• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 172
Ҷашни 30-солагии соҳибистиқлолии Тоҷикистони, 25-солагии Шӯрои ҷамъиятӣ (ШҶ) бо сарпарастии Пешвои миллат ва Раиси Шӯрои ҷамъиятии ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва 20-солагии Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар қатори ҷамъомадҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) ва дар ҳамбастагии сулҳу субот дар ин кишварҳо, барои устуворӣ ва рушди робитаҳои байнифарҳангии муносибатҳои байналмилалии ҷаҳон такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид. Агарчӣ мақоми СҲШ дар рушди муносибатҳои байналмилалӣ аз тарафи мутахассисон...
Воқеияти замони муосир аз он дарак медиҳад, ки ҷаҳон аз умумиятҳои мухталифи миллию этникӣ иборат аст. Муносибат ва равобити байниҳамдигарии онҳо аз зумраи муҳимтарин унсури воқеияти иҷтимоию сиёсӣ ба ҳисоб мераванд. Авҷи равандҳои ҷаҳонишавӣ ва дар ин пайвастагӣ тағйирот ва дигаргуниҳои иҷтимою сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангӣ дар миқёси ҷаҳонӣ боиси муҳоҷирати васеи мардум, кӯчидан, омехта шудани умумиятҳои гуногуни...
Дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зумрае аз устодону кормандони кафедраи ҳарбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданд. Подполковник Маниёзода Давлат Мурод, сардори сикли (бахш) тайёрии умумиҳарбӣ ва подполковник Мирзокаримзода Алишер Мирзовалӣ, сардори сикли тайёрии махсус бо медали ҷашнии “25-солагии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”...
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳочӯбаи Созмони Ҳамкории Шанхай бо Федератсияи Россия равобити мустаҳками сиёсӣ ва дӯстонаро пеш гирифтааст. Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ бо Россия мавқеи муҳим дорад. (Абдунаби Сатторзода. Таджикистан и современный мир /Вестник/. Душанбе: 2006, №3. С-17.) Дар муносибатҳои байналмиалалиаш Ҷумҳурии Тоҷикиситон Россияро шарики стратегии худ мешуморад. Солҳои охир байни Тоҷикистон ва Россия робитаҳои иқтисодӣ, ҳарбӣ, таъсиси корхонаҳои...
Яке аз самти муҳими Созмони Хамкории Шанхай мусоидат ба ҳамкориҳои самарабахши давлати аъзои Созмони Хамкории Шанхай дар соҳаи сайёҳӣ якқатор корҳо ба сомон расонида шудаанд. Соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти СҲШ мебошад, дар фазои ин созмон беш аз 140 мавзеъҳои фарҳангию таърихӣ ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомиланд. Роҳи Абрешим...
Боиси сарфарозист, ки дар давраи 20 соли фаъолияти худ Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ҳамчун як ташкилоти минтақавӣ роҳи ташаккулёбии худро бомуваффақият тай намуда, дар байни сохторҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи сазоворро ишғол намудааст. Дар ин муддат Созмон тавонист, ки тамоми масъалаҳои рӯзномаи байналмилаливу минтақавиро аз сиёсат то амният, иқтисодиёт то ҳамкории гуманитарӣ фаро гирад. Фаъолияти СҲШ...
9 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар тантанаҳои бошукуҳи идонаи ҷашни 30 - юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, ки дар “Наврӯзгоҳ” - и пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.
Ҳамватанони азиз!Ҳозирини гиромӣ! Нӯҳуми сентябр барои мардуми куҳанбунёд, фарҳангсолор ва шарафманди тоҷик яке аз санаҳои сарнавиштсози таърихӣ ва лаҳзаҳои хушбахтиву сарбаландӣ мебошад. Халқи азизи Тоҷикистон сиюмин солгарди истиқлолу озодии кишвари маҳбуби худро бо эҳсоси саршор аз ифтихори ватандорӣ таҷлил менамояд. Зеро истиқлоли давлатӣ...

Dear compatriots,Honorable guests,Ladies and Gentlemen, September 9 is a historical and landmark date and a moment of happiness and high dignity for the ancient, creative and glorious Tajik people, who highly values culture. The noble people of Tajikistan celebrate the 30th anniversary of their independent, free and beloved country with an...
Cӣ сол пеш миллати  куҳанбунёду соҳибфарҳанги тоҷик ба дастоварди муқаддасу таърихӣ - Истиқлолияти давлатӣ мушарраф гардид, ки ҳоло мо бо ҳисси ифтихору сарфарозӣ 30-юмин солгарди онро ҷашн мегирем. Хосияти ҳар як ҷашн, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки моро ба таҳлилу ҷамъбаст ва  натиҷагириҳои  рўйдодҳои гузашта, мушаххас сохтани вазифаҳои имрўза ва чашмандозӣ ба оянда водор мекунад.  Аз ин нигоҳ  Истиқлолияти давлатӣ...

Эълонҳо