• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 158
Имрӯз (23.04.2021) бо ибтикори роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ миёни устодону кормандон ва донишҷӯён беш аз 7000 ниқоби якдафъаинаи тиббӣ тақсим гардид. Иқдоми мазкур бо роҳбаладии муовини ректори ДМТ оид ба тарбия Раҳмонзода Ҷ.М. дар назди даромадгоҳи Шаҳраки донишҷӯёни донишгоҳ гузаронида шуд. Ҳамзамон, намояндагони бахши тарбияи донишгоҳ ва чанде аз муовинони декани факултетҳо...
Ҳамасола ҷиҳати тақсимоти хатмкунандагони Донишгоҳи миллӣ Комиссияи тақсимоти мутахассисони ҷавон таъсис дода шуда, дар ин самт вохӯриҳо доир мегардад. Зимни баргузории вохӯриҳо намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва хатмкунандагон иштирок намуда, дар самти фаъолияти минбаъдаи хатмкунандагон машварат гузаронида мешавад. Имрӯз (22.04.2021) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён миёни хатмкунандагони факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ тақсимоти хатмкунандагон ба ҷойи кор баргузор гардид.
Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавќеъ ва натиљаи фаъолияти чанде аз муассисаои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикисторо натиҷагирї намуд. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон миёни 31 муассисаи олии ҷумҳурӣ сазовори ҷойи якум гардид. Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи таълим, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар нимсолаи аввали соли таҳсили...
Имрӯз (20.04.2021) дар толори бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чун анъана «Ҳафтаи илм» бо баргузории конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалии ҳайати устодону кормандон, докторантону аспирантон ва магистрону донишҷӯён бахшида ба ҷашнҳои 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 110 – солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, 110 – солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон, Сотим Улуғзода ва «Бистсолаи...
Ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел ҳамчун Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин рӯзи таърихӣ аз ҷониби сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ гузаронида мешавад. Вобаста ба ин рӯз устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ бо дастгирии ректори донишгоҳ Хушвахтзода Қ.Х. дар як қатор чорабиниҳо иштироки фаъол менамоянд. Субҳи имрӯз (17.04.2021)...
Бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту идораҳои ҷумҳурӣ бо мутахассисони ҷавон тибқи «Низомномаи тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон» дар донишгоҳ тақсимоти хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавии шуъбаи рӯзонаи хатми соли таҳсили 2020-2021 дар ихтисосҳои омӯзгорӣ ва ғайриомӯзгорӣ гузаронида шуд. Ҳамасола ҷиҳати тақсимоти хатмкунандагони донишгоҳ Комиссияи тақсимоти мутахассисони ҷавон таъсис дода шуда, дар ин...
ДМТ барои ҷалби муҳассилин ба корҳои илмӣ тадқиқоти озмуни “Донишҷӯи инноватсионӣ – 2020” – ро эълон менамояд. Озмуни “Донишҷӯи инноватсионӣ – 2020” бо мақсади баланд бардоштани фаъолияти илмию таълимӣ ва амалии хонандагони литсей, донишҷӯён, магистрантон, унвонҷӯён ва аспирантони ДМТ, ки хусусияти инноватсионӣ доранд,...
 Имрӯз (14.04.2021) бо мақсади дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби...
Имрӯз (12.04.2021) бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии иқтисод ва технология (Ҷумҳурии Украина) Конгресси IV байналмилалии илмии “Ҷомеаи донишмеҳвар, 2021” тариқи онлайн баргузор гардид. Дар кори ҳамоиши онлайнӣ роҳбарону намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии Украина, Латвия, Полша, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Гурҷистон иштирок намуданд. Дар ҳамоиши онлайнӣ ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. иштирок намуда, дар робита...
Имрӯз (12.04.2021) дар партави "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ" эълон гардидани солҳои 2020-2040 дар соҳаи илму маориф ва дар доираи Лоиҳаи «Беҳтаргардонии ҷараёни таълим ва васеъ гардонидани имкониятҳо (ба кор таъминкунӣ)-и хатмкунандагон» бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ ва ташаббуси Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон, садорати факултетҳои иқтисодии донишгоҳ вохӯрии хатмкунандагони факултетҳои зикршуда...

Эълонҳо