,...
 Имрӯз (14.04.2021) бо мақсади дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби...
Имрӯз (12.04.2021) бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии иқтисод ва технология (Ҷумҳурии Украина) Конгресси IV байналмилалии илмии “Ҷомеаи донишмеҳвар, 2021” тариқи онлайн баргузор гардид. Дар кори ҳамоиши онлайнӣ роҳбарону намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии Украина, Латвия, Полша, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Гурҷистон иштирок намуданд. Дар ҳамоиши онлайнӣ ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. иштирок намуда, дар робита...
Имрӯз (12.04.2021) дар партави "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ" эълон гардидани солҳои 2020-2040 дар соҳаи илму маориф ва дар доираи Лоиҳаи «Беҳтаргардонии ҷараёни таълим ва васеъ гардонидани имкониятҳо (ба кор таъминкунӣ)-и хатмкунандагон» бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ ва ташаббуси Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон, садорати факултетҳои иқтисодии донишгоҳ вохӯрии хатмкунандагони факултетҳои зикршуда...
Тавре иттилоъ дода будем, бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 114-солагии донишманди мумтози соҳаи адабиётшиносӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Шарифҷон Ҳусейнзода дар Донишгоҳи миллӣ “Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода” ҳамчун махзани илму адаб, баъд аз таъмиру тармим дубора ифтитоҳ ва мавриди истифода қарор гирифт. Дар Ганҷина нодиртарин дастхатҳо нуҳуфта аст. Доктори илмҳои филологӣ, профессор Бадриддин...
Бо ташаббуси роҳбарияти донишгоҳ зумрае аз устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ бо роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ба Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ рафта, намоишномаи "Хусрав ва Ширин"-ро тамошо намуданд. Гуфта мешавад, ки иқдоми мазкур давоми ҳафта рӯзи охири корӣ амалӣ гашта, баҳри устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ...
Имрӯзҳо донишҷӯёни донишгоҳ дар чорабиниҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ иштироки фаъол намуда, аз ҷониби мақомоти дахлдор бо сипосномаю ифтихорномаҳо сарфароз мегарданд. Тавре аз бахши тарбияи донишгоҳ хабар доданд, чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ гузаронида шуда, донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ иштирокчии фаъоли онҳо мебошанд. Имрӯз (10.04.2021) ҷиҳати татбиқи Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон...
Муассисаи давлатии «Маркази милли патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон, супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 12 ноябри соли 2019, №171131(22.7) бо мақсади дарёфт намудани истеъдодҳои ҷавон, тарғибу ташвиқи соҳа дар...
 Дар натиҷаи ташрифи расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина боздид аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф густариш меёбанд. Имрӯз (08.04.2021) дар заминаи ин ҳамкориҳо ҳайати Донишгоҳи Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ Муҳаммад Қосим Ориё ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. мулоқот...

Эълонҳо