• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 163
Имрӯз (02.02.2021) дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва наздик ба 40 нафар рӯзноманигорони телевизиону радио ва нашрияҳои ҷумҳурию расонаҳои хабарӣ нишасти матбуотӣ доир гардид. Нишасти матбуотиро ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба фаъолияти як соли Донишгоҳи миллӣ мухтасар сухан намуд. Қайд гардид, ки ҳайати омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ соли 2020-ро бо дастовезҳои...
Дар доираи лоиҳаҳои “Шабакаи такмили таҳсилоти олии илман асоснок дар соҳаи микробиология ва бунёдӣ ва татбиқӣ” ва «Шабакаи такмили таҳсилоти олии илман асоснок дар соҳаи биотехнологияи микробиологӣ» корманди Маркази биотехнологии ДМТ Ҷӯраева М.М., аз санаи 18 январи соли 2020 то санаи 2 январи соли 2021 ба Донишгоҳи Бергени шаҳри Бергени Норвегия...
Имрӯз (29.01.2021) дар ҷаласаи Шӯрои олимони Донишгоҳи миллӣ дастовардҳои чанде аз устодону кормандони донишгоҳ муаррифӣ гардиданд. Ибтидо ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ба декани факултети фалсафа Маҳмадизода Н.Д. “Шаҳодатномаи докторӣ”, ба сардори раёсати илм Наботӣ Р. дар соҳаи “Адабиёт” ва ба донишҷӯ Ашӯрзода Хусрав дар соҳаи “Барномасозӣ” дипломи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишро супориданд.
Тибқи нақша-чорабиниҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди донишгоҳ дар асоси фармоиши ректори донишгоҳ миёни омӯзгорони ҷавон аз санаи 11-ум то 27-уми январи соли 2021 курси кӯтоҳмуддати “Усулҳои фаъоли таълим” дар ҳаҷми 90 соати академӣ гузаронида шуд. Дар курси мазкур омӯзгорони ҷавоне, ки дар соли таҳсили 2020 - 2021 ба кор...
 Бо мақсади рушди илм ва истифодаи самараноки технологияи аълосифат барои қонеъ гардонидани талаботи истеҳсолот дар истифодаи технологияҳои навтарин ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва инвеститсионӣ дар Парки технологии донишгоҳ коргоҳи хурди истеҳсоли доруҳои гиёҳӣ ба роҳ монда шудааст. Дар коргоҳ шаклҳои сахти дору, ба монанди хокадору, ғурушаҳои доруворӣ, маҷмаъгиёҳ ва гиёҳҳои алоҳидаи доруворӣ таҳия карда мешаванд. Маҳсулоти истеҳсолшаванда дар асоси...
Ба мушоҳида мерасад, ки имрӯз дар баробари тарбияи фарзанд занҳо боз дар баробари мардон дар корҳои ҷамъиятиву сиёсӣ нақши бориз доранду симои зан ба як шахсияти созанда ва ободкор табдил ёфтааст. Хушбахтона, имрӯз дар кишвар занон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъятию сиёсӣ ва иқтисодиву маънавии кишвар фаъолияти созандаву назаррас доранд. Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...
Имрўз (26.01.2021) дар Кохи Сомони пойтахт Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардид. Тамоми сохторҳои корхонаҳои давлатӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олию миёнаи мамлакат пахши мустақими Паёмро тариқи шабакаҳои телевизионӣ...
Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз...
22 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои хобгоҳи рақами 8-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор дода, бо шароити дар он фароҳамгардида шинос шуданд. Иншоот дар доираи сохтмони навбати 2-юми бинои...
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бинои таълимии факултетҳои иқтисодӣ ва молиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Осорхонаи Пешвои миллатро, ки ба овони донишҷӯӣ ва саҳми Сарвари давлат дар рушди минбаъдаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида шудааст, мавриди...

Эълонҳо