• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 162
Барои донишҷӯён. Дар асоси фармоиши ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. давраи имтиҳонии сессияи санҷишию имтиҳонии зимистонаи соли таҳсили 2020-2021 барои донишҷӯёни курсҳои 1-4-и зинаи таҳсилоти бакалавр ва курсҳои 1-6-и зинаи таҳсилоти мутахассис (ба истиснои ихтисосҳои дар банди зерин зикргардида)-и ихтисосҳои амалкунандаи факултетҳои донишгоҳ аз 21-уми декабри соли 2020 то 17-уми январи соли 2021 (ҳафтаҳои 17, 18, 19 ва 20-уми соли таҳсили 2020-2021) муқаррар карда шудааст....
Имрӯз (16.12.2020) дар Литсейи равияи табиию риёзии ДМТ ба хонандагони болаёқате, ки дар олимпиадаи фаннии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (дар шаҳри Душанбе) сазовори ҷойҳои намоён гардида буданд, ифтихорномаҳо супорида шуд. Тавре директории Литсей н.и.ф., дотсент Ш.Ғаффуров зикр намуд, дар даври аввали олипиадаи фаннӣ, ки аз 13 фанни таълимӣ гузаронида шуд, 304 нафар довталабони олимпиадаи фаннӣ аз Литсей иштирок намуданд,...
 Имрӯз омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнат дар сатҳи байналмилалӣ яке аз ҳадафҳои фаъолияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар заминаи ин бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ донишҷӯён дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла олимпиадаҳои фаннӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд. Чанде қабл дар асоси нақша-чорабиниҳои Донишкадаи байналмилалии маниторинги инкишофи демократия, парламентаризм...
Имрӯз (09.12.2020) дар Қасри варзишии Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими кушодашавии мусобиқа оид ба футболи хурд миёни устодону кормандони сохторҳои марбутаи донишгоҳ барои дарёфти «Ҷоми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» баргузор гардид. Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. оғоз гардида, қайд намуданд, ки ҳадаф аз баргузории мусобиқаи...
Имрӯз (7.12.2020) бо ташаббуси кафедраи молия ва суғуртаи факултети молиявию иқтисодии ДМТ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Муаммоҳои такмили низоми молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир» семинари ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ доир гардид. Нишаст бо сухани муқаддимавии декани факултет, доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсент И.С. Шамсов оғоз ёфт. Мавсуф меҳмонон, ҳайати профессорону...
Санаи 03.12.2020 дар хобгоҳи №6-и ДМТ тибқи нақша-чорабиниҳои раёсати донишгоҳ вохӯрии мудири бахши хобгоҳҳои донишгоҳ Исматуллои С., раиси бахши кор бо занон ва духтарони донишгоҳ Маҷидзода Д., раиси Шӯрои кураторон И. Ашуров, сармутахассиси бахши мазкур М. Турсунова ва муовинони декан оид ба тарбия бо донишҷӯён доир гардид. Дар вохӯрӣ намояндагони донишгоҳ доир ба назорати доимии омаду рафти донишҷӯён, риояи ҳатмии...
Аз 1-ум то 4-уми декабри соли ҷорӣ ХIII Ҳафтаи маорифи кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) бо назардошти вазъи эпидемикии баамаломада дар шакли онлайн баргузор гардид. Дар заминаи он конференсияи байналмилалии илмию амалии донишгоҳҳои СҲШ таҳти унвони “Донишгоҳи СҲШ: Мушкилиҳои ҷаҳонӣ ва имкониятҳо барои рушди устувор, то соли 2030” баргузор шуд. Дар ҷараёни нишастҳо ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х....
Имрӯз (01.12.2020) бо ибтикори садорати факултети фарматсевтӣ бахшида ба Рӯзи байналмилаии мубориза бо бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО-ВИЧ/СПИД) чорабинии тарбиявӣ доир гардид. Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии декани факултет, доктори илмҳои фарматсевтӣ, профессор Мӯсозода С.М. оғоз ёфт. Мавсуф афзуд, ки таҷлили ин рӯз ба даврае рост омад, ки ҷаҳон дар вартаи бемории нав, яъне COVID-19 қарор дорад. ВИЧ/СПИД бемориест,...
Имрӯз (30.11.2020) бо мақсади шиносоии комил аз вазъи татбиқи шартномаҳо ва ҷустуҷӯйи роҳҳои нави ҳамкорӣ Сафири фавқулодаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар бо ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. мулоқот анҷом дод. Дар оғози суҳбат ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. меҳмонро бо таърихи донишгоҳ, сохтор ва ҳайати...
Имрӯз (24.11.2020) бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар донишгоҳ ҳамоиши фарҳангӣ бо иштироки устодону донишҷӯён баргузор гардид. Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ҳайати бисёрҳазорнафараи донишгоҳро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуда, оид ба муҳим ва муқаддас будани Парчами давлатӣ суханронӣ намуданд. Сипас устоди факултети ҳуқуқшиносӣ, доктори илмҳои ҳуқуқ Д. Сангинов доир ба таърихи пайдоиш ва давраҳои гуногуни тағйирёбии...

Эълонҳо