• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 163
Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз! Бо истифода аз фурсати муносиб Шуморо ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 24-уми ноябр табрику таҳният гуфта, ба Шумо саломатӣ ва дастовардҳои нави илмию эҷодиро таманно дорам. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ рамзи муқаддаси давлат ва нишонаи...
Имрӯз (23.11.2020) таҳти ин унвон дар ДМТ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Нахуст муовини Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Ҳусния Исҳоқӣ конференсияро ифтитоҳ карда, иброз дошт, ки «Парчам барои мардуми тоҷик рамзи ватандорӣ, сарбаландӣ ва шуҷоату мардонагӣ буда, халқи мо аз замонҳои қадим ба...
Аз 5-ум то 21-ми ноябри соли ҷорӣ дар заминаи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон курси омӯзишӣ: «Танзими ҳуқуқӣ-сиёсии рушди давлатдории Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар он омӯзгорон аз Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон, Коллеҷи омӯзгории шаҳр,...
Имрӯз (21.11.2020) дар кафедраи умумидонишгоҳии забони англисӣ дар мавзӯи «Нақши забоншиносии муқоисавӣ дар ташаккули забони тоҷикӣ» мизи гирди илмию назариявӣ баргузор гардид. Нишаст бо сухани муқаддимавии сардори шуъбаи ахбори илмию техникии донишгоҳ Абдуллозода Р.А. оғоз ёфт. Баъдан номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи мазкур О. Иқболов дар мавзӯи «Хусусиятҳои семантикии зарбулмасалу мақолҳо дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ» ва...
Имрӯз (16.11.2020) бахшида ба Рӯзи Президент – 16-уми ноябр дар ДМТ чорабинии фарҳангӣ гузаронида шуд. Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Абдулмуминзода Н.А. оғоз ёфт. Сипас устоди факултети ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент И.Т.Маҳмудов дар робита ба Рӯзи Президент ва нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон...
ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДМТ, ПРОФЕССОР ХУШВАХТЗОДА Қ.Х. БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ  Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз! Бо истифода аз фурсати муносиб Шуморо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 16-уми ноябр табрику таҳният гуфта, ба Шумо саломатӣ ва дастовардҳои нави илмию эҷодиро таманно дорам. 16-уми ноябр...
Идораи патентии Авруосиёгӣ (ИПАО) универсиадаи патентии авруосиёгиро тахти унвони «Назар ба оянда» бахшида ба 25-солагии ташкидоти патентии Авруосиёгӣ эъдон менамояд. Барои иштирок дар универсиада толибилмони муассисахои таълимӣ ва дигар шахсони ҳавасманди синну соли аз 18 то 25 сола (категорияи дуюми синусолӣ) даъват карда мешаванд. Универсиада дар шакли озмуни корҳои эҷодӣ (корҳое, ки дар онҳо натиҷаҳои эҷодиёти...
Ҳамасола 6-уми ноябр дар саросари кишварамон Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Дар робита ин санаи муҳим дар сохторҳои гуногуни донишгоҳ чорабиниҳои илмӣ-таълимӣ гузаронида шуд. Аз ҷумла, чунин чорабинӣ дар факултети ҳуқуқшиносӣ кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ дар мавзӯи «Конститутсия ва низоми ҳуқуқии муосири Тоҷикистон: алоқамандии илм, ҳуқуқэҷоднамоӣ ва амалия» конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид.
Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз! 26-умин солгарди қабули Қонуни асосии кишвар - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ҳар яки Шумо самимона табрик мегӯям. Имсол барои ҷомеаи соҳибистиқлоли мо, хусусан, устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, соли таърихист. Зеро дар ин сол мо 26-умин солгарди Конститутсияи кишварро таҷлил менамоем.  Фаромӯш набояд...
Имрӯз (05.11.2020) бо ташаббуси ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар доираи ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД “Тоҷиксуғурта” ва КВДС “Тоҷиксармоягузор” дар заминаи кафедраи молия ва суғуртаи факултети молиявию иқтисодӣ “Озмоишгоҳи таълимии молия ва суғурта” кушода шуд.       Дар кушодашавии озмоишгоҳ ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ширкат намуда,...

Эълонҳо